Амирулло Холов, раиси тозатаъини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, зимни нахустин вохӯриаш бо сокинони шаҳрак иброз дошт, ки «Гулистон»-и харобшударо дар муддати 2-3 соли оянда аз нав ободу зебо кардан имкон дорад, агар худи сокинони он ба ин иқдом таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Алъон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёди ду мактаб ва якчанд бунгоҳи тиббиро дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки «Гулистон» ба роҳ мондааст.
Хотираҳое, ки ба афсона табдил ёфтаанд…
Ҳамсафари мо Сулаймон, ки аёми донишҷӯӣ ба собиқ хоҷагии «Гулистон» пахтачинӣ рафтааст, нақл мекард:
– Мо дар толори варзишии мактаб сукунат доштему вақтҳои фориғ аз пахтачинӣ дар хиёбонҳои сарсабзу ҳуснорои ин шаҳрак сайругашт мекардем...
– Бародар, хотираҳое, ки аз «Гулистон» дорӣ, акнун афсона аст, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ронандаи мусофирбар. – Аз он ободиҳо танҳо деворҳои хароб боқӣ монда, «Гулистон»-и 30 сол қабл обод акнун «Харобаҳои Мадоин»-ро мемонад. Толори варзишии мактаб пури об аст…
Назирхӯҷа Рустамов, директори мактаби №51, иброз медорад, ки муддати 19 сол боз дар мактаб барқ нест. Барои синфхонаи компутерӣ барқро аз «хати сурх»-и маҳалла овардаанд. Мебояд хатмкардаҳои мактаби моро бо квотаҳо барои таҳсил дар факултаҳои кимиё, физика ва риёзии донишгоҳҳои омӯзгорӣ таъмин намуд. Зеро, аз сабаби норасоии мутахассисон, фанҳои дақиқро дар ин мактаб омӯзгорони ғайриихтисос дарс мегӯянд.
Шоистамоҳ Зокирова, омӯзгори ҷавони мактаби №51, мегӯяд, ки азбаски маоши муаллимон талаботи иҷтимоии онҳоро пурра қонеъ намекунад, шахсан ӯ аз рӯи зарурият касби омӯзгориро пеша намудааст. «Манбаи асосии даромадам,- мегӯяд Шоистамоҳ, - ҳунари дӯзандагӣ мебошад. Имкони молӣ надорам, вагарна сехи дӯзандагие бунёд намуда, духтарони деҳаамонро ҳунар меомӯхтам.
«Занҳо, дилатонро бақувват гиред!»
Беморхонаи Ҷамоати шаҳраки «Гулистон» ҳам таъмирталаб аст. Баъзан мешавад, ки бонувони ҳомиладори ҳолашон вазнинро мебояд ба беморхонаи марказӣ, ки 26 километр дур аст, фиристод. «Норасоии обу барқ мушкили беморхонаро дучанд месозад», - мегӯяд ба мо духтури момодоя Наталя Зубанова.
Вақте ҳолати садамавии шӯъбаи таваллуди беморхонаро аксбардорӣ мекардем, бонуе аз мо суол кард:
– Додар, хайр мисол мегирем, агар ҳамсаратонро барои таваллуд ба ҳамин беморхона меовардед, оё розӣ мешудед, ки фарзанди шумо дар ҳамин аҳвол ба дунё ояд?
Ман дар ҷавоб гоҳе ба фарши харобу гоҳе ба дару девори намгирифтаи таваллудхона нигариста хомӯширо авлотар донистам. Момодоя бошад бонувонро тасаллӣ медиҳад, ки «Вақте соати таваллуд фаро мерасад, тифл ризояти мову шуморо интизор намешавад. Дар ин дунё одамон дар роҳу даруни мошину ҳавопаймо фарзанд ба дунё меоранд. Шумо, занон, дилҳотона бақувват гиред, муҳим ҷойи таваллуд не, балки тарбияи минбаъдаи тифл аст».
Ҳар қадар мо дар шаҳраки хароби Гулистон гаштугузор мекунем, ҳамон қадар мушкилу камбудиҳои зиёд ошкор мешаванд. Саҳни ҳавлӣ ва дару тирезаҳои ғуборолудаи бинои Ҷамоати шаҳраки «Гулистон» идораи мақомоти маҳаллӣ будани онро зери шубҳа мегузоранд. Ягона нишонаи мақомоти маҳаллӣ будани бино ҳамон як шиори деворию парчами парафшони болои боми он буд. Баъди як соати интизориҳои мо билохира раиси шаҳраки «Гулистон» Ҷаъфаршоҳ Мирзоев ҳозир шуда, гуфт: «Мебахшед, ки котиби ҷамоат калиди идораро ҳамроҳи худ ба вилоят бурдааст». Мо сӯҳбаткунон дар кӯчаҳои «Гулистон» сайругашт мекардем. Ба гуфтаи раиси шаҳрак дар чанд соли охир вазъи зиндагии мардум беҳтар шуда, муҳити Ҷамоати шаҳраки Гулистон хело обод шудааст. Боғчаи бачагона, ҳамому дигар иншооте, ки ба амволи хусусӣ табдил ёфтаанд, бо мурури замон обод хоҳанд шуд. Аз асари намнокии заминҳои ҳудуди ҷамоат 35 гектар хандақи лимону чандин гектар боғҳо харобу хазон шудаанд. Ба гуфтаи раиси ҷамоат имсол 580 оилаи эҳтиёҷманди Ҷамоати шаҳраки «Гулистон» ба заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин мешавад.
«Кор бо ҷӯрабозиву хотирбинӣ пеш намеравад»
Дар кӯча яке аз фотеҳони водӣ Қурбонгул Амиршоеваи 90 соларо вохӯрдем, ки соли 1932 ҳамроҳи як гурӯҳ ҳамдеҳагонаш аз Дарвоз ба ин ҷо муҳоҷир шудааст.
– Вақте моро ба даште, ки ба ҷузъ хоку хор чизе надошт, оварданд, нафаре номи ин маконро пурсон шуд. Роҳнамои муҳоҷирон ҷавоб дод, ки мо ин биёбонро ба гулистон табдил медиҳему баъдан ягон номи зебояш мегузорем. Аз ҳамон рӯз иборат ин макон номи «Гулистон»-ро гирифт. Ҳамин тавр, мо солҳои сол дар рӯҳияи ба гулистон табдил додани биёбон меҳнат кардем, то ин макон ободу зебо шуд. Аммо дар 10-15 соли охир «Гулистон»-ро харобистон карданд, – таассуф мехӯрад Қурбонгул Амиршоева.
Агар ҳамаи мову Шумо ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа, мушкилоти мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф ва зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Ба гуфти раиси шаҳрак сабабгори харобиҳо корношоям шудани баъзе заминҳо ва руҷӯи ҷавонон ба муҳоҷират, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ аст. Соле чанд мардум бо умеди беҳбудии рӯзгор ба мушкилиҳо нигоҳ накарда заҳмат мекашиданд. Аммо то соли 2005 шаҳраки Гулистон аз мадди назари роҳбарони ноҳия дур монда, мушкилии маҳал рӯз ба рӯз печидатар мешуд. Чунин менамояд, ки масъулини Ҷамоати шаҳрак ҳокими мутлақи «Гулистон» мебошанд, мегӯяд Гулнора Раҳимова, собиқ раиси ин шаҳрак. Қонунвайронкуниҳо дар умури идоракунии мақомоти маҳаллӣ аз соле шурӯъ шуд, ки бо баргузории ҷаласа ва тасвиби қарори ғайриқонунӣ маро аз вазифаи раиси ҷамоати шаҳрак сабукдӯш намуданд. Онҳо фаъолияти 36 солаи маро дар соҳаи хизмати давлатӣ зери шубҳа қарор дода, бо ташкили санҷишу тафтишҳои пайдарпай маро ором намегузоштанд. Худоро шукр, ки имрӯз маро ба ҳоли худ гузоштаанд.
– Ҳоло ки ба ҳайси раиси ноҳия шахси кордон – Амирулло Холов таъйин шудааст, ман боварии комил дорам, ки ҳақро ба ҳақдор мерасонад, - мегӯяд Гулнора Раҳимова. Ба гуфтаи ӯ вақте шаҳрвандон барои гирифтани одитарин ҳуҷҷат аз ҷамоати шаҳрак мушкилӣ доранд, боварию эътимодашон аз мақомоти давлатӣ коста мегардад. Мутаассифона, як сабаби роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтани нерӯи кории мо ҳамин бемасъулиятии масъулини ҷамоатҳои деҳот нисбат ба мардум ва ҳалли мушкилиҳои онҳо мебошад.
Зимни бозгашт аз «Гулистон» мо мунтазири мошини мусофирбар, дар сояи як дӯконе, бо Ромиш ном ҷавони аҷиб ҳамсӯҳбат шудем. «Сабабгори ҳама мушкилиҳои «Гулистон» таъини нодурусти кадрҳо дар идораҳои маҳаллӣ мебошад, -мегӯяд Ромиши мӯзадӯз. – Кор бо ҷӯрабозӣ, хотирбинию хешутаборчигӣ пеш намеравад. Дурӯғгӯию одамфиребӣ ҳиллаву найрангбозӣ як одати маъмулӣ шудааст. Бародар, «Гулистон»-и мо диёри зебое буду ҳамааш аз дасти ҳамин раисҳои шаҳракамон хароб шуд. Мардуми оддӣ заҳматкаш буд, заҳматкаш мемонад, пешравии ҷамъият бошад аз роҳбарҳо низ вобаста аст, - мегуфт Ромиш.
Мисли Ромиши мӯзадӯзу Шоистамоҳи ҳунарманд, Бибӣ-Қурбонгули нафақахӯр Меҳринисои омӯзгор, Сайфиддини барқчию устоди аҳли шаҳрак Мирзо Маҳкамов ва даҳҳо нафар сокинони худогоҳи ин шаҳракро андешаи беҳбудии зиндагии мардум ва ободии «Гулистон» қарор намегузорад. Аммо барои аз сари нав «Гулистон»-ро ба гулистони ҳақиқӣ табдил додан, барои ин мардуми дар фикру зикри ободии диёрашон роҳнамое лозим аст. Ҳанӯз пеш аз сафар ба Ҷамоати шаҳраки «Гулистон»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ раиси ноҳия Амирулло Холов, сухани хубе гуфта буд: «Биравед, бо чашми худ бубинеду бо мардум ҳамсӯҳбат шуда, ҳақиқатро нависед. Аммо барои «Гулистон»-ро ба гулистони 30 сол пеш ва беҳ аз он табдил додан мо ба ҳамдилию дастгирии мардуми шарифи ҳамин маҳал ниёз дорем. Зеро дар пайи расидан ба ҳадафҳои пешгузошта нерӯву дастгирии мардуми диёр ва ақлу заковати ҳар нафар сокини ин шаҳрак як нақше бозида метавонад».
Хулоса, «Гулистон»-и дар гузашта беҳтарин шаҳраки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имрӯз як ҳоли табоҳ дорад. Аммо аз сӯҳбат бо масъулини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва аҳли Ҷамоати шаҳраки «Гулистон» бармеояд, ки мардум пешниҳоди раиси ноҳияро ба хушӣ пазируфтаанд, танҳо мақсаду ҳадафҳои пешгузоштаро дар амал иҷро бояд кард. То куҷо роҳбарон ва фаъолони «Гулистон» орзуву ормонҳои мардуми худро амалӣ менамоянд, насиб бошад, баъди ду сол мебинем…
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ