07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚАҲРАМОНӢ

Маълумотҳоро дар хусуси бонувони дорандаи ин унвон гирдоварӣ намуда, ростӣ дар ҳайрат уфтодем. Танҳо аз шумули бонувон 65 нафар қаҳрамонони меҳнат ёфт шуданд: Ашӯрова Тошбибӣ, Абдуллоева Бибизумрад, Абдураҳимова Қумрихон, Аҳмадова Шамсӣ, Авғонова Гулбаҳор, Атобоева Ҳоҷалхон, Аҳмадова Қумрӣ, Азимова Ашӯрбибӣ, Бобоева Турдӣ, Бобогулова Ҳаитноз, Болтаева Шакар, Гадоева Зебо, Деҳқонова Уғулҷон, Додобоева Нисолат, Ёдгорова Боғӣ, Ёрматова Ҷанбул, Каримова Хитойбӣ, Каримова Ҳабиба, Қодирова Хосият, Қурбонова Розия, Мавлонова Робия, Мелиқулова Уғулой, Мирашӯрова Битоҳира, Мирзобобоева Муҳаррам, Миролимова Хосият, Мӯъминова Назокат, Маҷидова Зайнаб, Назарова Гулхонум, Нӯъмонова Обида, Отабоева Ҳоҷархон, Пирназарова Хосият, Пӯлодова Тӯхта, Расулова Ҳоҷирахон, Раҳмонова Сайлӣ, Розиқова Хурсанд, Раҷабова Сайла, Рофиева Зебӣ, Саидова Адолат, Сармина Анна Федоровна, Сулаймонова Ҳалимахон, Тоҳирова Ҳамро, Умарова Хайрӣ, Урунова Ҷонон, Холбобоева Мингиш, Худоёрова Гулмаст, Холиқова Қӯзигул, Ҳотамова Турсунбӣ, Шерматова Холбиш, Ширинова Ҳалимахон, Эргашева Ҷаҳон, Юрева Клавдия Тарасовна, Ятимова Шарифа ва …

Чун имкони ҷой додани маъмумотро дар хусуси ҳар яке аз қаҳрамонҳо дарёфт накардем, лозим донистем чанде аз эшонро ба хотири ошноӣ (аз касбу кори гуногун) чун намояндаи бонувони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ барои муаррифӣ ба хонанда интихоб намоем:

ЗОИРОВА  САЙФУРА

ЗОИРОВА  САЙФУРАҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948)

Соли 1921 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст.

Пахтакор. Колхозчӣ, сардори бригадаи пахтакорӣ, мудири боғчаи бачагонаи колхози ба номи М.И.Калинини ноҳияи Куйбишев (ҳозира А.Ҷомӣ) буд. Солҳои 1947-1948 ҳосили фаровони пахта рӯёнидааст.

Барои меҳнати шоён бо 2 ордени Ленин, медалу Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

РАҲМОНОВА  ЗИЛОЛ

РАҲМОНОВА  ЗИЛОЛҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1951)

Соли 1929 дар деҳаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.

Пахтакор. Сардори звено, сардори бригада, муовини раиси деҳот. Соли 1950 ҳосили фаровони пахта рӯёнидааст.

Барои меҳнати шоён бо 2 ордени Ленин, медалу Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

АШӮРОВА  ҚИМАТ

АШӮРОВА  ҚИМАТҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957)

Соли 1915 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.

Пахтакор. Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон. Солҳои 1934-1958 сардори звено ва бригадаҳои пахтакории колхози «Тоҷикистони Сурх», 1958-1960 раиси колхози ба номи Дзержинский, 1960-1971 раиси деҳоти Дурбат.

Барои меҳнати шоён бо ордени Ленин, медалҳо (аз ҷумла бо 10 медали тилло, нуқра, биринҷии НКХХ СССР), Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

ХУДОЁРОВА  ГУЛМАСТ

ХУДОЁРОВА  ГУЛМАСТҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966)

Соли 1924 дар деҳаи Шӯркои ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.

Пахтакор. Колхозчӣ, сардори бригадаи пахтакори колхози «Правда»-и ноҳияи Москва (ҳозира Мир Саид Алии Ҳамадонӣ). Иштирокчии Съезди 17-уми ПК Тоҷикистон.

Барои меҳнати шоён бо ордени Ленин, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

СӮФИХОНОВА  ФОТИМА

СӮФИХОНОВА  ФОТИМАҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960)

Соли 1928 дар деҳаи Паткуноби ноҳияи Қалъаихуми ВМКБ таваллул шудааст.

Кирмакпарвар. Кирмакдори номии колхози ба номи Юлиус Фучики ноҳияи Қалъаихум. Аз ҳар қуттии тухми кирмак муттасил 110-115 кг пила гирифтааст. Дар рушди соҳаи кирмакпарварӣ саҳми арзанда дорад. Қаҳрамонмодар.

Барои меҳнати шоён бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва «Нишони Фахрӣ»-ю медалҳо (аз ҷумла медали тилло ва биринҷии НКХХ СССР) мукофотонида шудааст.

ПИРАКОВА  ГАВҲАР

ПИРАКОВА  ГАВҲАРҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965)

Соли 1942 дар деҳаи Бӯйдоқободи ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шудааст.

Механизатор. Механизатори хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон. Фаъолияти меҳнатиаш аз колхозчии оддӣ оғоз гардида, баъдан дар вазифаҳои ҷонишини раис, котиби ташкилоти комсомолӣ, сардори бригадаи комплексии пахтакории колхози ба номи В.И.Ленини ноҳияи Восеъ, котиби ташкилоти партиявӣ, ҷонишини раиси колхози ба номи С.М.Кирови ноҳияи Восеъ кор кардааст.

Барои меҳнати шоён бо ордени Ленин, медалу Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

ҚУРБОНОВА  РОЗИЯ

ҚУРБОНОВА  РОЗИЯҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965)

Соли 1937 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст.

Ресанда. Ҷонишини директори Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе. Планҳои панҷсолаи 7 ва 8-ро пеш аз мӯҳлат иҷро карда, сазовори унвони зарбдори меҳнати коммунистӣ шудааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 9) буд.

Барои меҳнати шоён бо 2 ордени Ленин, медалу Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

МАҶИДОВА  ЗАЙНАБ

МАҶИДОВА  ЗАЙНАБҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1973)

Соли 1928 дар деҳаи Қайрағочи ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) таваллуд шудааст.

Пахтакор. Солҳои 1946-1957 колхозчӣ, 1957-1960 говҷӯш, 1961-1963 мудири ферма, 1964-1975 сардори бригадаи пахтакорӣ буд, ки дар натиҷа ҳосили баланди пахта рӯёнида, барои хизматҳои шоён бо 2 ордени Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

МАҲМУДОВА  МУҲАББАТ

МАҲМУДОВА  МУҲАББАТҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968)

Соли 1923 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) таваллуд шудааст.

Омӯзгор. Аълочии маорифи халқ, муаллими хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон.

Барои меҳнати шоён бо ордени Ленин ва медалу Грамотаҳо мукофотонида шудааст.

АБДУЛЛОЕВА  СИПОРАТ

АБДУЛЛОЕВА  СИПОРАТҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980)

Соли 1932 дар шаҳри Пан­ҷакент таваллуд шудааст.

Пешқадами истеҳсолот. Корманди пешқадами Иттиҳодияи истеҳсолии заводи коркарди тамоку.

Барои меҳнати шоён бо 2 ордени Ленин, ордени «Нишони Фахрӣ», медалу Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

 

Дар ҳошияи мавзӯъ:

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲКТ

Шодӣ Шабдолов«Қаҳрамони меҳнати сотси­алистӣ – ин мукофоти баландӣ давлатӣ буд, ки ҳар касро насиб намегардид. Танҳо арзандаҳо соҳиби он мегаштанд. Лекин касе агар онро сазовор мешуд, дигар ифтихори умумииттифоқиро соҳиб мегашт. Эҳтиромаш дар ҷомеа меафзуд. Ном мебаровард. Шинохта мешуд.

Ин танҳо як мукофоти оддӣ набуд. Мукофоти бисёр баланде буд, ки ҳатто раисону мансабдорони зинаи баланд орзуи соҳиб шуданро ба он мекарданд, аммо кам касон аз байни онҳо шарафёб ба ҳамчунин як унвоне мешуданд. Аксаран мардуми оддии заҳматкаш – кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ: деҳқон, говҷӯш, чӯпон, ронанда, усто, муҳандис, намояндагони маориф, олимону донишмандон соҳиби ин мукофот шудаанд.

Аз кормандони ҳизбӣ низ арзандаҳо соҳиби ин мукофоти олӣ мешуданд. Масалан, Мирзо Бобоев аз ҷумлаи котибони комитети марказӣ аввалин нафарест дар мақоми хеш, ки дар он замон Қаҳрамони Меҳнати Cотсиалистӣ шуда буд.

Имтиёзҳои зиёде доштанд Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотси­алистӣ дар ҷомеа. Яке аз имтиёзҳояшон ин нафақаи баланд буд, ки баъдан онҳоро бо эҳтиром нафақахӯри умумииттифоқӣ мегуфтанд. Суфро Боқиева аз қабили бонувони гирандаи нафақаи умумииттифоқӣ буд.

Охирон шахсе, ки дар давлати Иттифоқи Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро гирифт, ин Имомназар Хоҷаназаров, собиқ раиси колхози ба номи Калинини ноҳияи Ашт буд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки як мукофоти баробарвазни Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис ва заҳматкашони воқеан арзанда бо ҳамчунин як мукофоти баланди давлатӣ сарфароз гардонида шаванд. Масалан, Қаҳрамони Меҳнати Тоҷикистон. Меъёри интихоби қаҳрамон танҳо меҳнати ҳалоли ӯ бошад. Мардум ҳавасманд мешаванд».

 Гулноза бобомуродова

:.  Иҷтимоъ 22.05.2012 06:56 4440

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz