07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИФТИХОР

.

Ин моҳ банда муваззафам, ки паёми хешро бо сари баланд ва пурифтихор ба хонандаи гиромии «Бонувони Тоҷикистон» бирасонам. Бо ифтихори бепоёну хоса аз комёбиҳо ва дасти болои бонувони тоҷик…

Хонандаи ман!

Шаби 15 ба 16–уми августи соли равонро дар хотир дорӣ? Оре, он рӯзеро, дақиқтараш нимашаберо дар назар дорам, ки варзишгарони мо аз Олимпиадаи Лондон баргаштанд. Дидӣ, ки дар баробари масъулини соҳаи варзиш чӣ қадар мардум ба фурӯдгоҳ рафта буд?

            Албатта касе онҳоро ҳисоб накардааст, аммо шоҳидон мегӯянд теъдоди мардум яқинан аз ҳазор нафар кам набуд. Акнун тасаввур кун дар соати яки шаб, агар ҳатто ягон дӯсту пайванди наздикамон ба сафар барояд, бароямон ба фурӯдгоҳ рафтану ӯро гусел кардан ё пешвоз гирифтан душвор менамояд ва аксаран намеравем ҳам. Аммо ҳазорон нафар, ки бо Мавзуна Чориева ягон робитаи хешутаборӣ надоштанд, дар он шаби рамазонӣ маҳз ба фурӯдгоҳ рафтанду қаҳрамони худро рӯ – рӯи даст ба берун бароварданд. Ин нишонаи бузургу таъсиргузори фахри миллист, вагарна дар байни онҳое, ки Мавзунаро пешвоз гирифтанд, тавре гуфтем, на онҳое буданд, ки ба ӯ пайванду робитаи қавмӣ доранд, на инро ягон иқдоми фармоишии мақомот бояд донист. Зеро ба пешвоз баромадану истиқболи Мавзуна воқеан ҳам як иқдоми худҷӯшу самимонае буд, ки дар сафҳаи Фейсбук пайдо шуд ва ҷонибдорони зиёде пайдо кард.

Рӯзи дигараш ҳам, ки шаҳрдорӣ як маъракаи зебои табрикотиро баргузор кард, мардуми зиёде маҳз  ба табрики Мавзуна омаданд. Оре, маҳз барои табрик ва дидани ӯ! Онҳо ин дафъа барои тамошои консерту ҳаҷву мутоиба не, маҳз барои он омада буданд, ки духтари қаҳрамони тоҷикро бубинанд, бо ӯ салом кунанд ва ифтихор намоянд, ки чун ӯ ҳамватан доранд…

Аслан мо зиёд шунидаем, ки тоҷикон танҳо бо гузаштагони худ менозанду ифтихор мекунанд, аммо имрӯз ё касеву чизе надоранд, ки бо онҳо фахр кунанд, ё инро карда наметавонанд. Яъне гӯё дар рагу хуни тоҷик тавоне набудааст, ки ҳунару маҳорати якдигарро эътироф карда тавонад. Фикр мекунам, аз ин пас набояд бо чунин шева масъалагузорӣ сурат бигирад. Ҳамин чанд вақти охир тоҷикон нишон доданд, ки на танҳо мо метавонем ҳунару истеъдоди якдигарро эътироф кунему аз ҳунармандии якдигар ифтихор намоем, балки дигаронро ҳам водор созем, ки тавонмандии тоҷиконаро сарфи назар насозанд. Ин гуна кӯшиш ва натиҷаҳои бадастовардаи он худ арзанда аст, ки акнун дар ин масъала таваҷҷӯҳи бештаре дошта бошем. Яъне эътирофу ифтихор карда тавонистанро бояд ба усулҳои муқаррарии зиндагиву фаъолиятҳоямон табдил диҳем.

Дар ҳақиқат, акнун мо метавонем аз он бонувоне ифтихор дошта бошем, ки кору пайкорашон хату марзҳоро убур кардаву амали неку номи тоҷикро ба он сӯи уқёнусҳо ва ба самтҳои дигари арз бурдаву аз номи эҳё­гаш­таи ин миллати куҳан­бунёд садои табли сараф­рохтагӣ баланд кардаанд. Чун иттилоъ аз сазовор гаштани бонуи фаъоли ҷамъиятӣ ба ҷоизаи «Экватор -2012»-и СММ дарёфтем, тасмим гирифтем, ки аз муваффақияти Муҳаббат Маҳмадалиева дар ин озмуни ҷаҳонӣ бо ифтихор матлабе таҳия намоему ба кулли бонувони кишвар аз ин комёбии бонуи тоҷик иттилоъ бидиҳем. Ё чӣ гуна мешавад аз меҳнату дастовардҳои бонувони рустои Навгилеми Исфара сарфи назар кард, ки бо даст ҳамасола миқдори 200 тонна донаи зардолуро омода карда, дар бозори дохил ва хориҷ харидори зиёде доранд, таҳайюр ва фахр накард?

Аз зӯри бозуи яке ва аз зӯри донишу малакаи дигаре ифтихор мекардем, ки фахри саввуми мо аз хиради волову сулҳофарини занони бадахшӣ пайдо шуд, ки ба майдон баромаданду масъалаи адолату амнияти кишварро дар миён гузоштаву даъват аз қатъи ҳама гуна зӯроварӣ намуданд.

Инак, дар ин моҳе, ки Рамазону имтиҳони имону эътиқодаш мехонанд ва дар ин моҳе, ки паём аз зӯри хирад, бозу ва дониши бонувон буд, таъкидан мегӯем, ки маҳз аз зӯри Бонувон мо паёмҳое дорем ва метавонем бори дигар аз қудрати Зан ифтихор кунем.

Пас биё хонандаи азиз, дар ин ҳамовозӣ бо мо бипайванду бигӯ: «Бонувони тоҷик, муборакбодатон ғолибият ҳам дар хираду нерӯ ва ҳам дар заковату оқилӣ!
:.  Иҷтимоъ 12.09.2012 04:05 2536

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz