Адолат аз ҳукумат оғоз мегардад
Моро Холбибӣ Давлатова, муовини раиси ноҳия оид ба маънавиёт, ки рӯзи қабул доштааст, ба ҳузур пазируфт. Пушти дари утоқи Холбибӣ Давлатова эътирози бонуе шунида мешуд, ки мегуфт: «Навбатро риоя кунед! Адолат аз ҳамин ҷо оғоз мегардад!».
Иттифоқан, муовини раиси ноҳия моро ҳамроҳи зане, ки пушти дар даъвои риояи адолатро дошт, ба ҳузур пазируфт. Ин бону ҳамроҳи духтараш барои пайдо кардани тифли бепарастор ба муовини раиси ноҳия муроҷиат намуда, мегуфт, агар тифлеро пайдо кунанд, оилаи фарзандаш побарҷо хоҳад монд, дар акси ҳол фурӯрезӣ ногузир аст. Вале Холбибӣ Давлатова гуфт, ки хушбахтона, дар ноҳияи Ҳисор аз баҳри фарзанд гузаштани сокинон хеле кам ба мушоҳида мерасад. Тақрибан 20 оилаи дигар низ барои пайдо кардани чунин тифлон навбат мепоянд. Дар ду соли ахир хушбахтона, ҳич мавриди аз баҳри фарзанд гузаштани волидайн мушоҳида нашудааст. «Мо оилаҳои фарзандҷӯро ноумед намекунем ва онҳоро ба идораҳои дахлдори Душанбе роҳнамоӣ месозем», – меафзояд ӯ.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Мушкиле, ки наврасон ҳам эҳсосаш мекунанд
Аз пайи омӯзиши масъалаи сатҳи таҳсилоти духтарон ба мактабҳо рафтем. Интихоби мо рӯи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №2 афтод. Дар ин мактаб ҳам аз норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ шиква мекарданд. Омӯзгорон омилҳои коҳиши сифати таълим ва косташавии ахлоқии муҳассилинро ба муҳоҷирати падарони хонавода рабт медиҳанд. Ба гуфти Кибриё Шарифова, сарвари мактаби мазкур, азбаски мардон муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, тамоми масъулияти оила бар дӯши модарон афтодааст: «Вақте тарбияи фарзандон ва дигар вазифаҳои хонадон бар дӯши заноне мемонад, ки ҳамагӣ маълумоти миёнаи пурра ё нопурра доранд, аз куҷо метавон насли ояндаро дуруст тарбия намуд?»
Аз Хонуми асри 17 то Парвинаи асри 21
Зимни зиёрати Қалъаи Ҳисор мо шахсиятҳои қарнҳои гузаштаву имрӯзаро муқоиса мекардем ва ба даҳҳо суоли хеш посух намеёфтем. Зикрулло Ҷобиров, мудири осорхонаи бостоншиносии «Қалъаи Ҳисор», гуфт, ки бунёдгузори мадрасаи ҷадиди Қалъаи Ҳисор Хонуми Қӯқандӣ маъруф ба Хонуми Сабз аст. Хонуми Сабзро ҳангоми як сафари тиҷоратӣ боду ҳавои водии Ҳисор хуш меояд ва барои дар ин водӣ каме истироҳат намудан, ба бунёди мадраса мепардозад. Бо ин қиёс сари ин андеша водор мешавем, ки чаро имрӯз мисли Хонуми Сабз соҳибкороне надорем, ки даст ба ободии макотибу мадорис ва чунин ёдгориҳои таърихӣ бизананд? Воқеан, ёдгориҳои меъмории Қалъаи Ҳисор дар ҳолати бад қарор доранд. Ба ҳар сурат, агар имрӯз Ҳисори Шодмон мисли Хонуми Сабз бонуи сарватманде медошт, оё мисли ҳамтои таърихии худ дар роҳи илму фарҳанг ҳиссае аз сарваташро хайр мекард? Ба суроғи посух роҳ гирифтем сӯи бозорҳои Ҳисор.
Парвина, фурӯшандаи тақрибан 12 сола, саргарми тиҷорат бошад ҳам, ба суолҳои мо бо шавқ ҷавоб мегуфт.
– Мабодо дар ҳисобу китоб иштибоҳ накунӣ?
– Соли панҷум аст, ки дар мағозаи падарам кор мекунам. Тиҷорат шуғли дӯстдоштаам буда, ба ҷуз хариду фурӯш, нарху наво ва ҳисобу китоби мағоза фикри дигар надорам. Баъзан мешавад иштибоҳи ночизе менамоям, аммо то ҳол ягон хатои ҷиддие накардаам.
– Кадом фанҳоро дӯст медорӣ ва оянда кӣ шудан мехоҳӣ?
– Орзуи духтур шудан доштам. Ҳоло танҳо риёзиро бо баҳои хубу аъло мехонам, дигар фанҳоро ҳамту… Мактабро тамом кунам, вазъиятро мебинем, агар имкон шавад, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавам.
– Агар сарватманд шавӣ, нахуст кадом орзуятро амалӣ месозӣ?
– Аввал ба донишгоҳ дохил мешавам, баъдан мошин мехарам. Агар сарвати зиёд дошта бошам, ба саёҳат меравам. Орзуи ба Аврупо рафтан дорам.
Фарҳанг дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ба ҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ дошта бошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Шукрона мекунем
Мусоҳиби дигари мо, ки дар паҳлуи дӯкони Парвина чаккафурӯшӣ мекард, Шарофат Ӯлҷабоева ном доштааст. Шарофат 20 сол боз дар роҳравҳои назди бозор ба ин кор машғул аст. Вақте аз ӯ вазъи зиндагиашро пурсон шудем, бо домони куртааш пойафзолҳои салафанпечашро паноҳ карда, гуфт: «Шукронаи Худованд, ки рӯзе 10-15 сомонӣ даромад дораму фарзандонамро бо нон таъмин мекунам. Худо инсофашон диҳад, аз ҳамин роҳрав бенасибамон нагардонанд. Солҳои пеш дар хоҷагӣ кор мекардем, зиндагии нисбатан хубтар доштем. Хато карданд, ки хоҷагиҳоро ( колхозу совхозҳо дар назар аст- «Б.Т») аз байн бурда, заминҳоро тақсим намуданд».
Ба ин радду бадал, ҷавоне, ки мехост чакка бихарад, ҳамроҳ шуд:
– Хола мегум мастӣ? Заминҳоро кайҳо қонунӣ карда, гирифтаанд? Мо чарогоҳи ҳайвонот надорему худат гап-гапи замини киштро мекунӣ.
Мақомот: «Ҳама хуб шуда истодааст»
Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҳисор оид ба барномаҳои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба хусус бонувон ба мо маълумоти зиёд доданд. Хайринисо Раҷабова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, иброз медорад, ки аз 255 854 сокини ноҳия 130 565 ё 51% - ро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар соҳаи саноат дар ноҳия 2000 бону кор мекунад. Ба гуфти ӯ баъди фаъол шудани Марказҳои дастгирии занон теъдоди бонувон - роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 12 ба 2000 нафар расидааст. Ҳамчунин дар ду соли охир сатҳи азҳампошии оилаҳо ва худсӯзию худкушӣ низ коҳиш ёфтааст.
Раҳоварди сафар
Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки алъон 43% аҳолии қобили меҳнати ноҳия бо ҷойҳои корӣ таъминанд. Аммо, бинобар мушкилиҳои иқтисодӣ дар ду соли охир сатҳи бекорӣ 20% ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар 25% афзудааст. Гурӯҳи эҷодии мо зимни бозгашт ба пойтахт манзараҳои тӯли як рӯзи сафар мушоҳидашударо баррасӣ мекард: бозорҳои обод, вале осорхонаву мадрасаҳои таърихии намгирифтаи Ҳисор. Қасрҳои нав ба нав қоматафрохтаву мактаби №2 ноҳия, ки 47 сол боз рӯи таъмирро надидааст. Қолинҳои нарми роҳрави долонҳои ҳукумату пойҳои салафанпечи бонувони чаккафурӯш. Шиору барномаҳои пурдабдабаи овезони атрофу камрангии маънавиёти ҷомеа.
P.S.Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 сентябри соли 2015 Ҷашни 3000 - солагии Ҳисор таҷлил мешавад. Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин сана, мебояд корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Зеро ба таҷлили таърихи 3000 - солагии як шаҳри қадима мардуми зиёде таваҷҷуҳ хоҳад кард. Аммо то куҷо ин санаи бузурги таърихиро дар сатҳи лозима таҷлил месозем, мавзуест, ки атрофи он бояд ҷиддӣ андеша ронд.