Аммо ба андешаи коршиносон дар ин шабу рӯз баландшавии арзиши маҳсулоти кишоварзӣ баъзе аз рақамҳои омории пешниҳодкардаи ин ниҳодро зери суол мебарад.
Сиҷоуддин Исроилов, муовини вазири кишоварзӣ барои баланд рафтани нарху наво дар бозор чанд омили дигарро таъсиррасон арзёбӣ мекунад:
– Як сабаби баландшавии нархи картошка ба пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе – Чанак рабт дорад. Мо медонем, ки бозорҳои пойтахтро бо картошка асосан деҳқонони навоҳии Мастчоҳи куҳӣ ва Ғончӣ таъмин мекунанд. Онҳо маҷбуранд тавассути роҳи пулакӣ маҳсулоташонро вориди Душанбе созанд. Ба ҳисоби миёна барои ҳаракати як мошини боркаш танҳо аз як тараф ҳазор сомонӣ маблағ сарф мешавад. Болоравии арзиши маводи сӯхт, тухмӣ, доруҳои минералӣ низ ба нарху наво таъсир мерасонад, – мегӯяд номбурда.
Чаҳор сабаби як мушкил
Муовини вазир ҳамчунин илова намуд, ки нисбати соли гузашта имсол арзиши коркарди заминҳо тавассути техникаи кӯмакрасон аз 50 то 150-200 сомонӣ боло рафтааст. Ба гуфтаи С.Исроилов бо назардошти чунин харроҷотҳо агар деҳқон як кг картошкаро 2 сомонӣ нафурӯшад, аз маҳсулоти истеҳсолнамудааш фоидае ба даст оварда наметавонистааст. Бар замми ин картошка аз дасти деҳқон ба соҳибкор, аз ӯ ба фурӯшанда гузашта, дар натиҷаи гардиш нарх ҳам гаронтар шуда, бо нархи 2 сомониву 50 дирам, 2 сомониву 80 дирам то дасти харидор мерасад.
– Илова бар ин солҳои пеш бонкҳо ба соҳаи кишоварзӣ то 40 миллион сомонӣ қарз медоданд, имсол бошад сандуқи қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ ҳамагӣ 10 миллион сомониро ташкил додаасту халос, - қайд кард муовини вазири кишоварзӣ.
Ба андешаи муовини вазири кишоварзӣ як сабаби дигари баландшавии нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ ин аз коҳиш ёфтани теъдоди бозорҳои калон дар Душанбест. Баъди аз байн бурдани бозорҳои «Зарнисор», «82», «Профсоюз» фурӯши маҳсулоти кишоварзиро аксар мағозаву марказҳои тиҷоратӣ бар ӯҳда гирифтаанд. Маълум аст, ки назар ба бозор дар ин гуна ҷойҳои фурӯш нархи маҳсулот хеле боло бурда мешавад.
– Зимни гузаронидани як рейди муштарак масъулини марказҳои тиҷоратӣ гуфтаанд, ки онҳо хароҷотҳои зиёде аз қабилӣ: музди меҳнати фурӯшандаҳо, андоз, ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва ғайраҳоро доранд, ки онҳоро аз ҳисоби нархи маҳсулот ҷуброн мекунанд. Ин аст, ки агар нархи маҳсулот дар бозор 60 дирам муқаррар шуда бошад, дар марказҳои тиҷоратӣ он аз 90 то 1 сомонӣ боло бурда мешавад.
Иҷоракорӣ сабаби болоравии маҳсулоти кишоварзӣ
Аммо дар музофоти Хатлон бархе аз деҳқонон сабаби баландравии нархи маҳсулоти кишоварзиро дар он мебинанд, ки дар баъзе навоҳӣ замин дар ихтиёри деҳқон нест. Муҳибулло Сайфуддинов, деҳқон аз ҷамоати деҳоти Кирови ноҳияи Вахш мегӯяд, ки дар рафти таҷдиди хоҷагиҳои калон саҳмияҳои заминҳои мардумро иддае дастдарозон, ки худашон деҳқон нестанд, аз худ намудаанду имрӯз заминро ба кишоварзон иҷора дода, аз он даромади муфт ба даст меоранд.
– Мо деҳқонон маҷбур шудем, ки аз заминдорон 1 гектар заминро солона ба маблағи 600-700 доллари америкоӣ иҷора гирем. Дар баробари ин андоз месупорему барои кишту кор ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ маблағҳои зиёд сарф мекунем. Ҳамаи ин хароҷотҳо дар вақти нархгузорӣ ба инобат гирифта мешаванд. То вақте замин ба соҳиби аслиаш – деҳқон баргардонида нашавад, арзиши маводи кишоварзӣ дар бозорҳо коҳиш намеёбад, – мегӯяд М, Сайфиддинов.
Чаро дар моҳи шарифи Рамазон нархи ғизо баланд мешавад?
Болоравии нархи маводи ғизо дар фарорасии моҳи шарифи Рамазон як мавзӯи доғи ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки ягон тасмиму амр пеши роҳи болоравии арзиши бозорро гирифта наметавонад. Ин аст, ки Президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиаш ба муносибати фарорасии моҳи шариф ёдрас намуд, ки «ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ аз амалҳои бадтарине ҳисоб мешавад, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст». Роҳбари давлат аз фармудаи Пайғамбари ислом ёдовар шуда, гуфт: «агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод».
Ягона тадбири ба қавле каме «тобовар» барои пешгирӣ аз болоравии арзиши маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти истеъмолӣ дониста мешавад, ки ин чораҷӯӣ низ на дар ҳама ҳолат натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Ҳоло бозори Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Қӯрғонтеппа ягона маркази бузурги тиҷоратиест, ки баргузории ярмаркаи фурӯши маводи ғизоиро боинсофона ба роҳ мондааст.
Ғизои асосии мардум - орд қиммат шуд
Ҳоло масъулини Вазорати кишоварзӣ ваъда додаанд, ки тариқи ярмаркаҳо нарху навои маҳсулоти истеъмолиро коҳиш хоҳанд дод. Ба гуфти эшон дар ҳамин шабу рӯз 1 кг орд дар бозорҳои пойтахт – 2 сомониву 30 дирам, дар шаҳри Хуҷанд – 1 сомниву 90 дирам, дар водии Рашт – 2 сомониву 70 дирам ва дар Бадахшон 2 сомониву 30 дирам арзёбӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба соли гузашта нархи як кг гандум ва орд 53 дирам арзон шудааст. Дар баробари ин, имсол дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта дар шаш моҳи соли равон 53 ҳазор тонна зиёдтар гандум истеҳсол шудааст ва масъулини вазорати кишоварзӣ кӯшиш доранд то охири сол ин нишондодро ба 100 ҳазор тонна зиёдистеҳсолкунӣ баробар созанд.
Новобаста ба болоравии нархи гандуму орд кишоварзони тоҷик мегӯянд, ки зарурияти зиёд намудани кишти майдони гандум вуҷуд надорад, зеро умуман ғалладонаҳо дар муқоиса ба дигар маҳсулоти кишоварзӣ арзишу ҳосилнокии пасттаре доранд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ солҳои 80-ум вақте аҳолии кишвар 4 миллион нафарро ташкил медод, аз хориҷа ба Тоҷикистон наздики 2 миллион тонна ғалла ворид мешуд. Дар ҳоли ҳозир бошад, аҳолии кишвар ду баробар афзудасту воридоти ғалла ба кишвар ҳамагӣ 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов