.
Ба назар мерасад, ки доираи масъалагузориҳои бонувон ҷиддитар гашта, акнун роҳи ҳалро низ нишон медиҳанд.
Клуби мубоҳисавии занон (КМЗ) соли 2005 дар назди созмони ҷамъиятии «Зан- интихобкунанда» таъсис ёфта, то ин дам фаъолияти густурдае дорад. Ба ҳайати он намояндагони занон аз парлумон, Дастгоҳи иҷроияи Президент, хабарнигорон ва аъзои ҳизбу ҷамъиятҳои гуногун шомиланд. То имрӯз дар ин доира бо занони сокини шаҳри Душанбе ва маҳаллаҳои атрофи он нишастҳои зиёде доир шуда, мушкилоти ҳаёти бонувон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.
Аз моҳи марти соли ҷорӣ ба ин тараф бошад, 8 мулоқоти аъзои КМЗ дар 8 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид, ки вакилбонувон аз Маҷлиси намояндагон, бо нияти баъдан мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти занон, дар онҳо ширкати фаъол доштанд.
Раъно Охунова, сарвари созмони «Зан - интихобкунанда» мегӯяд, аслан мақсади таъсиси ин клуб ба ҳам овардани занони гуногунандеш, новобаста аз мавқеи сиёсӣ, мансабу мақом ва макони зисту фаъолият аст:
– Муҳимаш онҳое бошанд, ки андешаи пешрафти Ватанро доранд. Идеяи таъсиси чунин як клуб, ҳам ба хотири саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи занон ва ҳам рушди ҳаёти сиёсиву иҷтимоист, - мегӯяд ӯ.
Тоҷикобод: Хушунати оилавӣ ҳам ҷиноят аст!
Мамлакат Ҷайчиева, узви Ҳизби демократи Тоҷикистон зикр мекунад, ки мақсади сафари аъзои клуб ба навоҳии Тоҷикободу Рӯдакӣ таъсиргузорӣ рӯйи ҳалли мушкилоти занон буда, шомил гаштани вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин гурӯҳ умедворкунанда ба назар мерасад:
- Зеро ба ин восита садои қалби занони маҳал шунида мешавад. Масалан, бонувони ноҳияи дурдасти Тоҷикобод аз иштироки вакили Маҷлиси намояндагон Сабоҳат Муқумова ва бонувони ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳузури Галия Рабиева истифода намуда, оид ба масоили мавқеи зан дар ҷомеаи демократӣ, талаби риояи ҳуқуқи зани деҳот, мушкилоти таҳсили духтарон, таъсиси мактабҳои лидерӣ ва омӯзиш додани бонувони маҳал дар чунин курсҳо, ҳамчунин мушкилоти ҳалталаби занон масъалагузорӣ карданд. Ширкатдорони маҳфилҳои мубоҳисавӣ дар ҳар ду ноҳия ҳатто масъалаи тартиб додани стратегияи рушди занонро ба миён гузоштаву хостори он гаштаанд, ки барои солҳои баъдӣ низ онҳо аз нақшаҳои Ҳукумат барои пешрафти бонувон қаблан огоҳ карда шаванд.
Воқеан, мушкилоти бекорӣ дар ин ду ноҳия занони маҳалро хеле нигарон кардааст. Аз ин ҷост, ки бонувон масъала гузошанд, то аққалан бо ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагиву пазандагӣ бархе аз онҳоро бояд аз проблемаи бекорӣ раҳоӣ бахшид. Вале гурӯҳи дигари занон бар ин назаранд, ки онҳо набояд танҳо ба ин ду ҳунаре, ки қариб ҳар як духтари тоҷик то хонадоршавӣ аз модари худ ҳам онро омӯхта метавонад, қонеъ гарданд. Зеро дар як деҳа ду-се дӯзанда кифоя асту ҳунари пазандагӣ на ҳамеша дар маҳал харидор дорад.
Падидаи дигари хуб ин аст, ки акнун хушунати хонаводагиро бонувони деҳот чун қонуншиканӣ пазируфта, ба сифати мушкили ҳалталаб масъалагузорӣ мекунанд. Онҳо ҳоло пешниҳод доранд, ки қонуне дар бораи манъи хушунати хонаводагӣ ҳарчи зудтар аз ҷониби Парлумон бояд қабул гардад ва онҳое, ки такроран ба ҳамсарон ҷабру зулм месозанд, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Масъалаҳои камбизоатии занони деҳот, эътироф накардани ақлу заковати бонувон ва ба онҳо эътимод накардан аз ҷониби масъулини ҳукуматҳо, риоя нагаштани ҳуқуқҳои ҳамсарон дар тақсими амвол баъд аз талоқ, бе манзили зист мондани омӯзгорони ҷавон ва ба ин сабаб тарки деҳот кардани эшон, дар чунин маҳфилҳои мубоҳисавӣ ба баҳс кашида шуданд, – гуфт Мамлакат Ҷайчиева.
Кӯлоб: занонро ба қайди хонаи шавҳар монед!
Дар шаҳри Кӯлоб низ баргузории маҳфил, ки бо ширкати вакилбону Бибииззат Афзалшоева доир гардид, як қатор мушкилоти занони минтақаро ошкор кард. Шамъигул Аминова, узви КМЗ, зимни сӯҳбат мушкилоти гуфташударо чунин гурӯҳбандӣ намуд:
– Ҷорӣ кардани дарсҳои маърифати оиладорӣ ва таълими меҳнатро бонувон чун масъалаи раҳоӣ ёфтан аз мушкилоти бекорӣ арзёбӣ месозанд. Бонувони ин минтақа на танҳо омӯзиши маърифати ҳуқуқиро барои хеш зарур мешуморанд, ҳамчунин дарёфти маълумоти бунёдиро оиди бахши кишоварзӣ ва ҳуқуқи оилавӣ низ чун нуқтаи муҳими ҳаёти хеш қайд кардаанд. Зеро то ҳанӯз барои занони кӯлобӣ масъалаи дар қайди хонаи худ (яъне хонаи шавҳар) будан, чун проблемаи ҳалталаб боқист. Занони синни нафақа нигаронӣ аз он доранд, ки камии нафақа ба мушкили зиёди пирӣ боз як масъалаи дигар- дастнигарӣ пеши келину домод ё фарзандонро бор мекунад.
Бонувони ин минтақаро камии машваратхонаҳои ҳуқуқӣ ва набудани китобхонаҳои бачагона ба ташвиш меорад. «Дар айни ҳол китобхонае, ки зиёда аз 40 ҳазор нусха китоб дорад, дар хонаи истиқоматӣ дар ҳолати ногувор қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ барои наврасон ғайриимкон аст. Дар ҳоле, ки ин мушкил барои даҳсолаҳои дигар ба наслҳои оянда таъсири манфӣ мерасонад, то имрӯз чорагаре пайдо накардааст», – бармеояд аз суханронии директори китобхонаи кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб дар ин маҳфил.Бонувон ҳамчунин гила аз он карданд, ки телевизионҳо то ҳол аз ҳаёти занони деҳот ягон барномае таҳия накардаанд, ки зиндагии ҳақиқии онҳоро инъикос намояд.
Қӯрғонтеппа: Ба мардҳо низ хушунат мекунанд!
Дар мизи мудавваре, ки КМЗ 15 –июни соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир намуд, 38 нафар занону духтарон аз шумули вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, раисони маҳалла, донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд. Зебо Мансурова, раиси «Ургутмаҳалла» аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки зимни пешниҳоди номзадҳо ва дигар масоили марбут ба интихобот худи занон камҳавсалаанд. Ин аст, ки аз 32 вакили маҷлиси маҳаллӣ танҳо 8 нафар зан аст, ки ин 25%- ро ташкил медиҳад. «Мо ҳатто барои мубориза ба 30 фоизи овозҳо ҷуръат намекунем»– гуфт ӯ.
Ба андешаи Моҳинисо Алиева ҳанӯз ҳам мушкилоти аз таҳсил дур мондани духтарон, хушунат нисбати занону духтарон, ба ҳодисаҳои номатлуб даст задани духтарони ҷавон дар шаҳр, аз масоили боиси нигаронист. «Кас шаб дар назди дискоклубҳо анбӯҳи духтарони ноболиғро дида, ба ташвиш меафтад, зеро танҳо дар 6 моҳи соли равон 4 духтари ноболиғ даст ба худкушӣ задааст. Вале корҳои фаҳмондадиҳӣ хеле суст ба роҳ монда шуда, занони шаҳр аз мавҷудияти аксари қонунҳои ҳимояткунандаи ҳуқуқи хеш ҳатто огаҳӣ надоранд», – аз ҷумла қайд намуд мавсуф.
Светлана Ручко, муаллимаи мактаби рақами 2, баръакс изҳори нигаронӣ аз гирифтории мардон ба хушунати хонаводагӣ дошт. «Фишор дар хонавода нисбати мардон зиёд шудааст. Шавҳарон барои аз таънаву маломати занҳо халос шудан ба муҳоҷират мераванд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа чанд худкушии мардон маҳз бо ҳамин сабаб сурат гирифт. Бекории занон ба ҷангу ҷидол на танҳо дар хонавода, балки ҳатто ба занозаниву кашмакашҳо дар кӯча овардаасту бонувон аз тарбияи фарзандон торафт дур мегарданд», – бо таассуф қайд месозад, муаллима.
Хатича Алиева аксари мушкилоти занонро аз сабаби ба захоири иқтисодӣ даст надоштани бонувон марбут медонад. Сатҳи пасти иҷтимоӣ ба муносибатҳои носолими оилавӣ, зӯровариву хушунат дар хонадон, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва даст задани ҷавонон ба корҳои номатлуб бурда мерасонад. Бисёрзанӣ дар шаҳр афзоиш ёфта, духтарони ҷавон бо фарзандони ноболиғ дар кӯча мемонанд. Мақомоти судӣ бошад, аксаран масъалаҳоро ба манфиати мардҳо ҳал месозанд, ки ин бевосита ба поймол шудани ҳуқуқи занон мусоидат мекунад, –изҳори ташвиш дошт мудири китобхонаи марказии вилоят Х. Алиева.
вакилон дардҳои занонро шуниданд
Аҳли нишаст аз он ки нозирони минтақавии милитсия зимни муроҷиати занон перомуни масъалаҳои марбут ба хушунати оилавӣ нисбати занон хеле дағалона муносибат мекунанд, шикоят намуданд. Зеро ин навъи муносибат барои муроҷиат дар мавриди ҳимояи ҳукуқ, бонувонро дилсард гардонида, бовари эшонро ба беҳуқуқ будани зан дар ҷомеа афзоиш медиҳад. Вале мардонро баръакс воқеияти беҷазо будани зулму озори занон боз «шердилтар» мегардонад.
Омӯзгор Нигина Забироваро низ масъалаи бетарафии волидон нисбати таҳсил ва иштироки фарзандонашон ба дарсҳо сахт ошуфта кардааст. «Баъзе волидон он қадар шуурнокии паст доранд, ки ба ҷойи дастгирии мактабу муаллим, боз тарафи фарзанди беодобу беинтизоми худро гирифта, бешармона мегӯянд: «Хуб мекунад фарзандам, хоҳад ба мактаб меравад, нахоҳад не!» Ин бетарафии волидон ва аз ҳад зиёд эрка кардани фарзандон на танҳо боиси коҳиши ахлоқ, дур мондани онҳо аз таълим мегардад, балки завқи устодонро низ нисбати тарбия мекушад. Дар натиҷа, бепарвоӣ ва бесаводӣ ташаккул ёфта, молпарастиву ҳирс миёни ҷавонон ривоҷ меёбад. Ин сабаб мегардад, ки пошхӯрии оилаҳои ҷавон бо сабабҳои ночиз ва баҳонаҳои беасос, афзоиш ёбад. Духтарон аксаран аз оиладорӣ маънии соҳиби зару зевар шуданро мефаҳманд,ки ба ин ҳама волидон айбдоранд, – андеша дорад мавсуф.
Қобили тазаккур аст, ки ин ҳама мушкилоти занон дар ин ҷаласаи КМЗ бо ширкати вакили Маҷлиси намояндагон Саодат Амиршоева иброз гардида, ҳозирин мӯътақиданд, ки огаҳии ин вакилбону дар ҳалли ҳар чи зудтари мушкилоташон мусоидат хоҳад кард.
Аз ин мебарояд, ки аз ин пас бархе аз вакилон, хоса вакилзанонро бо бехабарӣ аз ҳоли интихобкунандаҳо мутаҳҳам кардан мумкин нест. Вале саволи дигар ҳамоно кушода боқӣ мемонад: онҳо барои ҳалли мушкилоти интихобкунандагони хеш чӣ роҳе меёбанд?
Ҳ. юсуфӣ