Алимент-мероси ягонаи муҳоҷир ба фарзанд?
Лариса Александрова, ҳуқуқшиноси Маркази ҳуқуқи инсон мегӯяд, феълан яке аз масоили доғи даври домани занҳо нишаста, ин аст, ки бархе аз мардони муҳоҷир ҳамсарони худро талоқ медиҳанд ва онњоро ҳамроҳи чанд фарзанд амалан бидуни таъмини манзил ва маош мегузоранд. Ин ҳолат дар навбати худ мушкилии фаровонеро ба бор меорад. Аввалан, зани аз шавҳар ҷудошуда мехоҳад ба хонаи волидайнаш баргардад, вале волидайни ў на ҳамеша моиланд, то сарпарастии вай ва фарзандонашро бар зимма бигиранд. Хонаводаи шавҳар низ ба зани талоқдодаи фарзандашон муносибати шоистаеро раво намебинанд. Билохира, зан ногузир ба мақомот, аз ҷумла мақомоти судӣ муроҷиат мекунад, то ҳаққи худро биситонад. Лариса меафзояд, муроҷиат ба мақомоти судӣ низ на ҳамеша мушкилоти занҳоро ҳал мекунад. Суд, агар барои содир кардани алимент ва маскун сохтани зан дар ҳавлии шавҳар ҳалнома содир кунад њам, аз як ҷониб пайдо кардани муҳоҷир дар хориҷ аз кишвар барои ситонидани алимент ба далели надоштани ҷойи доимии истиқомат хеле сангин аст ва аз ҷониби дигар дар ҳавлии шавҳар маскун кардани зан низ душвориҳо дорад. Ба гуфтаи Лариса, дар таҷрибаи кориаш дидааст, ки роҳҳали манзили зисти занҳои талоқдида ба тариқи маскун сохтан дар ҳавлии шавҳар, ки одатан онҷо волидайни шавҳар ба сар мебаранд, номувофиқ аст. Зеро низоъҳои хонаводагӣ ва дахолати мустақими волидайни ҳамсар ба зиндагии зан идома мекардааст. Аммо масъалаи алимент печидагиҳои дигар дорад, мегӯяд Лариса. Дар ин масъала ҳалномаи судҳо тақрибан амалӣ намегардад, зеро пайдо кардани муҳоҷире, ки ҳамсари худро бо 4 ё 5 тифли ноболиғ талоқ додааст, аз кунҷу канори як давлати хориҷӣ кори осоне нест.
Роҳҳалҳои ситонидани алимент
Бо ин вуҷуд, ҳанӯз на ҳамаи мардони муҳоҷир ба ҳангоми талоқ додани ҳамсари худ далели ин тасмимро ошкор мекунанд. Таври маълум, муҳоҷирон ё ба тариқи телефон ва ё пайёмак (смс) лафзи талоқро баён месозанд ва ба ин тартиб ҳамаи масъулиятро аз дўши худ салбшуда меҳисобанд. Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, бархе муҳоҷирон, ки ҳамсарони худро бо ин шева талоқ медиҳанд, дар бораи пардохти алимент огаҳӣ надоранд. Ба пешниҳоди вай, ин мушкилӣ чанд роҳи ҳал дорад. Аввалан, бояд махзани (база) ягонаи алиментсупорандаҳо тартиб дода шавад ва ба таври бояду шояд дар фурудгоҳу вокзалҳои роҳи оҳани кишвар аз он кор гирифта шавад. Яъне, то он ки “қарздор” алиментро насупорад, иҷозаи вуруду хурўҷро надошта бошад. Роҳи дувум-мизҳои шиносномадиҳӣ аст. То он ки алиментсупоранда ҳаққи фарзандонашро напардозад, набояд шиноснома бигирад (маъмулан барои шиносномаи хориҷӣ муҳоҷирон ба мизҳои шиносномадиҳӣ коруфтода мешаванд). Ниҳоят роҳи савум-кор бо диаспораҳои тоҷикон дар хориҷ аст. Ба таври мисол, тақрибан дар ҳар шаҳри Русия ҷамъияти тоҷикон фаъол аст. Агар ин роҳ бо самар истифода шавад, пайдо кардани муҳоҷирони “саркаш” душвор нахоҳад буд.
Вале бархе аз коршиносон пешниҳод доранд, ки дар ин роҳ аз таъсири ходимони дин низ бояд кор гирифт. Райҳона Ҳақбердиева, раҳбари созмони ҷамъиятии “Дилафрӯз” аз шаҳри Қурғонтеппа, мегӯяд, аз он ки таъсири ходимони дин бе асар нест, бояд эшон ҳам дар ин кор бе тараф набошанд. Райҳона мегӯяд, дар масоҷид бояд ходимон бо ояту ҳадис ба мардон бифаҳмонанд, ки бе нафақа гузоштани фарзандон ва бе далел аз баҳри зану фарзанд гузаштан кори носавоб аст.
Нахустини гомҳои мақомот барои ситонидани алимент
Анвар Бобоев, намояндаи Хадамоти муҳоҷират, мегӯяд, хадамот аллакай барои пайдо кардани афроди “саркаш” аз шеваи кор бо ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар шурӯъ кардааст. Ба гуфти ў дар баробари мушкилоти занҳои муҳоҷирон имрӯз раванди дигар – муҳоҷир шудани занҳои тоҷик боиси нигаронӣ аст. Ба иттилои ин мақом, танҳо дар соли 2011 расман аз маҷмӯи 750 ҳазор муҳоҷири тоҷик ҳудуди 76 ҳазорро занҳо ташкил додаанд. Вай пешниҳод дорад, ки бояд муҳоҷирати занҳо кам карда шавад. Анвар Бобоев мегӯяд, гарчанде раванди муҳоҷират аз фоида холӣ нест, аммо пайомадҳои манфии он аз ҳоло эҳсос мешавад. Яке аз пайомадҳо ин аст, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 300 ҳазор зани болиғ бе шавҳар мондааст. Ҳамчунин дурии падари хонавода аз канори фарзандон бисёре аз бачаҳои муҳоҷиронро саркашу бадкор кардааст. Ба иттилои афроди огоҳ, фарзандони аз назорати хонавода дурмонда қодиранд амалҳои ғайри қонунӣ содир кунанд ва даст ба ҷиноят бизананд. Ин ҳам аз пайомади манфии муҳоҷират аст, ки аксари наврасон худро оянда ҳамчун муҳоҷир дидан мехоҳанд.
Баррасии муҳоҷират дар расонаҳо
Бахши дигаре аз коршиносон мегӯянд, бурду бохти муҳоҷират дар ВАО хеле кам баррасӣ мегардад. Иброҳим Усмонов, таҳлилгари Васоити ахбори омма, мегӯяд, гарчанде тибқи иттилои ғайри расмӣ бештар аз 1,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон муҳоҷир аст ва ин афрод зиёда аз 2 баробари буҷаи кишвар дар сол даромад меоранд, аммо дар расонаҳо зиндагии муҳоҷирон тасвири назаррас надорад. Ба пешниҳоди Иброҳим Усмонов, расонҳо бояд аз сарнавишти занону фарзандони муҳоҷирон, аз таъсири ин раванд ба давлату давлатдорӣ ва дигар паҳлуҳои ин масъала бештар нависанд.
Дар хотимаи мизи гирд роҳҳалҳои зиёде барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирону муҳоҷират пешниҳод гардид. Аз ҷумла васеътар кардани инъикоси ин мавзӯъ дар расонаҳо, ташкили як соати телевизиони ҷамъиятӣ дар Шабакаи аввали ТВТ дар ҳафта, ташкили як фонди кўмак ба занҳои муҳоҷирон, талоши бештари фаъолони ҷамъиятӣ барои рафъи ин мушкилот...
Аммо мақбултарин пешниҳод ин буд, ки бояд ҳар чи бештар ҷойҳои муносиби корӣ бо маоши қонеъкунанда дар дохили кишвар таъсис шавад. Дар ғайри ин сурат, аз дусар зиён ва авоқиби номатлуби муҳоҷират рафъ нахоҳад гардид.
С. Ҳалимзода