Раиси рустои Дарморахт китоби рабударо аз “китобрабоён” биситонд ва мехост бо узру маъзарати бисёре бозпас ба соҳибаш, ки қаландаре шайхсурату одаме нексират менамуд, бидиҳад, он пир напазируфт ва бо чеҳраи хандону илтифоти бекарон даст ба дуо бурд ва бигуфт: – Худовандо, гуноҳи ин мардумонро бибахшой, бад-он хотир, ки онон ҳариси илму ташнаи донишанд, дар ҳоле ки заифу нотавон ва аз шиддати гуруснагӣ маҷоли сухангӯйӣ надоранд.
«Афсонаҳо»-и воқеӣ
Гулнор, ин ривоятро борҳо аз падараш Давлатёр шунида буд. Боре Гулнора ҳангоми афсонагӯйӣ нақли модарро то охир гӯш накард ва чун модар сабабро ҷӯё шуд, Гулнора бо нози кӯдакона гуфт: – Ҳамаи афсонаҳои шумо дурӯғанд. Вақте ки калон шудам ба бачаҳоям фақат афсонаҳои ҳақиқиро мегӯям. – Падарро аз суханони духтар ханда омад ва ба Гулнора гуфт: – Хайр духтари азизам, ҳоло бигӯй замоне ки калон шудӣ, боз чӣ кор мекунӣ? – Ман калон шавам, мисли Носири Хисрав олиму ҳаким мешавам. Модар он вақт аз суханони тифлонаи духтар ангушти ҳайрат газида буд, вале ҳоло шукргузору хушнуд аз он аст, ки орзуи тифлонаи духтараш ҷомаи ҳақиқат ба бар кардааст. Ҳангоме ки гап дар бораи айёми кӯдакии Гулнора меравад, амаки Давлатёр ба ҳамсӯҳбат он воқеаро нақлкунон мегӯяд: – Ҳоло бубин, ки ҳамон суханони тифлонаи духтарам чӣ гуна фоли неке баромаданд.
Муддати як сол аст, ки Гулнора Хуҷамова директори Боғи набототи Помир ба номи А.В.Гурский аст. Ҳангоми таҳсили донишгоҳу аспирантӣ боре ҳам ба гӯшаи хотири ӯ фикре наомада буд, ки рӯзе роҳбарони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков бори сарварии Боғи набототи Помирро ба китфони нозуки ӯ мегузоранд. Зотан ӯ кори илмиро аз роҳбарӣ болотар медонист ва ҳамарӯза амалияи ташхису гузоришнависиро дар санҷишгоҳ анҷом медоду навъсанҷиву мушоҳидаҳоро дар китъачаи таҷриба. Шояд самараи ҳамон талошҳову ҷустуҷӯйҳо буд, ки рисолаи номзадиашро дар соли 2006 таҳти роҳбарии олими шинохта, доктори илмҳои биологӣ Довудшо Наврӯзшоев дар Маскав муваффақона дифоъ намуд. Пешниҳоди ӯ ба сифати директори Боғ каме мушаввашаш сохт. Охир ӯ ният дошт то рисолаи докториро ҳимоя намояд. Вақте ӯ беҷуръатона ризоят дод, директори Пажӯҳишгоҳи биологии Помир Оғоназар Ақназаров аз норизоятии ӯ пай бурд. ӯ бо овози омиронааш хитоб кард:-Ҳамкорони гиромӣ! Барои ҳама маълум аст, ки Боғи набототи Помир дар ҷаҳон номдор аст. Кулли меҳмонону хориҷиён орзуманди дидор аз ин Боғ ҳастанд. Бо вуҷуди масъулияти зиёд доштан, гапи ман қатъист: – Гулнора шумо ҳам рисолаи докториро менависед ва ҳам аз фардо роҳбарии Боғро ба дӯш мегиред.
Гуле аз гулбоғ
Ин субҳ баъд аз ҷаласаи пагоҳирӯзӣ бо ӯ қадамзанон дар таҷрибагоҳҳову гулгаштҳои боғ ҳамсӯҳбат шудем.
• Чаро мавзӯи илмиатро дар робита ба гул интихоб кардӣ ва ё ин ҷо шояд ягон сирре нуҳуфта бошад, яъне «худат гул, номат гул...»
• Ростӣ ин ҷо сирре нест (механдад). Зан худ таҷассуми гул аст ва то ҳадде ки ман иттилоъ дорам, аксари рисолаҳои номзадиву докториро, ки марбут ба гулу анвои буттаву растаниҳои ороишианд занон дифоъ кардаанд.
• Пас гули дӯстдоштаатон кадом аст?
• Манзуратон чист (механдад)?
• Бубахшед, ман растанӣ ё гулгиёҳро дар назар доштам.
• Фаҳмидам. Гули дӯстдоштаам, мавзӯи рисолаи номзадиам ва ризқи пайдокардаам гули кавкаб (георгина) аст.
• Ин гулпарастӣ бо зебоипарастиву муҳити биҳиштосо то андозае табъатонро нозуку ҷисматонро латиф намесозад?
• Ман дар хона ягона дастёри падару модарам, зеро хоҳару бародари дигаре надорам. Ана ҳамон вақт меҳри гулпарвариро модарам Бибиатр дар дилам ҷо карда буд. Дар мавриди ҷойи корам ҳаминро мегӯям, ки Боғи набототи Помир мисоли ёқуту лаъли Бадахшон бебаҳост ва дар чаҳон ягона боғу муассисаи илмию тадқиқотӣ ва илмию маърифатиест, ки дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Боғ 624 гектар замин дошта, ҳудудан аз панҷ қисмат иборат аст. Хазинаи растаниҳои Боғ аз 4000 намуд ва навъхо иборат аст. Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаёти растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст.
• Ҳамасола гармхона, гулхона ва ниҳолхонаи Боғи наботот барои хоҷагиҳои ВМК Бадахшон ба миқдори шаш ҳазор бех ниҳолҳои дарахтону буттаҳои ороишӣ ва сӣ ҳазор кӯчати гулҳои гуногунро таҳия мекунад. Барои ман муҳити эҷодӣ ва манзараҳои Боғи набототи Помир дилписанданд. Вале...
• Чӣ вале?
• Медонед, идоракунии муассисаи калон заҳмати калон дорад...
• Яъне киштии калонро баҳри калон мебояд.
• Гапатон билкул саҳеҳ аст. То соли 2010 мушкилоти дигар ва асосии мо камбудии об дар фасли тобистон буд. Хушбахтона, дар соли сипаришуда ва дар арафаи ҷашни мубораки Ваҳдат Боғи мо аз тарафи Сарвари кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун армуғон ду обкаши иқтидори 500 киловатта гирифт ва камбудии об бартараф гашт. Аҷобати кору мавқеи ҷойгиршавии боғро бубинед. Дар болои суфакӯҳи баланд ҷой гирифтааст. Аз тарафи рости боғ дар тангнойи амиқ дарёи сероби Шохдара равон асту аз тарафи чап дарёи пурталотуми Ғунд саркашона мегузарад
• Яъне об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем.
• Бешак.
Ӯ бо муҳаббат дар сайронгоҳи боғ аз назди ниҳолҳое мегузарад, ки дар зери ҳар ниҳоле номи рустанӣ ва ватани аҷдодии он бо алифбои тоҷикиву лотинӣ навишта шудааст.
Аз мардон танҳо як тақозо дорад: муҳаббату дӯстдории шавҳар ба зан ва аз падарон ба духтарон.
Ӯ бар ин андеша розист, ки:-Занро мазанед, – ҳатто бо шохаи нарми гул.
Довудшоҳи Сулаймоншоҳ