Гирдоб ин деҳаи зебоманзари шаҳри Норакро аз як тараф девори баланди кӯҳсор ва аз ҷониби дигар обанбори Бойғозӣ иҳота намудааст. Ронандаи мошини мусофирбаре, ки моро то деҳаи Ғофилобод расонид, ба он тарафи соҳил ишора намуда гуфт: «Меҳмон, ана ҳамин деҳаи рӯ ба рӯи он тарафи баҳр Гирдоб аст. Паҳнои баҳри Бойғозӣ дар ин мавзеъ 480 метрро ташкил диҳад ҳам, аммо гуфтугӯи сокинони деҳаи Гирдоб аз он тарафи соҳил ба гӯш мерасид. Модаре духтарашро нидо мекард, ки сатили шири полидаро дар мелок овезад. Пирамарде набераашро, ки саргарми футболбозӣ аст, сарзаниш дорад, ки кору бори хона монд. Хуллас, дар «ҷазира»-и рӯ ба рӯи мо зиндагӣ бо мароми худ идома дошт.
Аз рӯи нақли Ҷаъфар, заврақроне, ки моро аз баҳр мегузаронд, то бунёди обанбори Бойғозӣ садои дарё дар тамоми кӯҳсорон ҳукмфармо буд. Баъди дар пойинтари дарё бардоштани сарбанди обанбор хурӯши дарё хомӯшу пуле , ки деҳаи Гирдобро ба роҳи мошингарди Норак-Бойғозӣ мепайваст, зери об монд. Имрӯз деҳаи Гирдоб як ҷазира дар пайкари кӯҳистонро мемонад, ки танҳо тавассути роҳи баҳрӣ метавон вориди он шуд. Аз нақли пиронсолони деҳа соли 1960 дар болои обанбор пули одамгузар сохта будаанд. Аммо баъди бунёди сарбанд барои гузаштани киштиҳо ба тарафи НБО Бойғозӣ он пулро вайрон мекунанд. Гирдоби имрӯза як ҷазираеро мемонад, ки дар кӯчаҳои он ягон намуди техника ба чашм намерасад. Роҳи мошингузар ба деҳаи Гирдоб тавассути НБО Бойғозӣ аст. Аммо баъди ҳар бориш аз доманакӯҳҳо сангу ярч рехта, роҳ баста мешавад. Ин аст, ки мардум молҳои ниёзи рӯзгорашонро тавассути заврақ ба деҳа мерасонанд. Имрӯз воситаи асосии ёрирасони сокинони деҳа хару асп аст.
Моҳигирӣ дар Гирдоб як шуғли писандидаву даромадовари мардум ба ҳисоб меравад. Ба гуфти сокинон моҳигири №1- и ҷазира духтари 22- солае мебошад, ки мутаассифона, он рӯз ба шаҳри Ваҳдат ба меҳмонӣ рафта будааст. Зимни хӯроки нисфирӯзӣ ба суханҳои пештар шунидаамон, ки бомаззатарин моҳии Осиёи Миёна дар Гирдоб аст, бовар кардем.
Деҳаи Гирдобро дараи селгузар ба ду қисм ҷудо менамояд. Ягона «духтурхона» ва мактаб барои 100 ҳоҷагии ҳар ду қисми деҳа дар Гирдоб-1 воқеъ аст. «Духтурхона»-ро аз он сабаб дар нохунак гирифтем, ки он манзили истиқоматии як хоҳари шафқат аст. Ба гуфти сокинони деҳа, онҳо барои муолиҷаи бемориҳои сабук ба хонаи духтур муроҷиат мекунанд. Агар ягон нафар мубталои бемории ҷиддӣ шавад, ӯро тавассути заврақ ба он тарафи соҳил ва аз он ҷо ба беморхонаи шаҳри Норак мебаранд. Дар ин роҳ чандин беморон фавтидаву даҳҳо модарони ҳомиладор фарзанд зодаанд. Хайрӣ, сокини деҳа, нақл мекунад, ки шаби 13 июли соли 1992 як бонуи деҳаро дарди таваллуд гирифт. Ӯро бо як азоб ба соҳил бурда, аз он ҷо тавассути заврақ ба роҳи он тараф бароварданӣ шудем, то ба беморхонаи Норак бибарем. Ба он тарафи соҳил расида будем, ки зан дар заврақ таваллуд кард. Мусоҳиби мо ба Ҷамолиддин Олимов, ки дар Гирдоб моро роҳнамоӣ мекард, ишора намуда, гуфт: «Ҳамон тифли дар заврақ ба дунё омада, ана ҳамин ҷавони зебост».
– Эй холае, Гирдоб ҳамин қадар сири «давлатӣ» дошт, шумо онро фош кардед. Акнун «бачаи заврақ» гуфта, ягон духтар ҳамсари ман намешавад, – шӯхиомез афсӯс мехӯрд роҳнамои мо.– Баъдан, охир, ман аввалину охирин тифли дар роҳи беморхона ё даруни заврақ таваллудшуда нестам.
Ҳуқуқи орзу кардан дорем
Нарасидани табибону дармонгоҳ ҳатто хонандагони мактаби деҳаро ҳам ба ташвиш меорад. Толибаҳои синфи 9-ум Мижгона, Шабнам ва Робия орзу доранд, ки дар оянда духтур шаванд. Аммо амалӣ шудани орзуҳои онҳо имконнопазир менамояд. Зеро мактаби деҳаи Гирдоб 9-сола асту на ҳамаи ҷавонон, бахусус, духтарон баъди хатми он имкони идомаи таҳсил дар мактабҳои маркази шаҳри Норакро доранд. Новобаста ба шароити номусоиди таълим дар мактаби деҳа хатмкунандагон шавқу ҳаваси таҳсил дар мактабҳои олиро доранд. Мавҷуда Саидова, ки дар синфи 9-ум таҳсил дорад, бо таассуф иброз медорад: «Ҳарчанд аз хурдсолӣ орзуи рӯзноманигор шудан дорам, аммо ин танҳо як ормони афсонавист. Зеро мактаби мо 9-сола буда, дар наздикиҳо ягон мактаби 11-сола нест, ки мо соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ шавем. Аз ҷониби дигар волидон иҷозат намедиҳанд, ки духтарҳо ба шаҳр рафта, дар мактабҳои олӣ таҳсил намоянд».
Гулнора Рауфова, омӯзгори мактаб, нақл мекунад, ки норасоии омӯзгорон дар мактаб сабаб шуду ӯ дар синни 43- солагӣ ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, онро хатм намуд. Инак, 18 сол мешавад, ки дар мактаби деҳа ба шогирдон дарс мегӯяд. Ба гуфти ӯ ҳамасола мактабро чандин толибаҳои боистеъдод хатм мекунанд, аммо онҳо таҳсилро дар мактабҳои 11-сола ва олӣ идома намедиҳанд.
Таманнои парии ҷазира
Зиннатбӣ Саидова, сокини деҳаи Гирдоб-2, бо ҳунари дӯзандагӣ ба оила даромад меорад.
– Агар гӯйӣ, ки кор кунам, 24 соат кифоят намекунад, – мегӯяд ӯ. Муштарии зиёд дорам, баъзеҳо барои либос, дигарон барои болишту шерозаву давридӯзӣ ба ман муроҷиат мекунанд.
Ба гуфти Зиннатбӣ барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум пеш аз ҳама бояд дар болои баҳр ҳамон пули одамгузарро аз нав барқарор созанд. Баъдан, барои ҷалби духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ миёни мардум чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Деҳаи Гирдоб, ки ягона воситаи баромадани сокинонаш ба роҳи мошингард заврақ аст, бояд лоақал бунгоҳи тиббие дошта бошад. Имрӯз аҳолии деҳа ҳудуди 1000 нафарро ташкил медиҳад. Соли гузашта, вақте ки сохтмони синфхонаҳои иловагии мактаб оғоз шуд, роҳи мошингарде, ки тавассути НБО Бойғозӣ деҳаи Гирдобро ба роҳи калони мошингар мепайвандад аз ярчу сангрезаҳо тоза карда шуд. Аммо баъди ҳар бориш ин роҳ зери сангу ярч мемонад.
Новобаста ба мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ зиндагӣ дар Гирдоб бо маҷрои худ равон аст. Аммо масъулони шаҳри Норак барои ҳалли одитарин мушкилоти ин деҳаи бероҳу бе бунгоҳи тиббию табибони баландихтисос бояд ҳарчӣ зудтар чораҷӯйи кунанд. Вагарна чунин мушкилиҳои иҷтимоӣ, ки солиёни дароз ҳалли худро намеёбанд, таъсири манфӣ ба муносибати мардум бо мақомоти маҳаллӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мушкилоти иҷтимоии мардум пеш аз ҳама мушкили мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аст. Аммо то куҷо масъулини шаҳри Норак таваҷҷуҳ ба масоили ҳалталаби деҳаи Гирдоб доранд, суоли вақт аст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ