Чуноне Баҳрӣ Валиевна иброз дошт, Жаннар соли 2000 тавассути савдогарону ҷаллобони мошин аз Русия ба кишвари тоҷик интиқол дода шуд. Чун манфиатҳо ва комҳо бардошта шуданд, вай дигар ба касе даркор нашуд. Жаннар не маблағе барои рӯзгузаронӣ дошт ва не санаде, ки шахсияти ӯро муайян бикунад. Ҷойи зисти вай партовгоҳи шаҳраки Чашмаи шаҳри Хуҷанд буд. Хуфту хоби тасодуфӣ бо ашхоси номаҳрам боиси бемор шудани Жаннар гардид. Кормандони Созмони ҷамъиятии «Дина» ба Баҳрӣ Валиевна муроҷиат карданд, то кӯмаке барои Жаннар бирасонад. Охир Жаннар обистан ва дигар дар кӯча мондани вай аз рӯйи одобу ахлоқ ва русуми тоҷикӣ набуд.
- Чун мо аз қазияи Жаннар огоҳ шудем, вай дар зоишгоҳ қарор дошт, - қисса мекунад сарвари созмони «Диёр» Баҳрӣ Абдураҳмонова.- Дере нагузашта Жаннар духтаракеро ба дунё овард. Ба вай Уляна ном гузоштанд. Мо мактубе ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Курган, ба он ҷое, ки то омаданаш ба Тоҷикистон Жаннар ҳамроҳи волидайни хеш зиндагонӣ дошт, ирсол доштем. Баъд аз як моҳ телеграммае аз шаҳри Радужнии вилояти автономии Ханти-Мансийск расид, ки онро модари Жаннар фиристода буд. Маълум гардид, ки хонаводаи Оразилин баъди интиқоли Жаннар ба Тоҷикистон ба қисмати шимоли Русия кӯч баста буд. Модари Жаннар хоҳиши бисёр мекард, то ӯро ҳамроҳи тифлакаш ба назди вай бифиристем.
Баъди берун шудан аз зоишгоҳ Жаннар ҳамроҳи тифли ширхораш дар Маркази дастгирии бонувон ва духтарони ба номи Зебунисо Рустамова маскун шуд. Бо кӯмаки кормандони консулгарии Русия ба Жаннар на танҳо шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан, балки шаҳодатномаи таваллуди духтараш низ омода гардид. Волидайн роҳкирои духтарашонро фиристониданд. Билохира, Жаннар бо кӯмаки одамони нек, баъди фурсате аз ҷудоиҳо ба назди пайвандонаш баргашт.
- Мо ҳамзамон тавонистем як бонуи дигарро бо ду тифлаш ба Ватани таърихиаш баргардонем,- идома медиҳад Баҳрӣ Валиевна. –Ин Ибодуллоева Светлана Николаевна мебошад, ки зодаи шаҳри Толятти аст. Вай ба назди шавҳараш ба деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов омада буд. Бачагонаш чун забони ӯзбакиро намедонистанд, натавонистанд ба мактаб бираванд. Саломатиашон бинобар шароити бади хонаводагӣ чандон хуб набуд. Шавҳари Светлана дар зодгоҳаш натавонист коре пайдо бикунад.Қазияи Светлана ва мушкилоти фарзандони ӯ ба консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд матраҳ гардид. Онҳо шавҳари Светланаро бовар кунониданд, ки бозгашти ӯ бо фарзандонаш ба Русия ва таҳсил кардани онҳо дар мактаби русӣ ба манфиати ҳама аҳли хонадон аст.
Модари Светлана барои бозгашти духтару наберагонаш роҳкиро фиристод ва мо барои бозгашти онҳо ба зодгоҳашон -шаҳри Толятти ҳар чӣ кӯмаку мададе, ки аз дастамон омад, дареғ надоштем, - дар хотимаи сӯҳбат изҳор дошт Баҳрӣ Абдураҳмонова.
Тибқи омори расмӣ ҳамасола дар ҳудуди 160-180 ҳазор нафар зани тоҷик пайи дарёфти як пора нон роҳи ғарибиро пеш мегирад. Соҳибназарон мӯътақиданд, ки теъдоди воқеии онҳо ба маротиб зиёд аст. Сарнавишт на ба ҳамаи онҳо меҳрубон аст. Агар давлатмардони мо як маротиба бо бозорҳои шаҳри Сургут меомаданду ҳоли духтари тоҷикро медиданд ва тасаввур мекарданд, ки ин ҳамон хоҳару модару духтари онҳост, шояд сиёсати дохиливу хориҷии давлати мо нисбати раванди муҳочират тағйир меёфт?! Он бонувон аксар дар болои «КАМАЗ»-ҳои пур аз картошкаю себу помидори пӯсидаю гандидаю бадбӯй, аз субҳ то шом ба «сортировка» машғул ҳастанд. Аксари эшон шиносномаю ҳуҷҷат надоранд, зеро хӯҷаини озари онҳо бо баробари ба кор гирифтан онро кашида мегирад. Бонуи тоҷик дар кишвари бечора ба як бозичаи дастхушии беҳуқуқ ва бепаноҳ табдил ёфтааст. Номуси онҳоро ҳамдиёрони беномуси мо ба ину он мефурӯшанд. Ва дар аксари мавридҳо духтари тоҷик дар баробари касофатҳои ҷабран болояш таҳмилшуда лоилоҷ аст. Оре, духтари тоҷик дар кишвари бегона он ҳама зебоию латофату назокаташро аз даст дода, асири нокасон аст. Оё дар кишвари Русия шахси хайрхоҳе мисли Баҳрӣ Абдураҳмонова ҳаст, ки беғаразона , бемузд, бидуни кӯмаки созмонҳои дохилию хориҷӣ, бе дарёфти грантҳои чандҳазордоллара, дар роҳи Худо, дасти афтодагони тоҷик бигирад? Чӣ суд аз он ҷамъиятҳову хадамоту намояндагиҳои мутааддид, ки аз дасташон чизе намеояд? Шояд вақти он расида, ки як бор масъулини кишвар дар бораи шахсияти он фиристодагонаш, ки аз ҳисоби андозҳои мардум маош мегиранду рисолаташон ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари бегона аст, таҷдиди назар бикунад?!.