Гуфтанд, бонуест пешкор ва соҳиби завқи хосаву истеъдоди сарварӣ, ки дар макони фаъолияташ бонувони зиёдеро ба ҳам оварда, дар каму беш ва шодиву ғам шарики онҳо гаштааст. Ба суроғаш шитофтам. Ҷасуру соҳибтаҷриба, муваффақ дарёфтамаш. Аз таҷрибаву малакаи корӣ, зиндагии гоҳ ширину гоҳ талхаш огоҳ гаштам. Ҳини суханронӣ ҷойе аз шавқу хурсандӣ чашмонаш барқ мезаду садояш бурро дармеомад, ҷое ҳам чашмонаш маҳзуну садояш хаста ба гӯш мерасид.
Мактаби зодмандон
Дар ноҳияи Фархор, дар оилаи зиёӣ ба воя расидааст. Падараш Ғаффор Умаров солиёни зиёд директори мактаб буду модараш Саломат Ҷӯраевна шуруъ аз мудири кӯдакистону раиси деҳот то директори мактабу муовини раиси ноҳия кор кардаанд.
- Падарам шахси хеле ботамкин, кордон, ҷиддӣ ва меҳрубонанд. Замони наврасӣ, дар лаҳзаҳои фароғат, бо ҳар яки мо дар алоҳидагӣ суҳбат меоросту ба дили мо инсондӯстӣ ва эҷодкориро ҷо мекард. Ҳафтае як маротиба ҳатман бароямон вақт ҷудо намуда, рӯзномаи мактабиамонро аз назар мегузаронд. Дар таълиму тарбияи 7 нафар фарзанди хеш нақш гузоштаанд. Ҳамин сахтгирии падар буд, ки мо ҳама мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намудему соҳибтахассус шудем, - мегӯяд Сурайё Умарова.
Изҳор менамояд, ки падараш ягона марде дар ноҳияи Фархор буд, ки пас аз хонадор шудан, ҳамсарашро ба мактаби олӣ шомил намуда, соҳибмаълумот мегардонад.
- Дар зиндагӣ бароям ягона марде, ки идеал мешуморам, қиблагоҳам аст, зеро ӯ тавониста, ки ҳамсарашро дар набарди зиндагӣ дастгирӣ намояду якҷо фарзандони бонангу номусу ватандӯстро ба воя расонад. Ҳатто замони таҳсили модарам дар донишкада ва супурдани имтиҳонҳо, нигоҳубини фарзандонро бар зимма мегирифт, то модарам бо дили пур имтиҳонҳоро супорад, - гуфт ҳамсуҳбатам.
Сурайё аз падар тозакориву ростқавлӣ ва аз модар, дар баробари ҳунармандиву порсоӣ, саб¬ру таҳаммул ва тавонмандӣ алайҳи муш¬килоти рӯзгорро омӯхтааст.
-Модарам як хислати аҷибе доштанд. Ҳар субҳ барвақт бо сурудхониву ғазалхонӣ фарзандонро аз хоб бедор мекарданд. Ғазалҳои зиёдеро аз бар намуда буданд. Ҳар шумораи маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро ба хона овардаву лаҳзаҳои фориғ аз кор мутолиа мекарданд, -ёд меорад ӯ.
Имтиҳони зиндагӣ
Сурайё пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ муддате ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёна, мураббия ва мудири боғчаи бачагона фаъолият мебарад. Шавҳараш, ки ҳамсабақаш буд, дар ин масир ҳамеша ӯро такягоҳ буду дастгир. Аз зиндагии ширини хеш меболиду хушбахт аз он буд, ки ҳамсаре насибаш гардида, ки дар тамоми пас¬тиву баландиҳои зиндагӣ ҳамфикру дастёраш аст. Вале ин хушиҳо дер напоид. Ҳанӯз 29 сол дошт, ки шавҳарашро ба қатл расонданд. Баъд аз ин ҳодиса шабу рӯзи Сурайё гӯё як шуда буд– шабҳои торики бе ситора.
Бо се гулдухтари ноболиғ танҳо монд, нахустфарзандаш ҳамагӣ 8 сол дошт. Андешаи чӣ гуна бузург намудани фарзандон ӯро ором намегузошт. Аз як сӯ ғаму фироқи шавҳар ва аз ҷониби дигар ба воя расондани ҷигаргӯшаҳояш ӯро аз по афтонд ва муддати 5 сол аз хона берун набаромад. Модар ин ҳолати фарзандро дида, дилхун мешуд. Аз писараш Мансур Умаров, корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, хоҳиш кард, то ӯро ба кор ҷалб созад. Вай ин хоҳиши модарро иҷро намуд ва ӯро зери қаноти худ гирифт. Оҳиста –оҳиста қалби Сурайё ба зиндагӣ гарм шуд ва пайи амалӣ намудани орзуву умедҳояш камар баст.
Наздики 10 сол дар КДАМ фаъолият намуд. Азбаски барои зани танҳо бо се фарзанди ноболиғ корманди ҳарбӣ будан ниҳоят душвор буд, тасмим гирифт, ба кори сабуктаре гузарад.
Мудири кӯдакистон
Ба хотири аз тарбия дур намондани фарзандонаш, ба боғчаи кӯдакона ба кор омад. Ва инак, аз соли 2009 роҳбарии кӯдакистони №7- и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро бар зимма дорад.
Дар кӯдакистон мураббияҳои тахассусманд кӯдаконро дар 8 гурӯҳ фаро гирифтаанд, забони таҳсил русист. Ҳамчунин, забони англисӣ низ омӯзонда мешавад. Ҳамасола наздики 50–60 нафар боғчаро хатм менамояд.
Раванди таълим дар кӯдакистон мутобиқи барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ ба роҳ монда шудааст. Машқи пагоҳирӯзӣ, субҳона, чошт, таоми нисфирӯзӣ, сайругашт ва бозӣ, фароғату истироҳат, тадбирҳои беҳдоштӣ, машғулиятҳои меҳнатӣ, расмкашӣ ва мусиқӣ асоси таълиму тамринҳо маҳсуб меёбанд.
Муассиса бо волидон низ ҳамкории ҳасанаро ба роҳ монда, дари ҳуҷраи кории мудир ҳамеша ба рӯйи волидон боз аст. Мудир ва мураббияҳо ҳар субҳ бо падар ва ё модаре, ки кӯдаконашонро меоранд, дар саҳни ҳавлӣ суҳбат меороянду волидон ихтиёрӣ дар рафти баргузории дарсҳои кӯшоди мураббияҳо ширкат меварзанд.
Ҳамеша ба мураббияҳо таъкид менамояд, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Чунки волидон ба умед фарзандонашонро ба ин даргоҳ меоранд, то соҳиби маълумот ва тарбияи хуб гарданд.
Рисолати роҳбарӣ
Ба қавли мусоҳибам, роҳбарӣ аз худ гузаштан аст. Ҳамин аст, ки ҳар субҳ барвақт дар ҷойи кор мешаваду дар риояи қатъии реҷаи амал сахтгир аст. Дар хона низ рисолати роҳбариашро ба таври бояду шояд иҷро менамояд. Сарбаландиашро аз меҳнатдӯстиву ростқавлӣ медонад.
- Шукр, имрӯз ҷигарбандонам бомаълумоту соҳиби ҷойҳои корӣ, хонаву дари ободанд. Ҳашт набераи дӯстрӯяк дорам, ки бароям дар лаҳзаҳои хастагӣ руҳу илҳоми тоза мебахшанд. Ман модар ва бибии хушбахтам, - хушҳолона афзуд Сурайё Умарова ба Бунафша РАҲМОНОВА