Ба кофтукови шавҳар
Пас аз чанд моҳи издивоҷ волидон Садбарг ва Кабӯтаршоро бо умеди зиндагии ҳамҷояи минбаъда ба манзили нав кӯчонданд. Хонаи урфӣ агарчанде роҳат ва барҳаво буд, аммо ба назари арӯс аз лиҳози таъминот бо ашёи рӯзгор камбағалона метофт,ҷевону яхдон ва қолинҳои гаронарзиш намерасиданд. Садбарг шавҳарашро ба фронти муҳоҷират фиристоданӣ шуд, аммо камҷуръатиашро дида, ӯро нигаҳбони хона монду худаш бо мақсади пул кор кардану «орову торо» додани хона азми муҳоҷирати Русия кард. Аммо ба хотири соҳиби мол муҳоҷир шудани зан сабаб шуд, ки шавҳар чун мурғи қафас дар хона яккаву танҳо монд, зеро пас аз чанде аз завҷааш мактуби хайрбод гирифт. Ӯ дӯстдоштаи дигарро пайдо карда, бо вай издивоҷ намуда буд.
Қиссаҳои зиёди муҳоҷират аз тақдири зан ва ё марди бевафо ва аз ҳам гусехтани оилаҳо шаҳодат медиҳанд. Аммо мутахассисонро он нигарон мекунад, ки дар баробари омилҳои равонӣ, ки хоси ҳар инсон аст, ғолибан ба интихоби зану мард барои ҳамзистӣ, омилҳои иҷтимоӣ низ таъсир мегузоранд.
Ба иттилои созмонҳои расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷират теъдоди муҳоҷирони меҳнатии вилояти МКБ аз 24 ҳазор нафар убур карда, сафи занон бемайлон меафзояд ва ба 30 дар сади шумораи муҳоҷирон баробар шудааст. Аммо чаро мардҳо, ки уфуқҳои муҳоҷирати мардикории тоҷикро ба кишварҳои бегона кушоданд, батадриҷ лаҷоми ташаббусро дар ин корзор ба дасти занҳо месупоранд?
Назарбек Мамадназаров, мутахассиси Маркази иттилоотӣ барои муҳоҷирон дар Хоруғ раванди афзояндаи муҳоҷиратро дар байни занон ба чанд омил бастагӣ медиҳад. Вай мегӯяд, вақте мардҳо муҳоҷир шуданд, занон аввал сари деги хонадон пуртоқатона онҳоро интизор буданд ва бо пули расида аз муҳоҷират шукр мегуфтанд. Аммо борони пули бархе аз шавҳарони муҳоҷир тез кам шуд ва сабаби он дар бархе аз маворид побанди зани бегона гардидани мард дар ҷойи нав буд. Гарчанде бо занони бегона улфат гирифтану ҳамхона шудан дар бисёр ҳолатҳо амри иҷборӣ буд, зеро мардон ба ин васила мекӯшиданд зиндагии сангини муҳоҷиратро каме ҳам бошад, ранг бахшанд ва ё мақоми шаҳрвандиро соҳиб шаванд, то аз ранҷу озори милисаву таъқиби хадамоти гуногун халос ёбанд. Аммо бонувони шавҳаронашонро аз дастдода, бо маслиҳати атрофиён «лаҷоми мард дар дасти зан» гӯён кору бори хонаро партофта ба ҷустуҷӯяшон баромаданд. Натиҷаи чунин иқдомҳо ба он анҷомид, ки дар бархе аз маворид зану шавҳар тавонистанд кӯшишҳояшонро ҳамҷоя карда, бо пули муҳоҷират дар ватан моликият, василае барои беҳбуди рӯзгор ва ё ривоҷи тиҷорат дарёбанд ва ё бунёд намоянд, аммо ҳодисаҳое низ зиёданд, ки муҳоҷир шудани зан дар пайи мард хонаводаро наҷот дода натавонист ва ҳар яке дар ғурбат бо тақдири худ танҳо ба танҳо монданд.
Умдатан ба муҳоҷират занони то 45-сола, ба қавле занони корозмуда ва рӯзгордида мераванд, аммо кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷир ба неруи ҷавони корӣ эҳтиёҷ доранд. Ин талабот тамоюли ҷавоншавии муҳоҷиратро ба миён овард. Дар баробари ин ба муҳоҷират рӯ овардани духтарони ҷавон ва камтаҷриба хафви ба доми қочоқбарони инсон афтиданро зиёдтар мекунад.
Ба умеди ҷуфт гаштан
Ба фикри мутахассиси ҷавони риштаи иқтисод Аниса Қурбонова муҳоҷират мувозинати гурӯҳҳои иҷтимоиро дар ҷомеа баҳрам задааст ва бо муҳоҷиршавии писарбачаҳо духтарони ҷавон ҳам ҳар чи бештар бо умеди ҷуфти муносиб пайдо намудану оила бунёд кардан ба муҳоҷират мераванд. Аз тарафи дигар, мушкилоти корёбии ҷавонон онҳоро ба муҳоҷират таҳрик медиҳад, зеро ба гуфтаи мусоҳибам, дар вилоят пайдо кардани ҷойи кори хуб бо моҳонаи ҳадди аққали 200 доллар барои мутахассиси ҷавон орзуи қариб амалинашаванда ба назар мерасад.
Ба гуфтаи донишҷӯйи донишгоҳи Хоруғ, Орзу Беҳронов ахиран сафи донишандӯзон ҳам дар байни муҳоҷирон меафзояд, зеро иддае аз муҳассилин дар заминаи ноумедӣ аз пайдо намудани шуғли муносиб солҳои таҳсилро дар мактаби олӣ масрафи беҳудаи вақт мешуморанд ва ба шӯъбаҳои ғоибона гузашта, ба муҳоҷират мераванд ва таҳсилро дар коғаз идома медиҳанду соҳиби диплом мешаванд.
Созмони бонувони «Мадина» муайян кардааст, ки бинобар мушкилоти дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ иддае аз занони соҳибкор ба чанги афроди алоҳида афтоданд, ки бо фоизи калон барояшон қарз дода, барои раҳоӣ ёфтан аз ботлоқи қарз иҷборан сафи муҳоҷирони меҳнатиро афзоиш медиҳанд.
«Подош»-и меҳнат – маризӣ ё бетарбиятии атфол
Дар ҳоле, ки бештар аз ҷанбаҳои иқтисодии муҳоҷират сухан мегӯянд, ба назари раиси Кумитаи кор бо занони шаҳри Хоруғ Гулдаста Орумбекова паёмадҳои маънавии муҳоҷирати зану мард ҷуброннашавандаанд. Аз як тараф он ба саломатии муҳоҷироне, ки дар сохтмонҳо ва корҳои дигари вазнин меҳнат мекунанд, таъсир дошта, аз ин ҳисоб сафи беморони сил дар вилоят сол то сол меафзояд. Дар байни бемороне, ки ҷиҳати надоштани имкони муолиҷа барои табобаташон дар муҳоҷират ба бемористони сили вилоят афтодаанд, шумораи занон ва мардон қариб баробар аст. Аз сӯйи дигар дар шаҳру деҳот оилаҳое арзи вуҷуд карданд, ки хурдсолон бе падар ва модар монда, тарбияи онҳо ба бобову бибиҳо ва дар бархе аз мавридҳо ба хешовандон ҳавола шудааст. Аммо бархе аз волидон, ки оқибатҳои бе тарбия ва назорат мондани фарзандонро диданд, кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашон дар паҳлӯяшон бошанд ва дар соли таҳсил дар ҳар макотиби шаҳр курсии як ё ду нафар талабаро дар синф холӣ ёфтан мумкин аст, ки онҳоро волидонашон барои идомаи таҳсил ба сӯйи худ хондаанд. Бахтиёр, як падари муҳоҷир мегӯяд, вақте ки вай дар интернет матлаби дар пеши мактаби шаҳр, дар рӯзи равшан нашъа фурӯхтану чашм пӯшидани милиса ва Раёсати оҷонсии назорати нашъадори вилоятро хондааст, дар баданаш мурғак дамид ва бо завҷааш, ки дар шаҳри Новокузнетски Русия кор мекунанд, тасмим гирифтанд, ки бо ҳар роҳе набошад, писари соли саввуми мактабхонашро барои идомаи таҳсил ба пешашон баранд.
Ба иттилои раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ теъдоди муҳоҷирони меҳнатии вилоят зиёда аз 24 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шумораи занон дар ин байн ба 7 ҳазор (30%) расидааст. Шумораи бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ба навоҳии Шуғнон, Роштқалъа ва Ванҷ рост меояд. Теъдоди зиёдтари занон аз Хоруғ ва ноҳияҳои Роштқалъаву Шуғнон муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр карданд. Авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб низ расида ва зиёда аз 1000 сокини он ба хотири дарёфти ҷойи кор муҳоҷират кардаанд.
Аммо агарчи бештари муҳоҷирон дар бозори меҳнатии, ба истилоҳ сиёҳ, ранҷ мебаранд, вале солҳои охир теъдоде аз мутахассисони ҷавон дар мамолики аврупоӣ ва ё араб корёб шуданд, ки дар байнашон бонувон бештаранд. Ба маълумоти маркази иттилоотӣ барои муҳоҷирон дар Хоруғ айни ҳол теъдоде аз мутахассисон бо аҳли оилаашон дар риштаи пизишкдармонӣ ва ширкати барқрасонӣ дар кишварҳои арабӣ кору фаъолият дошта, маҳз қобилият ва истеъдоди бонувони мутахассис сабаб шудааст, ки барои хонаводаҳояшон шароити зисту зиндагии созгор фароҳам шавад. Аммо теъдоди чунин оилаҳои муҳоҷир, ки дар онҳо падар ё модар соҳиби ҷойи кори хуб ҳастанд, то ба ҳол камшуморанд.
Хонаҳои «бесутун»
Тайи солҳои охир аз ВМКБ қариб 450 хонавода ба мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ муҳоҷирати дохилиро ихтиёр карда, дар манотиқи мухталифи кишвар маскун шуданд. Аммо, мутаассифона, бархе аз ин хонаводаҳо боз маҷбур шуданд, дубора муҳоҷир шаванд, аммо ин дафъа ба хориҷи кишвар.
Вақте, ки мардҳо ба муҳоҷират рӯ оварданд, ин нишонаи офат буд ва шабоҳати онро дошт, ки як сутуни хонадонро канданд, аммо иҷтимоъ ҳанӯз болои сутуни дигари хонавода устувор меистод. Вале вақте, ки аз пайи мардҳо занҳо ҳам роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанд, ин чунин маъно дорад, ки шамоли бӯҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ бунёди кохи оилаи солимро ба ҷунбиш овардааст.
Моҳбегим, як сокини Хоруғ, ки муддатеро бо маҳрумиятҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳоҷират паси сар кардааст, мегӯяд: «Имконияти пул кор кардан дар бозори Хоруғро барои бароварда сохтани ниёзҳои оддии рӯзгор болотар аз долларҳои муҳоҷирӣ мешуморам. Вале зиндагӣ дар пеши хонаводаҳо талаботҳоеро пеш мегузорад, ки ба мисли хонондани фарзандон дар макотиби олӣ, ки буҷаи хонаводагӣ барои бардоштани онҳо нотавон мемонад ва падару модар маҷбур мешаванд, дар бораи муҳоҷир шудан андеша кунанд».
Ба иттилои расмӣ тайи солҳои охир бо ҷалби занон ба ҳунармандию соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо бо кӯмакҳои грантӣ бештар аз 10 ҳазор зан соҳиби шуғл гардиданд. Аммо теъдоди бекорон дар байни занон, ба хусус дар деҳот ҳанӯз зиёд буда, таъсиси бештари корхонаҳои хурду бузурги тавлидотӣ метавонад, шиддати бекориро дар байни ин қишри ҷомеа коҳиш диҳад ва аз раванди рӯ ба афзоиши муҳоҷират ҷилавгирӣ намояд.
Ш. Мирзоҷалол