04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Аз баракати замин

 

Bonu 09_2023__IMG_3022_fmt

 Вақте Сабоҳат Бобохоноваро аз боби деҳқониаш пурсон шудем, чеҳрааш шукуфт ва чашмонаш дурахшид. Маълум буд, ки вуҷудашро эҳсосот фаро гирифту ин лаҳзаҳо ӯ наметавонист онро осон фурӯ нишонад. Бо шавқ ва муҳаббат аз вохӯрӣ бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

   Шарофати деҳқонӣ

- Замоне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқониамон ташриф оварданд, хурсандии аҳли оилаамонро ҳадду канор набуд. Зеро, ин вохӯрӣ бароямон ғайричашмдошт ба вуқуъ пайваст. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки дар ҳаёт рӯзе бо чунин ҳодисаи хотирмон рӯ ба рӯ мешавам.

Моҳи сентябри соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари замини хоҷагии Сабоҳатбону омаданд. Аз ҳолу аҳволи хонаводааш падарвор пурсиданд. Аз муваффақиятҳои хоҷагӣ, чӣ гуна истифода бурдани замин ва сирри деҳқониаш нақл кард. Аз ҳарфҳои пуртаҳсини Пешвои муаззам руҳаш қувват гирифт.

- Аз баракати замин на танҳо дастархони хонадон пур аз неъмат аст, инчунин, ба шарофати деҳқонӣ ба дидори Сарвари давлат мушарраф гардидам, - бо хушнудӣ мегӯяд бонуи кишоварз.

Зодмандони Сабоҳат бо заминдорӣ ҳеҷ пайвастагӣ надоштанд. Падар сохтмончӣ буду модар ба нигоҳубини фарзандон ва тамизи хонаву дар шуғл дошт. Замоне Сабоҳат ба балоғат расид, ӯро аз хонадони деҳқон хостгор шуданд. Волидон бо розигии том ӯро ба хонаи бахт гуселонданд.

Як сирри кишоварз

- Сирри деҳқониро дар хонаи хусурам омӯхтам. Он кас ба замин муҳаббати беандоза доштанд ва ҳар ниҳолаке, ки мерӯид, бо меҳр мепарвариданд. Ин хислат хоси ҳар узви хонавода буд.

Аз субҳи содиқ то шом шудгор мекардем, дона мепошидем ва ҳосили заҳмат меғундоштем. Яке аз рози кишоварзӣ, дил бас¬тан ба замин будааст. Вақте дилгармӣ ба обу замин афзуд, кишоварз мекӯшад, то бештар вақтро сарфи заминдорӣ кунад. Ғизои замин, аз қабили порую дору ва анҷом додани корҳои босифати агротехникӣ, ки асоси кори деҳқонӣ аст, боиси ба даст овардани ҳосили фаровон мегардад, - иброз медорад Сабоҳатбону.

Хонаводаи онҳо аз баракати деҳқонӣ дас¬тархони пур аз нозу неъмат дорад. Ба даҳҳо хонаводаи ниёзманд ёрии молӣ низ, мерасонанд. Аз дастранҷи деҳқонӣ фарзандонро ба воя расонда, миёни атрофиён соҳиби обрӯю мартаба ҳам гардид. Ӯро дар шаҳри Турсунзода чун кишоварзи соҳибтаҷриба мешиносанду аз боби корҳои деҳқонӣ аз машвараташ баҳравар мегарданд.

Панд аз пири кор

Бону Сабоҳат иброз медорад, ки падар ҳамеша таъкидашон мекард, ки ҳама дороӣ ва эҳтиром байни мардумро аз баракати замин ёфта ва ризқи аз меҳнати ҳалол пайдонамуда ба хонадон фаровонӣ меорад.

Насиҳату пандҳои бузургонро дар мавриди пешаи деҳқонӣ чун ганҷи бебаҳо дар зеҳни худ ҳифз дошт, ки роҳи пур аз муваффақият барояш кушода шуд. Сабоҳат Бобохонова, ки таҷрибаи бойи деҳқонӣ дошт, тасмим гирифт, то хоҷагии деҳқонӣ таъсис диҳад ва мустақилона ба пешаи кишоварзӣ шуғл варзад. Соли 2002 дар масоҳати 1,5 га Хоҷагии деҳқонии «Ислом»-ро ташкил намуду асосан ба обчакорӣ авлавият дод. Ҳамасола картошка, помидор, бодиринг, караму боимҷон ва шолӣ кишт мекард.

- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии хеш зикр намуданд, ки вазъи иқлимии ватанамон барои гирифтани се ҳосил дар як сол мувофиқ аст ва кишоварзон имкон доранд, ин шароити мусоидро самаранок истифода баранд.

Ин гуфтаҳоро дар деҳқонӣ таҷриба кардам ва, воқеан, аз се кишт ҳосили хуб ба даст омад. Дар як қитъа аввал картошка киштем, баъди ҷамъоварии бодиринг карам шинондем. Аз фурӯши онҳо то 120 ҳазор сомонӣ маблағ ёфтем. Аз кишти шолӣ низ, ҳосили фаровон гирифтем, - мегӯяд бону.

Ҳарфе аз боби рӯзгордорӣ

Сабоҳат Бобохонова соҳиби 6 фарзанд мебошад, онҳо соҳиби зиндагии мустақилонаанд. Мавсуф оиладориро болотар аз роҳбарии хоҷагӣ медонад.

- Сарҷамъ намудани чор сунҳор дар як ҳавлӣ корест, бағоят мушкил ва ҳатто сангинтар аз саришта кардани хоҷагӣ. Вале, ин ҳама гапҳо берун аз хонаводаи мо аст. Сарҷамъии хонадон мушкилкушои ҳама гиреҳҳост. Вақте ҳамдигарфаҳмӣ ва иззату эҳтироми калонсолон дар фазои хонавода ҳукмрон аст, он ҷо файзу баракат арзонӣ шуда, зиндагӣ бо маслиҳати волидон бобарору боравнақ хоҳад шуд.

АНОҲИТО

:.  Иҷтимоъ 14.09.2023 06:40 433

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz