Узви кумитаи ҳизби комунистӣ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, нафақахӯри дорои аҳамияти умумииттифоқӣ, собиқ Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, марҳум Ашӯрбибӣ Азимова соли 1902 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, аз овони ҷавониаш барои бедории занону духтарони ноҳия фаъолона иштирок кардааст.
Фаъолияти меҳнатию ҷамъиятии ин зани оташқалби некирода, махсусан аз соли 1927 аз он рӯзе, ки ноҳияи Исфара таъсис ёфтааст, оғоз мешавад. Ашӯрбибии 25 сола дар ин муддат мудири шӯъбаи кумитаи ҳизбии ноҳияи Исфара буд ва моҳи августи ҳамон сол курси занонаи тайёркунии кадрҳоро дар Самарқанд хатм карда, соли 1928 мудири шӯъбаи занони ноҳияи Аштро ба ӯҳда гирифт. Соли 1929 ба сафи ҳизби комунистӣ дохил гардида, аз соли 1930 бо мақсади ривоҷ додани соҳаи аввалиндараҷаи хоҷагии деҳот – кирмакпарварӣ, ба вазифаи раиси Иттиҳодияи шоҳибофони шаҳри Хуҷанд таъин мешавад. Баъди 10 моҳи фаъолияташ дар ин вазифа бо даъвати ҳамсараш боз ба зодгоҳаш баргашта, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, дар вазифаи мудири кор ва тарбияи занони ноҳия ба фаъолият мепардозад.
Аз соли 1934 то 1937 қобилияти роҳбариашро ба эътибор гирифта, раиси комиҷроияи шӯрои депутатҳои меҳнаткашони райони Исфараро ба душ гирифта, софдилона адо менамояд. Вай дар нимаи аввали соли 1938 муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сталинобод буда, аз соли 1939 то соли 1941 муовини мудири шӯъбаи кадрҳои КМПК Тоҷикистонро ба ӯҳда доштаст. Аз моҳи августи соли 1941 то феврали соли 1947 котиби дувуми комитети партиявии райони Исфара шуда, фаъолият менамояд. Моҳи сентябри соли 1949 Ашӯрбибӣ Азимова дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) мактаби партиявии назди КМПКСб Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намуда, аз соли 1952 то соли 1959 ба вазифаи раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ифои вазифа мекунад.
Ёд дорам, вақте ки дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленин (имрӯза Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) таҳсил мекардам, боре собиқ раиси шаҳрамон марҳум Ашӯрбибӣ Азимова бо ҳамроҳии марҳум собиқ раиси хоҷагии номдори ноҳияи Исфара – хоҷагии ба номи Ленин, муҳтарам Ш. Нуриддинов, ки ба пленуми КМПКСб ба Сталинобод даъват шуда буданд бо донишҷӯёне ки дар мактабҳои олии марказ машғули таҳсил буданд, мулоқот карданд. Хонум Азимова бо муҳтарам Нуриддинов аз ҷои хоб, ошхона, ҳамоми донишҷӯён дидан карданд. Ба он нафароне, ки идрорпулӣ намегирифтанд, аз ҳисоби буҷети ноҳияи Исфара як миқдор маблағ ҷудо карданд.
Ашӯрбибӣ Азимова дар ҳақиқат ғамхори ҷавонону кӯҳансолон буданд. Ман ҳамчун як фарди бе саробон аз ғамхориҳо ва меҳрубониҳои ӯ баҳраманд гардидаам, то абад ӯро фаромӯш нахоҳам кард.
Олим Хоҷавем, собиқадори соҳаи
маорифи шаҳри Исфара