То панҷсолагӣ духтараки аҷаб зебою шӯху беқарор буд. Бо амри тасодуф сахт лат хӯрду дигар натавонист дуруст роҳ равад. Зодмандон бо умеди шифо ёфтани ҷигарбанд дари тамоми беморхонаву духтуронро кӯфтанд, аммо ба дарди ӯ дармон наёфтанд. Кӯдакони имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дошта он айём танҳо дар мактаб-интернатҳо таҳсил мекарданд. Аз ин рӯ, ӯ дар мактаб-интернати маъюбони ноҳияи Ҳисор дониш гирифту пас аз соҳиби номаи камол шудан, соли 1985 ҳуҷҷатҳояшро ба Техникуми молиявии шаҳри Душанбе супурд.
Ин давраи рӯзгор барои Зебо Саломатова фаромӯшношуданист. Вақте ки мошин дар назди бинои техникум истод, аз ҳаяҷони зиёд натавонист аз он берун ояд. Падар ҳоли ҷигарбандашро дида гуфт: «Духтарам, ту бояд тарсу ваҳмро як сӯ монда, ба пеш қадам гузорӣ. Ё ҳозир, ё ҳеҷ вақт!».
Зебо бо азобе худро идора мекард. Ба хаёлаш ҳама ба ӯ менигаранд. Вақте аз имтиҳонҳои қабул гузашт, аз шодӣ гӯё болу пар баровард ва ба назараш санги вазнинеро аз китфонаш дур афканда бошад. Мехост ба тамоми овоз фарёд занад: «Ман тавонистам донишҷӯ шавам…».
Пас аз хатми ин боргоҳи ҳунар ба заводи чарми шаҳри Душанбе ба кор омада, 14 сол фаъолият бурд. Аҳли кормандон Зеборо эҳтиром ва кордонияшро қадр мекарданд. Низом дар корхона сахт буду интизоми ҷиддиро тақозо дошт. Барои нафарони имконияти маҳдуддошта низ гузашт набуд. Саргарми кори муҳосибӣ Зебо маъюбии хешро аз ёд баровард. Барои сайқал додани дониш аз курсҳои муҳосибӣ борҳо гузашт. Ин бонуи қавиирода 11 соли дигар дар Идораи кабудизоркунии шаҳри Душанбе заҳмат кашид. Ҷавони бомаърифате ба Зебо дил баст. Зебо бори аввал хостгории ӯро рад намуд. Ниҳоят, пас аз дуву ним соли талошу пофишорӣ ба ҷавон муяссар гардид, ки дили Зеборо ба даст орад. Алҳол онҳо ду фарзанд доранд.
Бо гузашти солҳо вазъи саломатии Зебо бад шуд ва дигар натавонист корро дар ин макон давом диҳад. Ду соли охир ин бонуи дар талоши ҳаёт дар Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» (соли таъсисаш 1998 ), ҳамчун нозир оид ба кор бо маъюбон фаъолият дорад. Ӯ мекӯшад дили ҳар нафареро, ки ба ин даргоҳ қадам мемонад, бо ширинзабонию меҳрубонӣ бардорад. Зеро нафарони имконияташон маҳдуд аз ҳама зиёд ба лутфу сухани ширин ниёз доранд. Кормандони ҷамъият тамоми кӯшишҳояшонро ба харҷ медиҳанд, ки нафари имконияташ маҳдуд худро нотавону барои ҷомеа нозарур эҳсос насозад, талош варзад, ки вай низ шахси арзандаи ҷомеа аст.
Ҳадафи асосии ҷамъият дастгирии ҳамаҷонибаи маъюбон аст. Ин макон ҷоест, ки маъюбонро дастгирию пазироӣ менамояд ва аз дарди дили онҳо бохабар мешавад. Кормандони «Имконият» бо малулон чунон муносибате мекунанд, то ки онҳо дигар худро танҳову нотавон ҳис накунанд. Онҳо бо лаҳни хуш дилшикастагонро ба зиндагии шоиста дилгарм месозанд, муттако мешаванд. Дар ин ҷо ҳуқуқшиносон низ фаъолият мебаранд ва аз ҳуқуқи нафарони имконияти маҳдуддошта дифоъ менамоянд.
Бо саъю кӯшиши Зебо Саломатова ва кормандони даргоҳ беш аз 30 нафар ҷавони имконияти маҳдуд дошта, рафиқи ҳаётии худро ин ҷо пайдо намуда, оиладор ва соҳиби фарзандон гаштааст. Феълан, беш аз 2500 нафар узви ин ташкилот аст. «Имконият» курсҳои махсуси омӯзишии забонҳои хориҷӣ ва дӯзандагию муҳосибиро ба роҳ мондааст, ки ҷавонони маъюб метавонанд ройгон касбу забон омӯзанд. Ташкилот ба онҳо имконият фароҳам меорад, ки худро ҳамчун шахси барои Ватан ва ҷамъият зарурӣ эҳсос намоянд ва дар рушду пешрафти кишвар саҳми босазо гузоранд.
Дар ин ҷо ба модароне, ки тифли имконияташ маҳдуд доранд, маслиҳат медиҳанд то руҳафтода нашуда, фарзандонро ҳамчун нафарони қавиирода ва дорои маданияти баланд ба воя расонанд. Ташкилот барои кӯдакон чорабиниҳои идона ташкил карда, баҳри болидахотирӣ, барои онҳо сайру саёҳат ва дидани ҷойҳои тамошобоб¬ро ташкил менамояд. Ҳамчунин, дар нуқтаҳои дилхушӣ барои хушҳол кардани табъи маъюбон пайваста базмҳои идона ороста мешаванд. Дар баробари ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нафарони хайрхоҳ низ кам нестанд, ки дар арафаи иду ҷашнҳо ба ҷамъият ёрии моддӣ мерасонанд.
Саъю талош ва кӯшиши кормандони Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» дар мададу болидаруҳии нафарони имконияташон маҳдуд шоистаи таҳсин аст.
Мадина БАЛАҶОНОВА