07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Инъикоси «Чеҳракушоӣ» дар расонаҳо

Дар пайи ҷамъбаст гардидани озмун, инъикоси он дар расонаҳои чопиву электронӣ хеле бо суръат ҷараён гирифт.

Доир ба озмуни мазкур, ширкатдорон, қаҳрамонон ва раванди ҷамъбастгардидани он тариқи 4 шабакаи радиои Тоҷикистон сӯҳбату гузоришҳо пахш гардид.

Аз ҷумла, субҳи 25 - уми май, сӯҳбати мустақими телефонӣ бо Фирӯза Саидова – қаҳрамони яке аз мақолаҳои  ғолибгашата: «Танини «Шабзиндадор»» тариқи барномаи «Насими субҳ» садо дод.

Тариқи барномаи «Домони меҳр» аз шабакаи «Садои Душанбе» низ рӯзи 29 - уми май сӯҳбати мустақим бо қаҳрамони дигари озмуни «Чеҳракушоӣ» Саодат Одинаева пахш гардид.

Дар барномаи 50 дақиқаии «Нурафшон» аз Радиои Тоҷикистон, радиоочерк доир ба кору фаъолияти сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Ҳуриннисо Ализода тақдими шунавандагон шуд.

Тариқи барномаҳои Радиои «Овози тоҷик» низ бо 8 забон хабару гузоришҳо дар бегоҳи ҷамъбастшавии озмун садо доданд.

Дар бахшҳои хабарии Радиои «Фарҳанг» низ рӯзи 25-уми май доир ба баргузории ҷамъбасти ин озмун иттилоъ пахш шуд.

Дар маҷмӯъ, тариқи барномаҳои дигари Радиои Тоҷикистон сӯҳбату мусоҳибаҳо бо ширкатдорон ва қаҳрамонҳои озмун барномаҳои мухталифе садо доданд.

Дар ду шабакаи телевизионӣ; «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо», сомонаҳои интернетии «Озодӣ», «ВВС», «Тоҷнюс» ва «Ховар» низ хабару гузоришҳо пахш шуданд.

Ҳамчунин матбуот низ дар мавриди баргузории озмуни мазкур матолиби ҷолибу таҳлилӣ ва репортажу хабарҳои зиёде ба табъ расонид, ки  ҳафтаномаҳои «СССР», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Овоза ва ҳақиқат» ва  рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз он қабиланд.

Хотиррасон мекунем, ки дар озмуни маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 24 бонуи соҳибтахассуси соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҳафт бонуи раҳбар бо тахассусҳои гуногун, ки  дар идораҳои мухталифи кишвар фаъолият доранд,  ду соҳибкорзани муваффақ,  шаш рӯзноманигор, се фаъоли ҷамъиятӣ, як муҳандис, се зани ҳуқуқшинос,  як нафар ҳунарманди театр ва як муҳаққиқи илм муаррифӣ гаштанд.

Қобили зикр аст, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар тӯли фаъолияти худ – аз сентябри соли 2006 то кунун, дар 66 шумора бештар аз 200 бонуи соҳибчеҳраи тоҷикро муаррифӣ кардааст. Аз котиба то раиса, аз унвонҷӯ то академик, аз донишҷӯ то соҳибмақом, аз фаррош то раҳбару раҳнамо ва духтуру ҳунарпешаву омӯзгору рӯзноманигору шоираву нависанда ва матлабу мақолаҳо перомуни  рӯзгори  бонувони   номвари хонанишин низ ба унвони модару хоҳар  зиёд  рӯи саҳфаи маҷалла мунъакис шудаанд.

Аз ин шумор 15 нафар низомӣ; 35 нафар раҳбар; 24 нафар рӯзноманигор; 9 нафар иқтисодшинос; 20 нафар ҳунарпеша; 21 нафар сиёсатмадор-ходими давлатӣ; 15 варзишгар; 9 нафар олим, муҳаққиқ; 10 нафар тоҷиру соҳибкор; 12 нафар духтур; 6 нафар шоиру нависанда; 10 нафар омӯзгор; 7 нафар фаъоли ҷамъиятӣ; 3 нафар ҳуқуқдон ва рӯзу рӯзгор ва фаъолияти 1 музадӯз, 4 ронанда, 1 роҳи оҳанчӣ, 1 корманди бахши ҳавонавардӣ, 3 кирокаш, 5  зардӯз, 3 чубтарош  ва даҳҳо бонувони дигар бо пешаҳои мухталиф пешниҳоди хонандаи арҷманд гаштаанд.

                                                                                                             Ҳ. Юсуфӣ

:.  Иҷтимоъ 18.06.2012 09:29 2581

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz