Аз миёни чашмаҳои зиёди шифоии минтақа ба таври анъанавӣ аксари кулли мизоҷон барои истироҳату фароғат ва табобати бемориҳо «ГАРМЧАШМА», «АВҶ» ва «БИБИФОТИМАИ ЗАҲРО»-ро интихоб мекунанд. Аз лиҳози илмӣ пурра омӯхта шудану тарғиби хусусиятҳои хоси табобатии ин чашмаҳо боиси афзудани маъруфият ва шӯҳрати онҳо дар байни шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар шудааст.