– Баҳор дар ноҳияи Носири Хусрав умри кӯтоҳ дорад, – мегӯянд сокинони ноҳия, – вале аз файзи тобистони тӯлонию иқлими гарм маҳсулоти кишоварзӣ дар ин водӣ барвақттар расида, деҳқонони меҳнаткаш зиндагии серу пур доранд.
Мавзӯи «Наврасони ноҳияҳои сарҳадӣ таътили тобистонаро чӣ гуна мегузаронанд?» сабаб шуду мо роҳ гирифтем сӯи ноҳияи Носири Хусрав.
Конфронси истироҳат?
Аз пурсишҳо миёни мактаббачагони ноҳияи мазкур чунин андеша пайдо мешуд, ки гӯё мафҳуми истироҳатгоҳу фароғатгоҳ барои насли навраси навоҳии ҷануби Тоҷикистон бегона аст. Ҳатто корманди собиқадори шӯъбаи маорифи ноҳия Чорӣ Дурманов, ки як муддат мудирии шӯъбаи маорифи ноҳияро ба ӯҳда дошт, ба суоли «Оё мактаббачагони ноҳия ба фароғатгоҳҳои берун аз ноҳия роҳхат меёбанд?» чунин посух гуфт: «Албатта, нимаи дувуми соли хониши гузашта толибаи мактаби №18 ҳамроҳи мо дар як конференсия дар шаҳри Норак ширкат дошт…»
Масъулини шӯъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав мегӯянд, ки дар мавсими имсолаи таътил бояд 2560 нафар хонанда ба истироҳатгоҳҳои тобистонаи наздимактабӣ фаро гирифта шавад. Аммо аз сабаби дер ҷудо шудани маблағ, лагерҳои тобистона каме бо таъхир оғоз мешаванд. Барои шиносоӣ аз вазъи воқеии рӯзгори мардум мо ба деҳаи наздисарҳадии Арабхонаи Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» роҳсипор шудем.
Пайки хуше, ки аз сокинони деҳаи Арабхона шунидем, ин бунёди боғчаи бачагона дар маҳаллаи онҳо буд. Шаҳло Саидмуродова, мудири муассисаи томактабии №13, мегӯяд, ки эҳсоси хушнудии мардуми деҳаро аз бунёди боғчаи бачагона бо сухан гуфтаву дар дафтар навишта намешавад. Бунёду фаъолияти як моҳи аввали боғчаи бачагона дар деҳа собит менамояд, ки агар дар ҳар деҳа чунин муассисаҳои томактабӣ сохта ба истифода дода шаванд ҳам, боз ҳам кам аст. Зеро фаъол будани муассисаҳои томактабӣ дар деҳот имкон фароҳам меорад, ки кӯдакон дар шароити беҳтар тарбия ёфта, модарони онҳо ба хотири осуда ба фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоӣ пардозанд.
Волидайн зомини меҳнати фарзандон?
Аммо тобистон барои мактаббачаҳои синфҳои болоӣ фасли дӯстдоштанӣ нест. Зеро онҳо таътили тобистонаро дар кори саҳро мегузаронанд. Абдуназар ном як ҷавони фаъоли деҳаи «Комсомол» мегӯяд, ки зомини ранҷу заҳмати тобистонаи мактаббачагон падару модаронашон ҳастанд, ки намедонанд, истифодаи нерӯи фарзандони ноболиғ дар кори саҳро худ поймолкунии ҳуқуқҳои кӯдакон аст. Мутаассифона, мо хоҷагидорони босавод ҳам надорем, ки лоақал меъёри соати кори саҳроро миёни калонсолону ноболиғон фарқ гузошта тавонанд. Ин на ба қонунҳои мавҷуда рост меояд, на ба шариати мусулмонӣ, ки ноболиғон баробари калонсолон рӯзе 8-9 соат дар саҳрои пахта кор кунанд, мегӯяд Абдуназар.
Сокинони деҳаи мазкур иброз медоранд, ки агар дар самти илму касбомӯзии фарзандон камтаваҷҷӯҳии волидайн эҳсос шуда бошад, пас ин маънои онро дорад, ки фаъолияти масъулони соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳал дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Саодат Қурбонова, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, иброз медорад, ки барои пешрафти кор дар соҳаи таълиму тарбия маорифчиёни ноҳия ба дастгирию имтиёзҳои бештар ниёз доранд. Дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон бояд такя ба ҷавонони сокини ноҳия дошт. Зеро вақт нишон дод, ки бештари мутахассисон аз дигар навоҳӣ ба ноҳияи Носири Хусрав барои кору зиндагии доимӣ намеоянд. «Аз ин рӯ бояд барои хатмкунандагони мактабҳои мо миқдори квотаи президентӣ ду баробар зиёд карда шавад», мегӯяд ӯ.
Вақте мутахассис нест…
Мушкили норасоии кадрҳоро дар ноҳия ҷавонон ҳам эҳсос менамоянд. Ба гуфтаи хатмкунандагони мактаби №18 Гулрухсори Ҷамшедзода, Илмира Алиназарова ва Наргиза Ҷӯраева ҳамасола мактаби деҳаро даҳҳо нафар наврасони боистеъдод хатм менамоянд, аммо на ҳамаи оилаҳо имкони ба мактабҳои олӣ дохил кунонидани фарзандонро доранд. Ин аст, ки аз муовини раиси ноҳияву мудири шӯъбаи маориф то хонандагони мактабҳои миёна ҳамагӣ хостори онанд, ки шумораи квотаҳои президентӣ барои хатмкунандагони мактабҳои ноҳия зиёд карда шавад.
– Агар лоақал мо дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ мутахассис медоштем, аз пахтакорӣ ба ҷуз ҳезум, даромади пулӣ ҳам меёфтем, – масъалагузорӣ менамоянд ҷавонон.
– Медонед, ки аз ҳосили пахта чӣ миқдор даромади хуб ба даст меоранд? – мепурсем аз духтарон.
Илмира Алиназарова мегӯяд, ки онҳо солҳо боз ба хотири ғӯзапоя кор мекунанд, зеро роҳбари хоҷагӣ 15 сомонӣ андоз барои ҳар саҳмдори хоҷагиро бо мушкилӣ пардохт мекунад. Мушкили асосии ноҳия норасоии мутахассисон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Бинобар гуфтаи Насиба Ҷӯраева, барои рушди соҳаҳои кишоварзию соҳибкорӣ дар ноҳияи Носири Хусрав, нерӯи корӣ лозим аст, аммо мутахассисони пешбар нестанд. Аз ин рӯ қувваҳои кории мо баромада ба Русия мераванд.
«Ободии ноҳияро аз сарватмандон пурсед!»
– Мушкили дигар дар минтақа канда шудани робитаи мардум аз воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ мебошад, – мегӯяд муаллима Насиба Ҷӯраева. – Азбаски мавҷҳои телевизионҳои ватанӣ то ноҳияи Носири Хисрав намерасанд, манбаи ғизои маънавии мардум шабакаҳои телевизионҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва ҳамакнун як шабакаи нави туркӣ гаштааст.
Барои мо бисёр аламовар ва ҳайратангез буд, вақте аз ронандаи мусофирбаре пурсидем « Ба фикри Шумо чӣ бояд кард, то ноҳияи Носири Хусрав пешрафта бошад?» Посух чунин буд:
– Ин суолро ба одамоне диҳед, ки шароити зиндагиашон хуб асту бояд дар фикри ободию созандагии Ватан бошанд. Аз онҳое пурсида шавад, ки аз сиёсати давлат бохабаранду саҳаргоҳон аз хоб хеста Суруди миллии Тоҷикистонро гӯш мекунанд. Мо чӣ? Фаромӯшшудаҳоем, ки дар як порча замини Тоҷикистон зиндагӣ дорему ҳар саҳар гимни Ӯзбекистонро гӯш мекунем. Моро манқурту фориғ аз фикри Ватан мансабдорони болонишине кардаанд, ки мебоист фазои иттилоотии моро пур мекарданд. Чаро телевизионҳои хонаҳои зебои онҳо Тоҷикистонро намоиш медиҳанду телевизиони кулбаи нимторики ман Афғонистону Ӯзбекистон ва боз чандин шабакаҳои туркиро? Ҳамин ҳоло ҳам, ки дар ин ҷо сабр намуда зиндагӣ дорем, шукр гӯед, вагарна мо ҳам метавонистем, ки ба диёри бобоии худ Кӯлоб, ки моро аз он ҷо кӯчонида овардаанд, баргардем.
Воқеан, зиндагӣ дар ноҳияи Носири Хусрав худ як хидмат ба Ватан аст. Зеро ин ноҳия ягон корхонаи саноатӣ, бозору дигар манбаъҳои пешбарандаи иқтисод надораду таъмини шароитҳои иҷтимоӣ барои аҳолӣ мушкил аст. Аз ин рӯ, на ҳамаи мардуми ба ин ҷо муҳоҷиршуда сабру таҳаммули кору зиндагӣ доранд. Таҷрибаи чандсолаи раванди муҳоҷират ба ноҳияи Носири Хусрав нишон дод, ки танҳо муҳоҷир намудани аҳолии камбизоату миёнаҳол дуруст нест. Зеро аслан ба ин ноҳия то кунун оилаҳое муҳоҷир шуда меоянд, ки худ мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ доранд.
Ба гуфтаи муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав Бозоргул Саидова, дар шароити имрӯзии ноҳия оилаҳои муҳоҷир, агар камбизоат бошанд, боз ҳам қашшоқтар мешаванд. Аммо агар сарватмандон ба ин ҷо ҳиҷрат намуда, ягон намуд фаъолияти соҳибкорӣ, ба хусус, ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва бунёди коргоҳҳои хурдро ба роҳ монанд, сарваташон афзунтар мешавад. «Ман боварӣ дорам, ки агар моҳияти муҳоҷират ба хотири ободии як гӯшаи Ватан ба оилаҳои сарватманд фаҳмонида шавад, аз ҳисоби онҳо ҳам ватандӯстоне ёфт мешаванд, ки ин пешниҳоди моро қабул намоянд. Бубинед, шаҳрвандони кишварҳои абарқудрат барои зиёд намудани нуфузи кишвари хеш дар ин ё он минтақа ба он кишварҳо ҳиҷрат намуда, он ҷойро макони зисти доимию манзили охирати хеш интихоб мекунанд. Чаро ҳамватанони мо барои ободии як гӯшаи диёри хеш чунин фидокориҳо нанамоянд?» - суол мекунад аз ман муовини раиси ноҳия.
Эътироз ё ҳушдор?
Зиндагӣ дар ноҳияи Носири Хусрав мушкилиҳои зиёд дорад. Дар баробари норасоии кадрҳои ихтисосманд, камбудии оби ошомиданӣ инчунин хунукию гармиҳои аз ҳад зиёди мавсимӣ ва шамолҳои харобиовару дигар мушкилот шароити зиндагии мардумро вазнинтар менамоянд. Барои ҷалби муҳоҷирон барои зисти доимӣ ба ин ноҳия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд манзилҳои истиқоматӣ бисозад. Аз тарафи дигар маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ муҳоҷирпулие, ки ба нафарони ба ин ноҳия кӯчанда ҷудо мешавад, ночиз аст. Барои он ки як оилаи ба ин минтақа кӯчида, барои худ шароити зист муҳайё намояд, лоақл 5- 6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода
Бидуни худшиносӣ ва худогоҳӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи нерӯҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳуввият ва сирати миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад буд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
шавад. Зеро дар ин ҷо ба ҷузъ кор дар замин дигар ягон манбаи даромад вуҷуд надорад. Барои заминро истифода бурдан бошад маблағ лозим аст. Хуллас, ин ҳама мушкилу масъалаҳои ҳалталаберо, ки дар як матлаб ифшо кардем, бардошти мо аз сафари якрӯза ба ин ноҳия буд. Агар имкону шароити будубошти якҳафтаина дар ин ноҳияро медоштем, намедонам боз чӣ масоили доғи ин ноҳияи дурдасти сарҳадии кишварро рӯшан мекардем. Мусаллам аст, ки мушкилиҳои иҷтимоии сокинони ноҳияи Носири Хусравро наметавон дар як муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл намуд, аммо «эътироз»-и сиёсии ин мардумро, ки мегӯянд: «Чаро аз телевизори хонадони шумо суруди миллии Тоҷикистон пахш мешаваду аз оинаҳои нилгуни мо «гимн»-и давлатҳои дигар?» натанҳо қобили мулоҳиза аст, балки ҳушдорест, хеле ҷиддӣ...
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ