Ӯ ба ман қисса кард:«Рӯзе ҳаво борониву сард буду ошхонаи мо, ки шароити хуби зимистона надорад, сардтар аз берун буд. Духтарам хоҳиш кард, ки барои пухтани торт маводи заруриро бихарам, то ӯ ширинӣ бипазаду мо чун одати маъмул рӯзҳои истироҳатии шанбеву якшанберо сарҷамъона, бо тановули анвои хӯроки лазиз, ҳазлу мутоиба, шӯхиву бозиҳои гуногун бо ҳам, хуштар бигзаронем. Барояш гуфтам, духтарам, биё дар ин хунукӣ худатро азоб надеҳ. Вале ӯ ҳеҷ намехост тибқи анъанаи дар чунин рӯзҳои сарҷамъиямон, ки ҳар касе бо як коре ҳамдигарро хурсанд мекунанд, аз «маърака» берун монад. Ба вай чизе нагуфта, оҳиста аз дар баромадам, ба мағозаи тортфурӯшӣ рафтаму болаззаттарину қашангтаринашро харидорӣ кардам. Оҳиста болои мизи ошхона бе ҳарфу ҳиҷо гузоштаму сир бой надодам. Баъди лаҳзае духтарам дар гарданам овезон, аз рухсораҳоям мебӯсиду изҳори хурсандӣ мекард. Ҳамсарам бо табассуми ташаккуролуда ба ман менигарист. Хурсандии писарчаи хурдиамонро ҳадду канор набуд. Баъд аз соате аҳли байт сари дастурхон хандаву шодӣ доштанд ва ман ба худ меандешидам, ки барои хушбахтӣ ҳадя кардан ба онҳо ҳамагӣ як қадам бо мақсади мушаххас гузоштан кифоят асту баъзан мо инро намедонем.
Баъд аз чанд лаҳзае ҳама пайи коре шуданду аз чашмони ҳамсарам хастагиву ҳузнро хондам. «Ку биё занак, қисса бикун, ки имрӯзи корият чи тур гузашт?», - гуфтам ба вай. Лаҳзае нагузашта ҳамсарам асабонияти дар ҷойи кораш рухдодаро бароям қисса карду «сабук» шуд. Ва сурудеро зери лаб зам-замакунон ба дарзмоли либосҳо пардохт. Ва ман боз ба худ гуфтам, ки агар ба вай имкони гуфтани мушкилоташро намедодам ва бо ду сухани таскинбахш аз ҳолати ғамзадагӣ берунаш намекардам, мусаллам аст, ки хеле азоби рӯҳӣ мекашид. Гоҳо ҳамсӯҳбатӣ, гӯш кардани ҳамдигар ва тасалло бахшидан ба ҳам, ҷойи садҳо табобату истироҳатро ҳам мегирад. Ва хато мекунанд мардоне, ки гумон доранд бо зани худ нишаста сӯҳбат кардан ё «дарди дили» занро гӯш кардан ба мард намезебад. Набояд фаромӯш кард, ки бухси дар дил монда касро бемору рӯҳафтода мекунад. Ба ҳамдигар роз бигӯед, то эҳсос намоед, ки барои ҳам пушту паноҳед.
Рӯзи дигар писарчаи хурдиам, ки дар синфи дуюм мехонад, ба паҳлӯям болои диван ҷой гирифт. Эҳсос кардам, ки ӯ низ ба ҳамсӯҳбатӣ бо ман, ниёз дорад. Пурсонаш шудаму баъди лаҳзае мо ҳам «бокс» кардем. Баъди ҳар як «удар» - аш ман ба замин меғалтидаму вай кайф мекард. Баъди каме таърифи зӯрии бозӯҳояшро карданам хуморашро шикасту аз барам дур шуд.
Ӯро хушбахт дидаву аз дил гузарондам. Барои хушбахт кардани азизони дили ман, тӯли ин ду рӯзи истироҳатӣ каме таваҷчӯҳ кифоят кард. Бозиҳои шоҳмоту шашка ва нардиву шеъргӯяки кардаамон, ки зимни онҳо чандин комплименту ифтихорномаҳо барояшон эҳдо доштам, пурракунандаи хушбахтиҳои эшон буд. Кайфияти ҳоли ман аз дидани ин лаҳазоти хуш ба андозае буд, ки хушбахттарин мард, падар ва ҳамсар будан. Бо изҳори шодмонӣ ҳамсӯҳбатам аз ду рӯзи зиндагияш гуфтугӯро ҷамъбаст кард, вале ман андешидам, ки дар ин бора бинависам, шояд ин як зиндагии гуворову оддӣ пандест барои нафарони зиёде.
Пас, ба ҳамдигар хушбахтӣ эҳдо кардан мушкили сахте ҳам набудааст. Фақат каме таваҷҷӯҳ, дарки ҳолат, дасти бо муҳаббат дарозкардашуда, сухани саривақтӣ ва лафзи ширину меҳри ошкоро кифоя будааст, ки хонадоне хушбахт бошад.
Ба атрофиёнатон, ба аҳли нишемани хеш, лутфу муҳаббатро арзонӣ бидоред, то пеш аз ҳама худатон хушбахт бошед. Ва беҳтарин лаҳзаи умри инсон замонест, ки чашмони ғамолудаи касе бо як амали шумо хандону гиреҳи абрувони дигаре кушода ва чини пешонии ҳамагон аз ин карда ё гуфтаатон нопадид мегардад. Ва ин корро шумо бо ҳадя кардани хушбахтӣ ба ҳамдигар карда метавонед.
Ҳ. ЮсуфӢ