Модар ҳақ дошт гила аз ҳама ва ҳар чиз кунад. Охир, тирамоҳи соли 2010 ҷасади хуншори Рустами паҳлавон, ҷасур, номдор, дарёдил ва дидадарои хурду бузургашро, Рустами маҳбуби модару хоҳар, бародару падар, ҳамкору ҳамсояву ҳамсинфон ва ҳамсар, Рустами номдору варзишгар, он Рустами чун афсари амниятӣ ба родмардӣ эътирофгаштаашро даруни тобут модар ба роҳи охират дар тирамоҳ гуселонд. Оре, бори нахуст модари Рустам Розиқов подполковники Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аниқ медонист, ки писараш ба куҷо меравад. Бори нахуст роҳи рафтаи фарзанди дилбандаш барои модар аниқу мушаххас буд. То ин дам ӯ боре ба модар гуфта наметавонист, ки ба куҷо, чаро ва барои чиву иҷрои кадом вазифае меравад.
Вале инак, ин роҳ, ба маконе буд, ки охираташ мехонанд ва Рустам дигар аз он ҷо аниқ барнамегашт. ӯ дигар ҳар рӯз бе истироҳат, бе соати аниқи корӣ, қариб бе рухсативу бе ҳисоби шабу рӯз пайи кори барои модар ноошнову махфии амниятӣ намерафт. Рустами қавипайкари соҳиби «Камарбанди сиёҳ»-и ТЭКВАНДО-ро, устоди чандин ҳамсафону ҳамкоронро бо оби чашми шашқатор бо дарки он ки чи талафоти вазнине барои Кумита, чи бохте барои ҳамсояҳое, ки воқеан ошиқи маданияти рафтору муносибаташ буданд, ҷамъомадагони бешуморе ба манзили охират мегуселониданд.
Замоне, ки модар Рустами танумандашро ба ихтиёри ниҳоди амниятии кишвар дод, ифтихор дошт. Шояд то ин дараҷа намедонист, ки ӯ минбаъд батамом писари миллат аст. Тақдири баъдинаи ӯ дар иртибот ба осоиши мардум ва ҳастии Ватан аст. Дигар модар ҳеҷ гоҳе наметавонист бидонад, ки Рустам дар куҷост, кай меояд, кай меравад, кай аз сафар меояду кай ва ба куҷо ба сафар ё пайи коре меравад. Рустам Розиқов тӯли солҳо мутааллиқ ба осоишу амнияти давлат ва ҳамаи миллати тоҷик буд.
Шарифамоҳ Розиқоваи 71 сола имрӯз ба ҷуз номи нек ва ду наберае аз Рустами шаҳидаш бозмонда, боз китобе ҳам рӯйи дасташ ба ёдгор дорад, ки бо дасти хеш иншо намудаву бобе аз он дар бораи писари ҷоннисори Ватанаш ҳикоят мекунад. Модар, ки худ 6-сола аз волидайн ятим мондаву дар интернатҳои замони шӯравӣ тарбият гирифта буд, тасаввур ҳам карда наметавонист, ки дами пирӣ боз бояд сари Сиёвушу Абдуллои падаргумкардаву сағирмондаро сила кунаду дар фироқи ҷигарбанди ҷавонмаргаш шабу рӯз нолаҳо кунад.
Бо бузург гаштану соҳибмаълумот шудани ду писару ду духтараш Шарифамоҳ Розиқова ба умед буд, ки фаромӯш аз замони сангини кӯдакиҳои хеш хоҳад кард. Вале марги Рустам ва ду тифлаки дар як они воҳид ятимгаштаи писараш, вайро боз хаёлан ба он замони тифлии хеш, ки солҳои вазнини баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, мебарад.
– Кӯдакони ятими интернатӣ хислатҳои хос ва рафтори дигаргуна доранд, мегӯяд холаи Шарифамоҳ. Ба мо ҳама чиз мерасид, ба ҷуз меҳри модару падар. Мо ҳамеша мағрур будем, вале боз камгапу камҷуръат тарбия меёфтем. Шояд эҳсоси нокифоягии меҳри волидайн сари роҳамон мегашт, ки чун падардорон боҷасорату фаъол гардем. Ва ман ҳеҷ гоҳ намехостам, ки наберагонам чунин тарбияро бигиранд, – мегӯяд бо чашмони пуроб модар.
Шарифамоҳ Розиқова мактаб-интернатҳои Шаҳринаву Сталинободро бо баҳои аъло хатм кард. Ба яке аз бонуфузтарин донишкадаҳои замони шӯравӣ – Институти политехникӣ шомил гашту онро ҳам бо баҳои аъло ба итмом расонд. Ба макони «индустрияи бузург» – корхонаи «Текстиль»-и он замон номдор ба кор рафт. Хамеша сарбаланду муваффақ буд. Ягона орзуяш бо муҳаббати беинтиҳои модарӣ, ки худ умре ташналаби он буд, фарзандонашро саршор аз дӯстдорӣ калон кардан буд. Вале тақдир зарбаи миёншиканро дар синни 70-солагӣ ба нишемани пур аз меҳру вафояш зад. Рустами шоёни достонашро дар айни ширинии умраш, ки бо сар задании нооромиҳо барои таъмини осоиштагии Ватан ба Дараи Камароб мерафт, ба шаҳодат расонд. Вале модар медонист, коре нест, ки Рустами зираку закӣ, кордону ҷаққон, босаводу дидадаро ва ҳунармандаш онро бо дастони пур аз ҳунару ақлу истеъдоди нотакрораш, карда натавонад. Ва модари аз ин ҳама сарбаланду сарафрохта дар як рӯз ин ҳамаро аз даст дод.
- Вай чун ҳама афсарони амниятӣ на одати шиква кардан дошту на иҷозати сирри кориашро ба касе кушодан. Аз ин рӯ, ман намедонам аз чӣ бигӯям, – мегӯяд Наргис Розиқова ҳамсари аз ҳаёти ширини оилавӣ носери Рустам, ки чашмони бодомии ӯро ашк лаҳзае тарк намекунад. ӯ дар фироқи ёре месӯзад, ки бо чеҳраи ҳамеша кушодааш, барои ҳама азиз ва барои Наргис маҳбуб буд. Рустаме, ки ҳама паҳлавонаш мехонданду Наргис бо ӯ ифтихор дошт. Онҳоро ҷуфти зеботарини маҳалла мегуфтанд. Марде, ки барояш он рӯз ҳама ҳамсояҳо сияҳпӯш гаштанду азо гирифтанд. ӯ қадри ҳамаро медонист, дардошнову дастраси ҳамсояҳову ҳамкорон буд, – бо ғаму андӯҳ қисса мекунад, ҳамсари Рустам.
Наргис имсол ҳам рӯзи 6-октябр, рӯзи шаҳодати шавҳари ҷасураш, ки танҳо баъди маргаш бо медали «Барои ҷасорат» сарфароз гардонида шуд, ба гӯристон раҳ пеш гирифт. ӯ ба лавҳи мазори Рустам, ки худ сангашро фармоиш дода буд, даст бурд. Санги хунуки болои қабр низ дили сӯхтаашро таскин набахшид. Оташи муҳаббати ҳанӯз зиндаи шавҳараш қалбашро месӯхт, хокистар мекард. Ба вай аз талхии фироқ, аз азобҳои танҳоӣ, аз сахтии қисмат қисса карду гирист, дил холӣ кард. Ба хона баргашт, ба рахти хоби холии бе Рустами замоне хонапур, ки имрӯз нишеманхолиаш гардонида буд, нигаҳ карду фиғон кашид: «Худовандо, чаро азизи маро ба ин зудӣ аз ман рабудӣ? Дигар чӣ гуна бе ту бизиям Рустам? Дунёямро тиҳӣ кардаӣ! Дараи Камароб, ману Сиёвуши даҳсолаву Абдуллои даҳмоҳа, фарзандони сағири Рустами ҷавони 38-сола аз ту хунбаҳо металабем. Лаънат ба ҳафт пушти онҳое, ки пайи нооромиҳои Ватан дар як они воҳид 28-хонадонро хок бар сару ғам бар дар карданд. Садҳо пайвандони ин ҷавонони гулчини амниятӣ барои ким кадом фирефтаҳои хокбарсар, то абад талхии фироқи он ҷавонмаргонро хоҳанд чашид», нола мекунад Наргис. Шояд ҳазорон-ҳазор нафароне, ки аз шаҳодати Рустам ва дигар ҷавонҳои ҷавонмарг имрӯз амну осуда мехобанд, ӯро ва ҳамкорони шаҳидгаштаи вайро намешиносанд. Аммо Сиёвушу Абдулло ва волидайни Рустам азизтарин касро барои абад аз даст доданд.
«Чаро-чаро мани дар нимароҳи ҳаёт ҳайрону волидони пиру барҷомондаатро чунин талху зор монда рафтӣ, Рустам?», – шиква аз тақдир мекунад, Наргиси дар нимароҳи ҳаёт танҳомонда.
Самандар Розиқов, падари подполковники амният Рустам Розиқов, бори панҷум аст, аз дарди қалб ба утоқи беморони вазнинтарин (реаниматсия) афтода, аллакай се бор мубталои сактаи қалб гардидааст. Инак, соле аз марги фарзандашон гузашта, вале то абад ғампайванд карда.
Гиряҳои ҷонсӯзи Наргис, холаи Шарифа, Самандар Розиқов, хоҳару бародарони ӯ нишоне аз сӯхтагону пайвандони ҳамаи шаҳидоне, ки дар садамаи чархболи ба Камароб парвозӣ ва 25-нафар аскарбачаҳои навхати аз тири душманони миллату Ватан тирамоҳи соли гузашта ба ҳалокатрасида, ҳушдори он аст, ки Тоҷикистон фарзандони ҷонфидову қаҳрамон дорад, вале эй мардум, ба қадри осудагиву амният ва поси нигаҳдошти марзу буми ин диёр бирасед. Аз рӯзҳои осоиштаи он лаззат бибареду дар хотир дошта бошед, ки ҷангу нотинҷӣ ба дунболи хеш танҳо нолаву фироқ ва сӯзу гудози шоҳидонро боқӣ хоҳад гузошт.
Афсари амният. Афсаре, ки касе рутбаашро (ба ҷуз ҳамкорон) намедонанд. Касе мақому мансаб ва вазифаву натиҷаҳои иҷрои супоришҳои онро (ба ҷуз раҳбарият) наметавонад дарк созад. Афсаре, ки ҳаёти худро ба ҳифзи амнияти мардум бахшидаву шояд худ лаҳзае амн нест. Афсари амният касест, ки рӯзноманигорон дар воситаҳои ахбори омма таърифаш намекунанд. Аз дастовардҳояш пеши касе ифтихор карда наметавонад. Хизмату корнамоиҳои афсари амниятро таърих ба лавҳи ёдгори худ мегирад. Агар касе чизе ҳам бинависад, чун дар ин нигоштаи мо, наметавонад кушоду ошкоро ифшо созад, ки онҳо чӣ корҳое барои амнияти ману шумо кардаанд.
Рӯҳатон шоду хонаи охирататон обод бод Рустам Розиқов ва садҳо афсарону сарбозони амниятӣ, ки дар пайи иҷрои вазифаҳои хеш ҷон додаеду ихтисосатон ҳифзи амнияти давлату миллат аст.
Ҳуриннисо АЛИЗОДА