07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНҲОИ ДУЮМ СОҲИБМАЪЛУМОТАНД

            Ба гуфтаи номбурда, ташкилоти «Рушд», ки дар шаҳри Қурғонтеппа ба қайд гирифта шудааст, ахиран ба манзури пайдо кардани иттилои бештар дар мавриди занҳое, ки дар оила аз онҳо ҳамчун зани дуюм ном бурда мешавад ва мардҳое, ки соҳиби чанд ҳамсар ҳастанд, пурсишеро роҳандозӣ кардааст.

            Ҷаноби Маҳмадов меафзояд, пурсиш дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар миёни 500 нафар (мутаносибан 250 зан ва 250 мард) аз мардоне, ки соҳиби бештар аз як зан ва занҳое, ки ба мардҳои соҳиби оила ба шавҳар баромадаанд, гузаронида шудааст. Ба гуфтаи номбурда, мутахассисони ин ташкилоти ҷамъиятӣ чунин афродро аз қабл мешинохтанд ва бе парда ба суолҳои мавриди назари худ посух гирифтаанд.

            Гуфта мешавад, аксари занҳои «дуюм» ё «сеюм» ба иллати дар синни навҷавонӣ ба шавҳар набаромадан, бо гузашти чанд соле аз навҷавонӣ маҷбур шудаанд, ки ба мардони зандор бирасанд. Дар ҳамин ҳол, 33,6 дарсади занҳои пурсидашуда, дар ҳоле «зани дувум» шуданд, ки қаблан шавҳар надида будаанд.

            Ин пурсиш мушаххас кардааст, ки дар Тоҷикистон мардони чаҳорзана низ будаанд. Ҳамчунин, танҳо 3 дарсади пурсидашудаҳо бо иродаи волидайн ва 97 дарсади дигар бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла бо хоҳиши худ зани «дуюм» ва «сеюм» шудаанд.

            Юсуф Маҳмадов мегӯяд, дар рӯзҳои наздик мушаххасоти комили ин пурсиши сотсиологӣ нашр хоҳад шуд.

            Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон бисёрникоҳиро манъ карда, барои мардони дузана муҷозот таъйин намудааст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, мардони бисёрзана ба хотири гурез аз ҷавобгарӣ занҳои дуюму сеюми худро ошкор намекунанд.

Ёқуб Ҳ.

:.  Иҷтимоъ 11.10.2012 06:22 2379

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz