Сарват ва хиёнат
Дар низоми хонаводагии ҷомеаи суннатии тоҷикӣ таҳаввулоти чашмгире аз худ дарак медиҳад. Сарварию салтанат дар ҷомеаи падаршоҳӣ гӯё оҳиста-оҳиста ба дасти зан мегузарад. Моро ба ин андеша воқеае водор сохт, ки бо як тан аз ҳамватанони мо рух дод ва ин ҳодиса аз рӯи баъзе ақидаҳо дар зоти хеш ягона нест.
Муродҷон, ки тахминан панҷоҳсола аст, ҳодисаи аз сараш гузаштаро қисса кард. Ӯ бо ҳамсараш чаҳоряк асри умри хешро бо ҳам гузаронидаанд. Дар ин миён соҳиби чаҳор фарзанд шудаанд. Шавҳар ба ҳайси устои барқ ва зан чун муаллимаи риёзӣ кор карда, зиндагии хоксорона доштанд.
Тақрибан понздаҳ сол қабл дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд як дӯкони кӯчаке сохта, рӯ ба тиҷорат оварданд. Дӯкон фоидаи чашмгире ба буҷети оила ворид кард. Онро васеътар сохта, анвои маҳсулоти фурӯширо рангинтар намуданд. Баъдан, хона харида, писари калониро хонадор карданд. Тасмим гирифтанд, ки дар шаҳри Чкалов ҳавлии замонавӣ бихаранд. Муродҷон ҳамон устои барқ буд. Вале ҳамсараш Муқаддас, аз баҳри омӯзгорӣ гузашта, вақти хешро комилан сарфи тиҷорат намуд.
– Мусибат аз он шурӯъ шуд, ки ҳамсарам ҷавонеро, ки аз худаш тақрибан даҳ сол хурд буд, ба ҳайси ронанда ба кор гирифт,– шиква аз рӯзгори нобасомон мекунад Муродҷон. – Вай низ соҳиби хонаю дар ва зану фарзанд буд. Лиҳозо, ҳаргиз гумон намекардем, ки муносибати комилан кории онҳо рӯзе ба ишқу муҳаббат бадал мегардад. Ба умеди даромадҳои як дӯкон нашуда, ману писарам ба Руссия ба мардикорӣ рафтем. Пайваста пулҳоямонро ба хона мефиристодем. Вазъ чунин шуд, ки натавонистем тайи се сол ба Ватан баргардем. Баргаштему сад бор пушаймон шудем. Маълум гардид, ки дар ин се сол Муқаддас дӯкони доштаамонро фурӯхта, ҳамроҳи он ронанда ба Чкалов, ба ҳавлиамон кӯчидаааст. Духтари калониро низ бе пурсиши ман ба як шахси пулдору сарватманди хориҷӣ ба шавҳар додааст. Вай дар хориҷа асту пайваста ба модараш пул мефиристад.
Муқаддас бошад, бозгашти шавҳарашро бесаброна интизор буд. Вай мехост никоҳашро бо Муродҷон бекор ва бо марди ҷавон расман издивоҷ кунад. Вай дар додгоҳ аз он шикоят мекард, ки шавҳараш пайваста арақ менӯшад ва ба ӯ рӯзи хуш намедиҳад.
– Воқеан, вақте ман аз ҳақиқати ҳол хабар ёфтам, хеле ошуфта шуда, роҳи «халосӣ»-ро дар майнӯшӣ медидам,– иқрор мешавад Муродҷон. – Зеро хиёнату исноду таҳқиреро, ки ҳамсарам нисбати ман раво дид, таҳаммул карда наметавонистам. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳар се: довар, даъвогар ва ваколатдори ҳуқуқии ӯ ҳамзабону ҳамқавлу ҳамандеша буданд: «Мо бояд аз ҳам ҷудо шавем! Вассалом!». Ман дигар наёристам бо онҳо муқовимат бикунам. Бо қарори додгоҳ ҳавлии боҳашамат дар ихтиёри собиқ ҳамсарам ва ошиқи ҷавони ӯ вогузор гардид.
Муродҷон тани танҳо, тавре мегӯянд, бо як сари қоқаш дар кӯча монд. Сипас, писараши калон ӯро ба хонааш бурд. Баъд аз чанд муддат писари дувумаш бемор шуда аз дунё гузашт.
– Фикр мекунам, ки наҳси модараш ба писари бегуноҳам Ҳалимҷон зад,– бо чашмони ашколуд мегӯяд падари ҷигарсӯхта. Алҳол ҳамроҳи Муқаддас духтари сездаҳсолаамон Дилноз зиндагӣ дорад. Тақдири вай маро ором намегузорад. Охир, ҳарчанд ҳашт сол мешавад, ки Муқаддасу он мард ҳамхонаанд, на аҳдномаи никоҳ ва на никоҳи мусалмонӣ доранд. Ба хотири дидор бо духтарам, ҷуз аз муросо кардан бо онҳо чораи дигар надорам.
Аз кай нофармонӣ?
Ин ки дар ҷомеаи суннатии тоҷикӣ нақши зан дар оилаву ҷомеа беш аз ҳар вақту замони дигар боризтару муассиртар мегардад, ҳеҷ ҷойи тааҷҷубу ҳайрат нест. Тибқи Сарқонуни кишвар ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳуқуқи зану мард баробар аст. Вале тайи ҳазорсолаҳо одобу иффату ҳаёи шарқӣ намегузошт, ки зан рӯйирост аз болои шавҳари хеш эътироз баланд кунад. Сабаб чист, ки имрӯз зани тоҷик ҳарчӣ бештар мубтакири бекор кардани никоҳ бо шавҳар аст?
– Бонуи тоҷик ҳарчӣ бештар таъминкунандаи оила шуда истодааст, – мегӯяд Маҳбуба Султонова, сарвари садорати иттиҳодияи ҷамъиятии «Насл». Зеро занҳо табиатан тавофуқпазир буда, лиҳозо зуд ба раванди рӯзгор ҳамқадам мешаванд. Бонувон ба соҳибкорӣ шуғл варзида, дар ин роҳ қадамҳои ҷиддию устувор мегузоранд.
– Маълум аст, ки дар ин маврид бештар худи мардҳо гунаҳкоранд,– андеша дорад Раъно Бобоҷонова, раиси Кумитаи занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд. – Баъзе занон ба хотири саришта кардани калобаи рӯзгор нисбат ба шавҳарони худ зиёд заҳмат мекашанду худро ба ҳар як кӯю дар мезананд. Бештар ба тиҷорат машғул мешаванд. Дар ин маврид муносибату бархурди онҳо бо шавҳаронашон, ки маоши ночиз мегиранд, тағйир меёбад. Барои он ки дар сурати аз ҳам пошидани оила, яке аз ҳамсарон дар кӯча намонад, бастани аҳдномаи никоҳ роҳи беҳтарин аст.
Назар ба суханони ҳуқуқшинос, Гулчеҳра Ашӯрова, таҷриба баёнгари он аст, ки занҳо то замоне зулму истибдоди шавҳарони хешро таҳаммул мекунанд, ки аз нигоҳи моддӣ аз онҳо вобастаанд.
– Зани муосири тоҷик дигар он бонуи мазлум ва ситамкаши асримиёнагӣ нест, – иброз медорад Гулчеҳра Ашӯрова. – Аксарияти бонувони шаҳрӣ ва қисми зиёди бонувони рустоӣ таҳсилдидаанд. Аз ин рӯ, онҳо акнун ҳарчӣ бештар аз пайи ҳимояи ҳуқуқҳои хешанд. Ҳарчанд дар ҷомеаи суннатӣ андешае роиҷ аст, ки шавҳар сар асту зан гардан, набояд фаромӯш кард, ки танҳо эҳтироми тарафайн, мусолиҳаю муросо дар ҳама кор метавонад мардро ба сарварии воқеии хонадон бирасонад.
Коршинос, Муҳаммадраҳим Абдуманофов, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар пойдории оила омили аз ҳама муҳим таъминоти моддӣ нест. Балки дигар авомили рӯҳию равоние, чун эҳтиром, хушмуомилагӣ ва дастгирии тарафайн низ нақши бориз доранд. Агар ҳусни тафоҳум миёни ҳамсарон набошад, қабл аз ҳама зан ба хулосае меояд, ки аз ин гуна шавҳар халос шавад. Зеро вай акнун ҳама чизро дорад. Пас барои вай шавҳари бекору дурушту бадхӯю майзада чӣ даркор? Дар фурӯпошии оилаҳо нақши хусуру хушдоманҳо низ хеле бузург аст,- мегӯяд Абдураҳим Абдуманофов.
Воқеият чунин аст…
Аз рӯйи русуми мо мард дар оила сарвари хонадон аст. Лиҳозо, вай ӯҳдадор аст, ки оилаи худро аз нигоҳи моддию маънавӣ таъмин созад,– иброз медорад Ҳоҷӣ Орифҷон Байзоев, директори мадрасаи ба номи Имом Абӯҳанифаи масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд. – Дар навбати худ ҳамсар ва фарзандон низ бояд сарвари хонадонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд. Имрӯз бонувон даст ба тиҷорат задаанд. Ин ҳеҷ бадӣ надорад, агар онҳо боиффату ба шавҳарони худ бовафо бимонанд. Ҳазрати Хадича (разияллоҳу анҳу) худ тоҷир буд ва пайғамбарамон, ҳазрати Муҳаммад (с) – ро ба паноҳи хеш гирифт.
Ба андешаи Ҳоҷӣ Орифҷон Байзоев камтар бонувоне ҳастанд, ки қоидаҳои дурусту оқилона истифода намудани маблағ ва сарватҳои ба дастовардаи хешро медонанд.
– Тафаккури баъзе аз онҳо дигар шудааст,– таъкид медорад мударрис. «Чаро ман ба марде итоат кунам, ки даромади вай дар як рӯз панҷ сомонӣ асту аз ман беш аз бист сомонӣ? Ман бояд мувофиқ ба даромадам истироҳат кунам, либос пӯшам, таом хӯрам!», –мегӯянд онҳо. Ин андеша билохира, ба он мунҷар мегардад, ки мард дар оила ба як шахси беқадру беарзиш ва зан ба фармонфармою ҳоким мубаддал мегардад. Вақте мард ҷилави идоракуниро дар оила аз даст медиҳад, зан ба фикре меояд: «Магар месазад ба чунин шавҳар итоат кард?». Аксаран дигар дар бораи он ки онҳо замоне зиндагии хубу обод доштанду соҳиби фарзандон шуданд, намеандешанд. Ин қабил бонувон ҳатто мегӯянд: «Рав, аз баҳри талоқат ҳам баромадам».
Дар ҳоли ҳозир дар Парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунати оилавӣ» мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин ки оё дар қонуни мазкур моддаҳои алоҳидае дар мавриди нақши марду зан дар оила бахшида хоҳанд шуд, сухан гуфтан бармаҳал аст. Лоиҳа бояд дар рӯзҳои наздик барои баррасии вакилон пешниҳод шавад.
Вале чунончи Назира Ғаффорова, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иброз дошт, дар лоиҳа ҳама ҷанбаҳои ҳуқуқии пешгирии хушунати хонаводагӣ фаро гирифта шудааст. Вақт собит хоҳад сохт, ки мо то чӣ андоза дар қиболи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва сарозер омадани фарҳанги аҷнабӣ метавонем асолат ва анъанаҳои неки хонаводагии тоҷикиро ҳифз намоем.
Тилав Расулзода