Афзоиши ашхоси муҷаррад мояи нигаронии ҷомеа шудааст. Ба иттилои масъулини шӯъбаи сабти асноди ВМКБ, тайи соли гузашта дар вилоят талоқ 20 дар сад афзуда, ба ҳамин андоза издивоҷ коҳиш ёфтааст.
Маҳмуди Мавлодод, ҷавоне аз ноҳияи Ишкошим, пас аз ду соли издивоҷ аз завҷааш ҷудо шудааст. Зеро дарёфтааст, ки онҳо дар олами гуногуни афкору андеша зиндагӣ мекунанд ва аз гаравгони якумраи заношӯии номутаносиб дида, ҷудоиро авлотар медонад. Маҳмуд шахси серғайрату серкор аст. Аммо ӯ мегӯяд, ки ёфтани ёри мувофиқ барояш мушкил аст. Зеро ба пиндораш бештари духтарон аз даричаи сериалҳои телевизионӣ ба ҳаёт назар меафкананд, ҳол он ки воқеият тамоман чизи дигар аст.
Аз сӯйи дигар ҳамсӯҳбатам - Азрақшо, аз духтари холааш ёдовар шуд, ки сурати зебо надошта бошад ҳам, сирати хуб дорад. Чанд нафар хостгораш шуд. Вале мизоҷи нозуки духтар, ки ҳар касро писанд намекард, боис гардид, ки дигар касе дарашонро накӯбиду духтари хола, ба қавле ба «кампири хона» бадал шуд ва ба сафи муҷаррадон пайваст.
Агар мушкилоти равонӣ сабаби ба миён омадани муҷаррадии қаҳрамони аввал шуда бошад, аксари ҷавонон мегӯянд, ки ба онҳо омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ фишор меоранд. Бархе аз бонувон хонаҳои чандошёна доштану дар мошинҳои гаронарзиш чарх задани ҳамсолонашонро дида, талаб меқунанд, ки ҳамсарон барояшон чунин шароит омода намоянд. Умдатан, ҷавонон роҳи пайдо кардани пулро дар муҳоҷират мебинанд ва бо чунин нияту мақсад сар ба ғурбат мебаранд. Азимшо, муҳоҷири баргашта аз Русия, ки нерӯи биноиаш заиф шудаву ба бемории шуш мубтало гардидааст, мегӯяд, ки бар ивази саломатиаш 5 ҳазор доллар овардаасту бовар дорад, ки арӯс пайдо карда, ба зиндагии муҷаррадонааш хотима мебахшад. Аммо вай намедонад, ки пас аз харҷи долларҳои муҳоҷирӣ ӯро чӣ интизор аст.
Иддаи ҷавононе, ки ба хотири ба даст овардани ҳадафҳои иқтисодӣ солҳои дароз муҳоҷиратро дар кишварҳои бегона паси сар карданду муваффақ нашудаанд ва ё аз паси пул давида, шавқу рағбати муошират бо ҷинси латифро аз даст додаанд, дар сафи муҷаррадон мемонанд.
Ба гуфти Азорабек, омӯзгоре аз ноҳияи Рӯшон, бо зан гирифтан, эҳсос кард, ки 50 дар сад аз ҳуқуқ ва озодиҳояш маҳрум гардида, ҳамин қадари дигар масъулияти хонадорӣ бар дӯшаш бор шудааст. Аз ин рӯ, «озодӣ»-ро ихтиёр намудааст.
Аз ҷониби дигар, теъдоде аз духтарон шикоят доранд, ки бори рӯзгор бештар бар дӯши онҳост ва аз шавҳари бекор ё мошини арзондошта ва дар бархе аз маврид гирифтори одатҳои бад дида, яккаву танҳо талош варзиданро авлотар медонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфти духтарон бозори ҷавонони соҳиби ҷойи кори хуб ва болаёқат, ки фарҳанги баланди оиладорӣ доранд, гарм аст.
Иддаи дигар танҳоиро намеписанданду мегӯянд, ки ба издивоҷ тайёранд, вале пайдо намудани ҳамсафари якумрии ҳаёт бағоят мушкил шудааст.
Ба гуфти Аниса, як бонуе, ки бо мавқеи фаъоли иҷтимоиаш дар ҷомеа обрӯ пайдо кардааст, бо як писар ва духтар аз ҳамсараш ҷудо гардида, дигар ҳеҷ гоҳ орзуи ба шавҳар баромадан надоштааст. «Агар шавҳарро ба мисли мошинҳои «Тангем» ва «Мерседес» дар бозор мефурӯхтанд, аз бонк қарз гирифта мехаридам, зеро зарурати ҳузури мардро ҳар лаҳза эҳсос менамоям ва ба назарам ҳеҷ як муносибат наметавонад дил ва бештар аз ин, бистари занро гарм кунад», – мегӯяд ӯ.
Теъдоде аз мардҳое, ки «лаззат» -и издивоҷи кӯтоҳмуддатро «чашидаанд», барои хонадоршавии дубора шитоб надоранд ва мегӯянд, ки муҷаррадӣ беҳтар аз завлонаи зан аст.
Ба андешаи чунин мардони муҷаррад, ҳадафи заноне, ки хоҳони пайвастани риштаи ҳаёт бо онҳоянд , талош барои хушбахтии оилавӣ набуда, кӯшиши истифода аз имкониятҳои иҷтимоияшон мебошад.
Масъулини кор бо занон ва оила дар вилоят изҳор доштанд, ки онҳо ба манзури тарғиби фарҳанги оиладорӣ дар шаҳру навоҳӣ озмуни «Оилаи солим» баргузор намуда, ба афзоиши издивоҷ ва бунёди оилаи солим дар оянда хушбин ҳастанд.
Аммо мудирияти шӯъбаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандии вилоят заъфи фаъолият дар самти кор бо ҷавонон ва оиларо яке аз сабабҳои афзоиши талоқ ва коҳиш ёфтани издивоҷ арзёбӣ мекунад.
Ин мушкил дар навоҳии дурдасти вилоят ҳар чӣ бештар аз худ дарак медиҳад. Ба гуфти Маърифат Неъматова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Маърифатпочо» дар ноҳияи Дарвоз шумораи заноне, ки фақат дар рӯйи коғаз шавҳар доранду вале шавҳаронашонро солиёни зиёд надидаанд, афзудааст. Онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомот ба чунин гурӯҳи бонувон кӯмакҳои равонӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд. Ба андешаи вай таъсис додани корхонаҳои хурд ва фароҳам овардани имконияти корёбӣ, метавонист шавҳарони бисёре аз бонувонро ба наздашон баргардонад.
Аммо дар ҳоле, ки бархе аз муҷаррад будан дилгир шудаву теъдоде ҳам аз чунин зиндагӣ розист, пирони кӯҳистон афзоиши ашхоси муҷаррадро нишонаи носолимии ҷомеа мешуморанд. Барои исботи фикрашон аз таълифоти Ҳаким Носири Хусрав далел меоранд, ки аз қавли Паёмбар (с) гуфтааст: «Танокиҳу, такосиру , фа инни убоҳи бикум. Явмал қиёмати ъало соирил-уммами», яъне «заношавҳарӣ кунед, то бисёр шавед ва ман ба шумо фахр кунам дар рӯзи қиёмат». Ҳаким далел бар дурустии ин қавлро аз ахбор овардааст, ки рӯзе Расули Акрам (с) ҷавонеро дид, мар ӯро гуфт: «Ҷуфте дорӣ?». Посух дод: «Надорам ё расулаллоҳ». Расул (с) гуфтааст: «Ҷуфт гир, ки ту бародари девонӣ». Ба назари Ҳаким, агар ба зоҳири қавл бингарем, чунон лозим ояд, ки ҳар кӣ зан надорад, ӯ бародари дев бошад. Ва бар акси ин, ҳар кӣ зан дорад, ӯ бародари фариштагон бошад.
Ба андешаи солмандони кӯҳистон, агар мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва равонӣ дар роҳи фаришта шудани ҷавонони зиёд монеа эҷод кунанд ҳам, саддҳои сангинтари дигаре он аст, ки гузашта аз ин суннатҳои оиладорӣ, ки ба покии ахлоқ нигаронида шудаанд аз миён рафтаву ҷомеаи шарқиро низ номувозинатие чун ғарб таҳдид мекунад ва қалбҳо аз муҳаббат холӣ мемонанд.
Шоҳҷамоли Мирзоҷалол