Савори худгард ҷониби деҳаи Тебалай мерафтам. Аз ҳамсафарам суроғаи қаҳрамони лавҳаамро пурсидам: – муаллима Меҳриннисоро мешиносӣ?
Марди ҳамроҳам посух дод, ки маҳз бо кӯмаки Меҳриннисо мо соҳиби келини хонагиру оилаи обод шудем. Бо маслиҳати як дӯстам ба хостгории яке аз шогирдони муаллима ба деҳаи Тебалай омада, ҳамроҳи худ Меҳриннисоро низ гирифтем. На танҳо ман, балки аксари сокинони Тебалай, ки аз шогирдони муаллима зан ё келин гирифтаанд, ҳамеша розиянд. Онҳо мегӯянд, ки шогирдони муаллима тарбияи хуб дида, дар зиндагии мустақилона ҳамсари намунаанд.
Аз сӯҳбати гарму тавсифҳои ҳамсафарам чӣ тавр ба деҳаи Тебалай расиданро надонистем. Он шахс мактаб ва самти хонаи муаллимаро ба ман нишон дода, худ ҷониби хонаи қудояш роҳ пеш гирифт.
Муаллима омодаи дарс буд. Директори мактаби рақами 52-и ноҳияи Мӯъминобод бе пурсиш аз муносибат ва фаъолияти муаллима сухан оғоз кард. Мегӯяд, ки муаллима дар деҳа на танҳо ҳамчун омӯзгори беҳтарин, ки шогирдони хуб тарбият мекунад, балки ба унвони як инсон ва роҳнамои шогирдон дар зиндагии мустақилонаи онҳо, мавриди эҳтиром аст. Хел кам иттифоқ меафтад, ки омӯзгорон баъди хатми мактаб кӯмаку маслиҳат ва дастгирии худро аз шогирдон дареғ надоранд. Ин амал як ҷузъи бисёр муҳими фаъолияти инсониву омӯзгории ӯст. Ҳузураш дар маъракаҳои хурсандӣ ва хонадоршавии шогирдон таъмин аст. Ҳолатҳое зиёданд, ки шогирдон вақти фарзанддор шудан ба назди муаллима омада, аз ӯ номи муносиб барои фарзанд дархост мекунанд.
Аз нақли ҳамдеҳагон фаҳмидам, ки ҳатто ду нафар шогирди муаллима ба хотири эҳтироми зиёд ба духтарчаҳои худ Меҳриннисо ном гузоштаанд. Барои духтароне, ки ба синни издивоҷ расидаанд, шогирди муаллима будан, аллакай як «имтиёз» аст. Барои ҳамин шогирддухтарони муаллима, пеш аз ҳама соҳиби шавҳар ва хонаводаи солим мешаванд. Бештари шогирдони ӯ, ҳам дар мактабҳои олӣ ва ҳам дар зиндагӣ муваффақанд.
«Ҳарчанд шогирдонамро ба ҳаёти мустақилона гусел карда бошам ҳам, вале вазифаи худро анҷомшуда намеҳисобам. Ҳамчунин, аз рӯйи эҳтироми доштаи шогирдон ва мардуми деҳа дар зиндагии хонаводагияшон низ мушовирам. Болотар аз ҳама унвонҳо барои омӯзгори ҳақиқӣ эҳтироми хоса доштан дар байни шогирдон ва мардуми деҳа мебошад», – мегӯяд Меҳриннисо Олимова.
Дуруст ҳам мегӯяд. Ҳарчанд вакили деҳа нест, вале коре, ки иҷро мекунад ва эҳтироме, ки ӯ дорад, болотар аз масъулияту кору пайкори як вакили деҳа аст.
Меҳриннисо Олимова дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1978 баъди хатми Донишкадаи омӯзгории ин шаҳр, мувофиқи роҳхат ба ноҳияи Мӯъминобод ба кор меравад. Дар мактаби рақами 3-и деҳаи Сармайдон оғози фаъолият мекунад. Ҳамсабақаш Эмомалӣ Гулов низ дар ҳамсоядеҳаи Деҳбаланд муаллим таъин шуда буд. Онҳо бо хостгории волидон оила бунёд карданд. Ҳамин тавр, зиндагии мустақилонаи онҳо низ баробари кор оғоз шуд. Мувофиқи роҳхат бояд онҳо ду сол дар мактаби деҳаи дурдасти кӯҳистон кор мекарданд, вале бо сабаби писанд афтодани маҳал, муддати шаш сол он ҷо монданд. Муаллима мегӯяд, ки то рӯзи ба кор омаданаш ҳеҷ духтари деҳаи Сармайдон ба мактаби олӣ барои хондан нарафта буд: «Баробари ба кор омадан, тавонистам чор нафар духтаракони шогирди худро ба кори омӯзгорӣ дилгарм карда, ба донишкада фиристам. Ба ҷойи худ духтаракони деҳаро ба кори омӯзгорӣ омода кардам. Баъд ҳамроҳи шавҳарам ба мактаби рақами 31-и деҳаи Туто ба кор омадем».
Муддати ҳашт сол аст, ки муаллима дар мактаби деҳаи Тебалай омӯзгорӣ мекунад. Шавҳараш бошад, директори мактаби деҳаи Балховӣ мебошад. Се писару як духтар доранд. Ҳар кадоме пайи кору зиндагии худанд. Писари бузургаш Далер хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда, ҳоло ҳам аспирант ва ҳам устоди ин боргоҳи илм аст. Шоҳин дар риштаи гумруки Донишгоҳи тиҷорат мехонад. Духтараш хатмкардаи коллеҷи тиббӣ ва факултаи химияву биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда, алҳол вазифаи табибиро дар фурӯдгоҳи Душанбе ба ӯҳда дорад. Абубакр хонандаи синфи 10 аст. Муаллима Меҳриннисо соҳиби нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва дорандаи чандин ифтихорномаҳои соҳавӣ мебошад.
Муаллима Меҳриннисо намунаи бисёр арзишманди покдоманӣ, иффат ва фидоии касби худ аст. Замоне бо ӯ сӯҳбат мекардем, ҳар касе, ки бо шитоб пушти коре буд, лаҳзаи расидан ба назди вай, як даме истода салом медоду сипас аз пайи кор мерафт. Кӯдакони ҳанӯз ба мактаб нарафта низ, ба ӯ бо нидои «салом муаллиама» эҳтиром қоил мешаванд. Вақте як омӯзгор ҳам дар хонавода, ҳам дар мактаб ва ҳам дар ҷомеа муваффақ ҳасту соҳибэҳтиром, ин танҳо метавонад нишонаи заҳмат, худшиносӣ ва инсонияти волои ӯ бошад.
Билоли Шамс