Соли сеюм аст, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон наврасону ҷавонон ва алоқамандони илмҳои дақиқ бо ҷаҳду талош ва умеду боварҳои дурахшон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» савияи дониши хешро месанҷанд ва атрофиёни худро барои бештар аз худ кардани илмҳои ба замони муосир пайванди амиқ дошта ҷалб месозанд.
Дар соли 2023 низ дар ин Озмуни бонуфуз, ки муҳимтарин иқдоми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди зеҳнии қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ гардидааст, 579 нафар довталаб аз тамоми гӯшаву канори кишвар сабқати илму дониш дошт ва 133 нафар дар даври ниҳоӣ, дар фазои тантанавӣ барои комёбиҳои илмӣ қадр гардид.
Озмун аз рӯйи 7 номинатсия: математика, физика, астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар чор давр тавонист донишмандони илмҳои замонавиро муаррифӣ намояд.
Ҷоизаҳои хосаи Сарвари давлат, мукофотҳои пулӣ, имтиёзҳои фаровон хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва олию касбиро ба омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ дилгарм ва ширкати фаъолона дар ин озмун намуд. Барои хонандагони синфҳои 11, имтиёзи махсус пешбинӣ гардид, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Зодмандону омӯзгорон низ аз ин имтиёзҳо руҳбаланд гардида, фарзандону шогирдонашонро дар тақвияти илмомӯзӣ тарғиб менамоянд.
Дар рушди тафаккури техникӣ ва азхудкунии донишҳои муосир дар фазои илмии кишвар Озмуни ҷумҳуривии «Илм-фурӯғи маърифат» инқилобе овард. Инқилоби омӯхтану андӯхтан ва дар амал татбиқ кардани донишҳои дақиқ, ки зиндагии шоистаро дар замони муосир бе донистани ин илмҳо тасаввур намудан амри маҳол аст.
Нахустшоҳҷоизаи Озмунро омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҷарроҳи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов, ба даст овард.
Ҷаҳонгир дар Озмун аз номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ширкат варзида, бо пешниҳоди амалиёти ҷарроҳии барқарорсозии суфраи гӯш ҳангоми осебҳо бо истифодаи флейпи чаккавӣ ва тағояки аз гӯши солим гирифташуда пешниҳод намуда, сазовори мақоми баланди Шоҳҷоиза бо маблағи 70 000 сомонӣ гардид.
Шоҳҷоизадори аввалини Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» Ҷаҳонгир Дадаҷонов ғалабаи хешро оғози марҳалаи нави кӯшишу такопӯ, омӯхтани бештар ва худфидоӣ дар роҳи илми тиб медонаду бо ҳисси ифтихор ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии олимони ҷавон изҳори сипос намуда, баҳри рушди илми тиб дар кишвар саҳми хешро мегузорад.