Чанде қабл миёни ҳамсояҳо дар иртибот ба сатрпӯшии маъмулӣ ва нав ё ба қавле мудерн баҳс ба дарозо кашид. Вақте якдигарфаҳмӣ аз байн рафт, тарафҳо бо баланд намудани садо ҳақ будани худро тасбит карданӣ мешуданд.
Ҳоло хонандаи гиромӣ, новобаста ба анҷоми баҳси ҳамсояҳо пиромуни сатр мехоҳам туро ба ин суҳбат бикашам. Мехоҳам аз ту бипурсам, ки оё ин тарзи либоспӯширо қабул дорӣ ё хайр?
Суоле эҳтимолан аз мо посух меҷӯяд: ин падида чӣ гуна ба фарҳанги миллии мо ворид гардид ва чаро баъзе занҳо ба ин зудӣ онро пазируфтанд? Агар ба таърихи ин вожа рӯ биорем, он аз калимаи «фаранг», яъне Афранг –Аврупо ва пасованди ӣ иборат аст ва ба фарҳанги мо дар қарни 19 ворид гардидааст. Дар Аврупо занҳои доро ва дарбор вақте ба хиёбон мебаромаданд, ба хотири ҳифзи пӯсти рӯй аз офтоб ба сари худ тури сиёҳ ва ё сафед мекашиданд. Яъне иллати нахустини пайдо гардидани фаранҷӣ ҳифозати рӯй аз нурҳои офтоб буд. Баъдан, бо гузашти солҳо бонувони аристократ ба хотири фарқ кардан аз мардуми оддӣ намудҳои гуногуни онро аз матоъҳои раногоранг таҳия сохта, ба рӯй мекашиданд.
Дар қарни 19 дар аморати Бухоро занҳои дарбор дар пайравӣ ба Аврупо аз чунин тарзи либос истифода менамуданд, аммо бо гузашти вақт ин падида ранги мазҳабӣ касб намуд ва занҳои оддӣ низ дар шаҳрҳои бузург, аз қабили Бухоро, Самарқанд ва Тошканду Шаҳрисабз ба хотири пинҳон доштани чеҳра аз чашми ғайрмаҳрам аз сатр истифода карданд. Аммо ин тарзи либоспӯшӣ бештар дар кишварҳои Араб ва Туркия роиҷ гардид. Дар Бухорои шарқӣ, яъне Тоҷикистони имрӯза бонувон аслан аз фаранҷӣ истифода намекарданд. Онҳо барои пинҳон кардани мӯи сар аз рӯймолҳои гуногун истифода менамуданд. Бонувони солхӯрда рӯймолҳои калон ва ҷавондухтарон рӯймолҳои хурд ба сар мегузоштанд. Новобаста ба бесаводии саросарӣ дар асрҳои гузашта мардуми тоҷик урфу анъана ва суннатҳои миллии хешро ҳифз намуд.
Замони шӯравӣ марум дар интихоби либос озод буд. Дар баробари либоси аврупоӣ либоси миллӣ низ такмил меёфт ва дар ҷомеа мавриди истифода қарор дошт.
Чанд соли охир ҷаҳонбинӣ ва тафаккури мардум тағйири ҷиддӣ кард. Гоҳҳо духтарон миниюбкаҳое мепӯшанд, ки онро ҳатто дар Аврупо бонувони боҳаё намепӯшанд ва баъзан ончунон худро сатрпӯш менамоянд, ки бо диданаш одам ангушти таҳайюр мегазад.
Маъмулан, дар давраҳои гузариш дар ҷомеа падидаҳои мухталиф рӯ мезанад ва ин ҳам як амри таърих аст, вале тайи муддати кӯтоҳ ҳама чиз ба қавле ҷо ба ҷо мешавад. Пас, агар чунин аст, чаро як қисм бонувони мо аз либоси миллии худ даст кашида, ба фарҳанги бегона рӯ меоранд? Оё иллати ин гузариш беҳтар будани либоси аҷнабиён аст?
Фикр мекунам чун ҳар падидаи дигари иҷтимоӣ ин падида низ омилҳое дорад. Агар сари либоси миллӣ андеша намоем, ба чашм мерасад, ки як қисми занону духтарони мо ҳангоми харидории матоъ бештар ба матое рӯ меоранд, ки аз синтетика тавлид гардида, бештар барои пиростани хона ва тирезаҳо мувофиқ асту ба инсон пӯшидани он зарар меоварад. Аммо бо иллати костагии фарҳанг ва надоштани саводу ҷаҳонибинии муосир аксари духтарон матоеро барои дӯхтани либос интихоб менамоянд, ки бо сангҳои мухталиф ороста шуда, ҳамчун пираҳан ба тан чандон мувофиқ нест. Аммо бо вуҷуди қашшоқ будан, аксари занҳо қарз гирифта ба худ чунин матоъ мехаранд ва дар ҷашнҳову идҳо онро ба бар менамоянд.
Сабаби интихоб намудани доманҳои (миниюбкаҳо) кӯтоҳ низ надоштани саводи казоӣ ва камфарҳангист. Зеро бонуи тарбиятдида доманеро интихоб менамояд, ки барои анҷоми кор ва ё роҳ рафтан мувофиқ бошад. Илова бар ин, либос бояд ба суннатҳои миллӣ мувофиқ бошад. Шарму ҳаё гавҳарест ноёб. Аз ин рӯ, интихоби либос бояд ба меъёрҳои пазируфташудаи инсоният мувофиқат намояд.
Агар дар мавриди сатрпӯшии қисме аз бонувон суҳбат намоем, он ҳам бояд ҷавобгӯйи меъёрҳои пазируфта бошад. Сабаби аслии пӯшидани сатр мастур будан аст, яъне дар ин маврид зане сатр мепӯшад, ки мӯй ва рӯйи вайро марди бегона набинад. Аммо аксари духтарони сатрпӯши имрӯза ончунон чеҳраи худро «пардоз» менамоянду «қошу чашм мекашанд», ки ҳар марди аз паҳлуяшон гузашта, ҳатман ба онҳо «таваҷҷуҳ» зоҳир менамояд. Тазодро бинед, агар зан мехоҳад мастур бошад, пас чаро чеҳраашро ба чунин тарз пардоз мекунад? Оё чунин рафторро ҷуз костагии ахлоқ дигар чиз метавон унвон кард? Илова бар ин, имрӯз дар атрофи аксари занҳои сатрпӯш сару садоҳои зиёд аст. Ба бар кардани либоси сиёҳу сатр ва хиёбон баромадан ба хотири танфурӯшӣ зиёд ба назар мерасад. Ин рафтори баъзе занону духтаронро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Тарзи мудерни танфурӯшӣ? Ва ё мубориза алайҳи ислом? Оё чунин занҳо дониста ҷомеаи исломиро доғдор мекунанд? Ё сабабҳои дигаре ҳаст, ки мо намедонем?
Дар замони ҷаҳонишавӣ аксар миллатҳо ва халқҳои кӯчак фарҳанги худро аз даст медиҳанду бо миллатҳои бузург омехта мегарданд. Таърих мисолҳои зиёд дорад. Аммо Ҷопон бо ҳама пешрафтҳои иқтисодӣ ва техонологӣ тавонист худро ҳамчун як кишвари бофарҳанги Осиёӣ ҳифз кунад. Миллати тоҷик ҳам тайи таърих, фарзандони зиёди фарзонаи худро аз даст доду теғи Чингизхон ва Темури ланг натавонист фарҳанги волояшро аз байн барад. Ҳар қавму миллате, ки бо лашкари азим омаду бар сари тоҷик тохт, дар муддати кӯтоҳе забонашро пазируфту шефтаи фарҳанги асил ва қадимааш гардид. Наход имрӯз бо дасти худ фарҳанги аҷнабиро бипазирему аз суннатҳои воло даст бикашем?
Вақти он расидааст, ки дар бахши маориф сармоя гузорему ба донишандӯзии насли нав таваҷҷуҳи бештар намоем. Зеро инсони босаводу фарҳехта ҳеҷ вақт русуми хешро бо суннатҳои камарзиши бегонагон иваз нахоҳад кард. Камсаводӣ ҷаҳолат аст ва костани ахлоқ низ аз он сачашма мегирад.
Эмомалӣ Сайидамирзод