раиси ҲХДТ дар ноҳияи Қумсангир, гуфт, ки то ҳол 45-50% деҳотиён ба он боваранд, ки духтари таҳсилкардаро ба арӯсӣ намегиранд. Мебояд дар пайи бедории фикри мардум шуд ва қолабҳои хурофотиро шикаст. Ростӣ, агар ҳар бону-узви ҲХДТ, ки дар ноҳияи Қумсангир теъдодашон ба 900 нафар мерасад, моҳе ду нафар сокини русторо аз тариқи сӯҳбатҳои инфиродӣ ба таҳсил даъват намояд, мушкили бесаводӣ ҳалли худро меёбад.
мудири бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сабабҳои бетаваҷҷӯҳии духтарони рустоиро ба таълиму тадрис аз маҳдудияти имкониятҳои иқтисодии оилаҳо медонад. Дар асл, мегӯяд ӯ, духтарони русто шавқу ҳаваси хондан доранд, аммо квотаи президентӣ барои таҳсил дар мактабҳои олӣ на ба ҳамаи хоҳишмандон мерасад. Имрӯз 60 нафар бонуи ноҳия дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият дорад, аммо асосан аз ҳисоби шаҳрвандони маркази ноҳия.
сокини шаҳраки «Дӯстӣ», иброз медорад, ки барои аҳолии маркази ноҳия, ба хусус бонувони бадахшонӣ маълумоти олӣ гирифтан ҳатмӣ аст. Рустоиҳо бошанд, акнун кам – кам дарк кардаанд, ки бе маълумоти касбӣ ба шавҳар додани духтарон чӣ оқибате дар пай дорад.
Аммо Таҳмина Ҳасанова, донишҷӯйи бахши аввали факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДҚ ба номи Носири Хусрав, мегӯяд, ки маънавиёти ҷомеаи баъзе деҳот ба дараҷае паст аст, ки духтарони таҳсилкардаро арӯс намегиранд. Солҳое, ки бо либоси мактабӣ аз роҳи деҳа мегузаштам, занони қади кӯча нишаста, мегуфтанд: «Эй духтар! Чӣ мекунӣ мактаб хонда, ба ин ҳусну ҷамоле, ки дорӣ, ҳайф мешавӣ, дигар туро ҳеҷ кас намегирад». Таҳмина орзуи муфаттиши милитсия шудан дошта, тафтишоту кофтукобро дӯст медорад. Аз ӯ суол мекунам: – Мабодо рӯзе номзади ояндаат шарт гузорад, ки ё тарки касб мекунӣ, ё ҷудо мешавем, кадомро интихоб мекунӣ? 