Фикр мекардам, ки ҳамин ҳозир ба даст меафтам. Дар як лаҳза аз пеши назарам тамоми зиндагӣ тирвор гузашту ягона духтарамро андешидам, гӯё раъду барқе ба сарам зада бошад. «Наход духтари ягонаи ман, ки аз ин сару савдои модар дараке надорад,миёни роҳ монад...» Дар доми ин андешеҳо аз қатора пойин омадаму ҷавони тануманди қоматбаланде аз дастам қапида, киву чикора буданамро пурсид. Аз тарс дар ҷоям шах шуда мондам. Суханонам аз даҳонам ҳарфакӣ мебаромаданд. Пас аз муддате ҷавон худро шиносонида қотеона талаб кард, ки ба худ ояму натарсам, то аз чеҳраи рангпаридаи ман дигарон чизеро пайхас накунанд. Ҳис кардам, ки ин ҳамон нафарест, ки бояд маро пешвоз мегирифт.
Бо вуҷуди ҳама тарсу ҳарос, ман аз ин кор даст накашидам. Аз Тоҷикистон ба мамолики дигар интиқол додани маводи нашъаовар маро аз меҳнату заҳмати кори шабонарӯзӣ раҳо кард. Дигар дар ду баст, дар коргоҳи давлатӣ кор карданро ба худам раво надидам. Ин тарзи пулкоркунӣ бароям осонтар менамуд. Оҳиста-оҳиста тарсу ҳаросам низ аз байн рафт. Ман, ки аслан ба тоҷик чандон монандие надоштам, дар фурӯдгоҳ ё истгоҳи роҳи оҳан чандон таваҷҷуҳ намекарданду ба осонӣ гузашта мерафтам. Баъдтар нафароне пайдо шуданд, ки барои интиқоли борашон маро то истгоҳи роҳи оҳан ва баъзан то сарҳад роҳбаладӣ мекарданд. Шояд вазифаамро хуб ва арзон иҷро мекардам, ки фармоишгарон зиёд шудан гирифтанд. Ҳар навбат роҳи сафарамро иваз мекардам. Дар чунин роҳ 2-3 бор рафтан хубӣ надорад. Рӯзе аз яке аз онҳое, ки харидори маводи мухаддир буд, суол кардам, чаро онро бо чунин нархи гарон мехаранд? Дар ҷавоби суолам танҳо ҳаминро фаҳмидам, ки онро бо сухан гуфта намешудааст. Ин ҷавоби нашъаманди таҷрибадор бароям чун муаммое боқӣ монд. Аз ин пас таваҷҷуҳам бештару бештар мешуд, ки чаро одамон барои ин мавод маблағҳои ҳангуфт сарф мекунанд. Хок бар сари кунҷкобиву бефаҳмӣ!
Дар як лаҳзаи қулай аз нафаре, ки аллакай чанд маротиба борашро ба манзил расонда будам, ҷавоби ин суолро пурсон шудам. Дар ҷавоб ба ман як бандчаи алафмонандеро дароз карду гуфт, ки онро ба ҷойи сигор дуд диҳам. Воқеан он талхмаззаву дилбеҳузуркунанда буд, вале иштиҳоовар! Пас аз истифода аз сигорҳои худсохти нашъадор ҳар чӣ пеш меомад, бо иштиҳо тановул мекардам. Ҳама чиз ба назарам бомазза менамуд.
Ва ана ҳамин пурхурӣ маро ба дарди меъда гирифтор кард. Пас, бо гузашти андак вақт ба героин гузаштам. То ин дам аз бурдани каме бор ба ҳарос меафтидаму базӯр онро ба соҳибаш мерасондам, вале чун истеъмолашро сар кардам, дигар на аз дидбонгоҳ ҳарос доштаму на аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ.
Ба ин минвол, дар муддати ду сол ба сифати миёнрав ин бори марговарро аз як ҷо ба ҷойи дигар интиқол медодаму аз натиҷааш бехабар будам. Аниқтараш фикр мекардам, ки як навъ маводест, ки ба инсон кайфият мебахшад. Вале ба ростӣ ҳеҷ гумон надоштам, ки инсон бо ҳама тавоноияш пеши ин маводи андак чунин ҳақиру нотавон мемонад. Чун аз беандешагӣ ва аз рӯйи ҳавову ҳавас ба истеъмоли он даст задам, то чӣ андоза даҳшатовар будани онро дарк кардам. Ин ҳодиса дар солҳои 2000-2004 рух дод ва намедонам аз чӣ бошад, ки ба назарам он солҳо кашондани ин бор чандон душвор набуд. Баъдан, дар ин самт корҳо фаъол шуданду дигар аз дидбонгоҳҳо ва дасти милисаҳо ба осонӣ гузашта намешуд. Ҳодисаҳои ба даст афтодани қочоқгарон низ зиёд шуд ва ман бо андешаи он, ки ҳанӯз ба даст наафтодаам, аз интиқоли он даст кашидам.
Вақте аз як бало ба осонӣ раҳо шудам, балои дигаре домангирам шуд. Акнун ба даст овардани маводи мухаддир бароям мушкилиҳо пеш меовард. Ҳарчанд нуқтаҳои фурӯши он ва нафаронеро, ки онро дастрас карда метавонистанд, ба хубӣ медонистаму мешинохтам, вале ин ба ман кӯмак накард. Яқин кардам, ки вақте аз дастат коре намеояд, ба касе лозим намешавӣ. Ба қавле "Ба вақти бенавоӣ ошно бегона мегардад." Чунин будааст зиндагӣ. Замоне маро мекофтанду хоҳиш мекарданд, пул ҳам медоданд, то маводашонро интиқол диҳам. Ман аз гӯшаи он истеъмол ҳам мекардам, мушкилоти ба даст овардани онро надоштам. Вале имрӯз чӣ? Аслан агар ба ин кори нанговар даст намезадам, яъне "транзит" намешудам, яқин аст, ки имрӯз нашъаманд низ набудам.
Тамоми аъзои баданам дард мекард. Дарди ҷонкоҳ ба дараҷае сахт буд, ки аз зӯри он рагҳои дасту поям ба ҳам мепечиду аз ҳаракат боз мемонд. Худро ба чор тараф мезадам. Аз дарди ҷонкоҳ духтарам дар ҳайрат мемонд, бечора намедонист, ки маро ба кадом духтур нишон диҳаду ба куҷо муроҷиат кунад. Билохира, аз ҳамсояҳо фаҳмид, ки ман гирифтори нашъамандиям. Бо вуҷуди ҳамаи ин фарзанд аз модар нагузашт. Духтарам онҳоеро нафрин мекард, ки ба нашъаманд шудани ман мусоидат карданд. Вале ман касеро гунаҳгор намедонам. Охир, пайи ҳавову ҳавас рафтаму худро гирифтори ин даҳшат кардам. Акнун фаҳмидам, ки чаро мардум бо ин қадар пули зиёд ин маводро харидорӣ мекардаанд. Вале наход ҳамаи онҳо мисли ман нафаҳмида бошанд, ки аз ин ифлосӣ даст кашидан осон нест.
...Дари даромади беморхонаи наркологӣ кушода шуду садои шинос ба гӯшам расид.
-Модарамро ҷеғ занед, ҳолаш хуб аст? Ин садои бароям ниҳоят азиз, садои духтарам буд, ки дар вақти муайян, чун ҳама рӯзҳои дигар ба хабаргирии ман омада буд. Боз косаяки хӯрок дар дасташ, хаставу маъюс маро ба оғӯш кашидаву дилбардорӣ мекунад, ки сабур бошам. Ҳатман ин дафъа сиҳат мешавам, такрор мекунад ӯ. Аз дур шавҳараш дар даст духтарчаи дусола бо ишораи сар салом медиҳаду наздик омадан намехоҳад. Аз ман ҳазар мекунад. Ҳоли духтарам бо ӯ чӣ мешуда бошад? Ҳамеша зери таънаву маломат аст, ки модари нашъаманд дорад. Кӯшиш мекунам ҳамроҳаш дар ҳавои тоза каме нишаста суҳбат кунам, вале чизи дигаре маро аз ин сӯҳбату нишастанҳо боз медорад. Сари чӣ мавзуъ бо ӯ гап занам? Нақл кунам, ки чӣ гуна нашъаманд шудам ё ба захми ҳанӯз шифонаёфтааш боз намак пошам, ки ман хонаву дари ободамро ба нашъа иваз кардам? Ёдовар шавам, ки хонаи сеҳуҷрагиамонро бе иҷозати ӯ фурӯхтаму ҳарду дар берун, сари чорроҳа мондем? Шояд аз он ёдовар шавам, ки ӯро ҳамсояҳо ба шавҳар додаву ҷиҳози арӯсиашро ҷамъ карданд ва ман модар шуда натавонистам ба ӯ меросе ба ҷуз аз доғи нашъамандӣ гузорам? Одамон аз ояндаи худу орзуву ҳавасҳояшон суҳбат мекунанд. Ман ба ӯ ва набераам чиро ваъда кунам? Мабодо, ки чун ҳамеша ваъдаи даст кашидан аз ин кори нанговарро диҳаму боз ба ваъдаам вафо карда натавонам?! Не, беҳтараш аз суҳбату гаштугузор худдорӣ мекунам. Беҳтараш хомӯш меистам, то ҳарчи зудтар ӯ баргардад ва аз дари беморхона берун шавад, то мардум ӯро бо ман камтар бинанду аз аслу насабаш воқиф нагарданд. Охир, ман чӣ модарам, ки боиси ифтихору пайравӣ бошам? Ман касе не, балки чизеям, ки аз ҳама ҷо мондаву ронда шудаам. Худо кунад, ки дигар касе мисли ман қурбони ин маводи марговар нагардад. Ин марги тадриҷист, ки ба касе онро таманно намекунам.
Бароям шояд дар зиндагӣ ин истгоҳи охирин аст. Ман ба қаторае, ки ба ин роҳи нанговар мебарад, танҳо ба як тараф билет харидаам…
PS. Бисёр хоҳиш мекунам номамро ошкор накунед. Аз нашъаманд буданам дигар шарм намедорам, шармсор аз онам, ки чандин нафарро ба ин водии марг тела додааму ба чандин ҷавон марг тақдим кардаам. Охир вазифаи зан - модар офариниш асту созандагӣ аст, на сӯзандагӣ!
Таҳияи Фароруни Сабзқадам