07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КӮДАКОН ҲАҚИ БЕШТАР ДОРАНД

Зиндагӣ дар оламибачагӣ

                Муҳимтарин марҳилаи тарбияи ҷамъиятии инсон аз овони аз домони модар ба боғча ворид шуданаш оғоз мегардад.

                Меҳринисо Давлатова Мураббия Меҳринисо Давлатова дар 50 соли охир тарбияи атфолро дар муассисаи томактабии №3- и ноҳияи Шаҳритус ба дӯш гирифта аст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия таҳсил намуда, баъдан барои такмили ихтисос ба муассисаи томактабии маркази ноҳияи Шаҳритус ба кор медарояд. Аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ эҳсоси дӯстдории кӯдакон меҳру муҳаббати ӯро ба касб зиёдтар кард. Ҳамин тавр, ба хотири зиндагӣ дар олами кӯдакон Меҳринисо тамоми орзуҳои ҷавонии худро ба ҳамин пеша бахшид.

Агар ояндасоз бошем

                – Боғчаи бачагона давраи муҳими инкишофи зеҳнӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдак буда, мо -мураббиёнро водор месозад, ки онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ва ба воя расонем, – ибрози андеша менамояд Меҳринисо Давлатова. – Солҳои 1970-1980 даврони тиллоии муассисаҳои томактабии Тоҷикистон буд. Он солҳо дар баробари маблағҳои буҷетӣ хоҷагиҳои коллективӣ низ муассисаҳои томактабиро бо ширу қаймоқ, гӯшту тухму дигар маҳсулоти ғизоӣ таъмин менамуданд.

                Сабаби коҳиш ёфтани шароити нигоҳубини муассисаҳои томактабиро дар мушкилоти иқтисодӣ намебинам. Иллати асосӣ дар он аст, ки дар сатҳи маҳал моҳияти таълиму тарбияи боғчавии кӯдаконро дуруст дарк намекунанд. Мураббияҳои собиқадор ҳам ба он боваранд, ки ҳалли масъалаи беҳдошти шароити боғчаҳои бачагона дар сатҳи маҳал имконпазир аст. Танҳо ташаббус лозим.

КӮДАКОН ҲАҚИ БЕШТАР ДОРАНД
Як лаҳза

                Баъзан сару рӯи тифлаконам (тарбиятгирандагони боғча)-ро сила намуда, аз дил мегузаронам, ки онҳо сазовори зиндагии шоиста мебошанд. Аммо бо ин сатҳи таълиму тарбия наметавон гуфт, ки мо ояндаи худро дуруст бунёд карда истодаем. Зеро боғчаҳо дар муқоиса ба замони шӯравӣ дар сатҳи лозима бо маводи ғизоӣ ва ашёи тарбиявӣ таъмин нестанд.

                Тибқи маълумоти сарраёсати маорифи вилояти Хатлон ҳамагӣ 8% тифлакони вилоят ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Боиси таассуф аст, ки ҳамин теъдодро ҳам бо шароити мувофиқ таъмин карда наметавонем. Ҳол он ки дигар тифлакон ҳам хоҳишу ҳуқуқи будубош дар боғчаҳои бачагонаро доранд.

КӮДАКОН ҲАҚИ БЕШТАР ДОРАНД
Бибиҷонам меояд

                Бинобар гуфтаи Қаландар Садриддинов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус, муассисаи томактабии маркази ноҳия, ки сарвариашро Меҳринисо Давлатова ба ӯҳда дорад, аз беҳтарин тарбиятгоҳҳои вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Аз гуфтугӯ бо тарбиятгирандагон бармеояд, ки онҳоро меҳру муҳаббати беандоза ба мураббия сӯи ин кӯдакистон овардааст. Вақте аз тифлакон пурсидам, ки боғчаро барои чӣ дӯст медоред? Бо як садо гуфтанд: «Аз барои бибиҷон!

КӮДАКОН ҲАҚИ БЕШТАР ДОРАНД
Раҳовард

                Дар тӯли 50 соли охир ҳазорҳо тифлакони тарбиятгоҳ ба мактабу донишгоҳҳо дохил гашта, соҳиби касбу кори гуногун шудаанд. Дуруст мегӯяд Қаландар Садриддинов, мудири маорифи ноҳияи Шаҳритус, ки мураббияи асил дар дили кӯдак эҳсосеро падид меорад, ки он шабеҳи меҳр ба устоду муҳаббат ба модар аст. Вақти бозгашт чанд дақиқае дар роҳрави рӯ ба рӯи боғчаи бачагонаи №3 ноҳияи Шаҳритус қарор гирифта, аз роҳгузарон суол кардем: Аз боғчаи кӯдакон чӣ таассурот доред?

                Саломат Нозимова,тоҷири бозори «Ином»: «Ин мавзеи пур аз садои беғаши кӯдакон маҳалли муқаддасеро мемонад, ки ҳар замони аз наздаш гузаштан маро ҳиссиёти фараҳбахше фаро мегирад. Ман меҳрубониҳои мураббияи азизам Меҳринисо Давлатоваро ба ёд оварда, рӯҳан ором мегирам».

                Бобомурод Холмуродов, муҳоҷири меҳнатӣ: «Ҳар гоҳе ба аёдати пайвандонам ба Шаҳритус баргардам, соате атрофи боғчаи бачагиамон давр зада, даврони ноаён гузаштаро ба ёд меорам. Мураббияро апа мегуфтему то кунун ҳам вақти дар кӯча бо ӯ рӯ ба рӯ шудан, салом апаҷон, мегӯем».

                Таҳмина Хоҷамбердиева, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав: «Агар волидайн инсонро ба воя расонанду устод чароғи роҳнамо бошад, пас мураббия бунёдгари пойдевори одобу ахлоқи инсон ба шумор меравад. Мураббия барои тифлакони ятим ҷойи модарро мегирад».

Ҷамолиддин Сайфиддинов

:.  Иҷтимоъ 28.06.2012 06:14 2133

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz