Омӯзиш ва эҳтиром ба забони тоҷикӣ эҳтиром ба Ватан аст, ки дар оғӯши худ моро мепарварад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи ширинтарин ва зеботарин забонҳои олам аст, ки тавассути китобҳои илмиву адабии гузаштагони мо ҳифз шудааст. Ҳар калимаи забони тоҷикӣ 365 паҳлу дорад ва барои ибрози як андеша ҳазорон сухани ҷолибу пурмуҳтаво дар хазинаи забони мо ҷойгир аст. Мутаассифона, дар гуфтор қисме аз одамон таркибу ибораҳои русиро зиёд истифода мебаранд. Ҷавонон, махсусан истифодабарандагони сомо¬на¬ҳои иҷтимоӣ, ки саҳифаҳояшон муштариёни зиёд доранд, дар гузоришҳои худ аз забони омехтаи тоҷикиву русӣ кор мегиранд. Бо талаффузи калимаҳои русӣ мехоҳанд русидонии худро нишон диҳанд, аммо, ҳамин ки дар ибрози андеша дармонданд, филфавр ба забони тоҷикӣ мегузаранд.
«Привет мои харошии, сегодня корам ҷудоям много буд, барои ҳамин немагла сторис кунам». Ин мисоли одие аз он гуфторҳои гӯшхарошест, ки ҳамарӯза аз шабакаҳои иҷтимоӣ мешунавем.
Чунин тарзи баён даҳшатест, ки ҳазор намунаи дигар дорад ва аллакай дар мағзҳои истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ ҷой гирифтааст. Мутаассифона, саҳифаҳои чунин блогерони ҳувиятбохта бинандаву шунавандаи зиёд дорад, ки аксарашон наврасону ҷавононанд. Ин шеваи гуфторро онҳо обрумандӣ ва замонавӣ будан медонанд, ки гумони хатост ва дар асл беэҳтиромӣ ҳам ба забони тоҷикиву ҳам ба забони русӣ аст.
Дар масъалаи эҳтиром ва арзиши баланди забони тоҷикӣ ва фарҳанги муоширати ҷавонон номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва рӯзноманигории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Мунаввара Усмонова чунин ибрози андеша намуд:
- Нақши забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар кишвари мо хеле баланд аст. Дар тамоми сохторҳо ба таври ҳатмӣ риоя шудани меъёрҳои забони давлатӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба забони тоҷикӣ дарак медиҳад. Ҳарчанд дар тамоми зинаҳои таҳсилот омӯзиши забони тоҷикӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст, мо гоҳ - гоҳ ба хории забон дучор меоем.
Миёни ҷомеа шаҳрвандоне ҳастанд, ки фарҳанги баланди суханварӣ доранд. Андешаҳояшонро бо пирояи калимаҳои зебо баён месозанд. Кас аз шунидани тарзи гуфторашон лаззат мебарад. Аммо, бо вуҷуди ин, мушоҳида мешавад, ки аксари шаҳрвандон нисбат ба забони модарии худ беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Дар гуфторашон аз калимаҳои дағалу дурушт ва забони русӣ фаровон истифода мебаранд.
Сабаби асосии чунин муносибат ба забони давлатиро дар надоштани ҳувияти миллӣ ва эътироф накардани арзишҳои миллӣ медонад. Дараҷаи шуурнокии чунин ашхос ба таври бояд тараққӣ накардааст ва дар сатҳи кӯчаю бозор боқӣ мондааст. Махсусан, дар сомонаҳои иҷтимоӣ истифодаи алфози қабеҳу забони омехта зиёд ба назар мерасад. Вақте ба ин саҳфаҳо диққат медиҳем, аллакай аз тарзи сухангӯии онҳо дараҷаи камолоту дониши эшон муайян мегардад, ки дар кадом сатҳ қарор дорад.
- Сабаби дигари олудагии забони ҷавонону наврасон дар муҳоҷират аст. Шеваи гуфтори онҳо бо таъсири муҳит тағйир меёбад. Ин омил ба фарзандон ва пайвандон низ бетаъсир намемонад. Муҳоҷироне, ки хиради кофӣ ва ҳувияти миллӣ доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедиҳанд, ки фарзандонашон забони тоҷикиро нолозим шуморанд. Бо зоҳир намудани фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои тоҷикӣ мекӯшанд, то дар зеҳни кӯдакон тоҷикиятро бештар ҷой диҳанд. Омӯзиши забон ва маданияти тоҷикиро болотар аз фарҳанги ғайр дониста, ба саводнокӣ ва худшиносии миллии фарзандонашон диққати махсус медиҳанд. Вале, мутаассифона, чунин оилаҳо кам андар каманд. Аксар муҳоҷирон бо фарзандонашон бо забони омехтаи ним тоҷикиву ним русӣ суҳбат мекунанд.
Сабаби дигари суханронии омехтаи ҷавонон, ба назари мо, таваҷҷуҳи аз ҳад зиёди шаҳрвандон, махсусан онҳое, ки дар марказ зиндагӣ мекунанд, ба забони русӣ аст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, албатта, ба манфиати ҳар шахс ва ҷомеа мебошад, вале мо бояд забони тоҷикии худро болотар аз забонҳои хориҷӣ гузошта, аввал ба забони худ сухандон гардем. Махсусан, аҳли зиёи кишвар ва соҳибони касбу кори гуногун мекӯшанд, то фарзандонашон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олӣ бо забони русӣ таълим гиранд.
Мунаввара Усмонова дар он назаранд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба манфиати омӯзанда ва давлату ҷомеа аст:
- Вақте фарзандонам таҳсилро бо забони русӣ интихоб карданд, қабул доштам, зеро медонистам, ки бо донистани забони русӣ онҳо дар омӯзиши забонҳои дигар ва донишҳои замонавӣ муваффақ мешаванд. Аммо муошират дар байни мо пайваста бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Дар баробари омӯзиши забони русӣ фарзандонро ба хондани китобҳои бадеии тоҷикӣ водор мекардем. Талаб менамудем то муҳтавои китобҳои хондаашонро бо забони ноби тоҷикӣ баён созанд. Мефаҳмондам, ки коргузорӣ дар тамоми муассисаву ташкилотҳо ба забони тоҷикӣ аст ва ҳарчанд, агар донандаи даҳ забони хориҷӣ ҳам бошанд, бо надонистани забони тоҷикӣ дар кишвари худ муваффақ шуда наметавонанд. Ба ин роҳ тавонис¬тем, ки фарзандон ҳам забони модариро хуб аз худ кунанду ҳам бо забонҳои хориҷӣ озод суҳбат намоянд.
Барои пешгирӣ аз коста шудани тарзи гуфтори тоҷикӣ Мунаввара Усмонова иброз доштанд, ки бояд забони тоҷикӣ дар шуури кӯдакон аз зинаи аввали таҳсилот ҳамчун баландтарин арзишҳои миллӣ дар радифи Парчаму Нишону Суруди миллӣ ҷой карда шавад. Суханварону суханшиносон аз тарзи баёни адабӣ парҳез накарда, ҳарчи бештар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони ноби тоҷикӣ суҳбат кунанд, то ба дигар истифодабарандагони забони тоҷикӣ таъсиргузор бошанд.
Агар огоҳӣ ва ҳувияти миллӣ дар ниҳоди шахс фаввора занад, ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, то яке аз рукнҳои ҳастии миллат, ки забон аст, хор шавад. Пас, ба ҳар қимат ки бошад, моро мебояд забони шевою ширини тоҷикиро ҳифз намоем ва дар густариши гуфтори адабӣ саҳмгузор бошем.
Мафтунаи ҚОСИМ