Дар қадим ғуломдор рӯзе се маротиба ба коргараш нон медод, то ғулом қуввати кор дошта бошад. Дар замони феълӣ коргари саҳро 5-6 моҳ дар ҳавои 40-45 дараҷаи гармо кор мекунаду музди маош намегирад. Оё дар боло аз ин истисмор хабар дошта бошанд?
Хоҷагидорон мегӯянд:
– Коргарони саҳро охири сол ғӯзапоя мегиранд, замини гандум додаем, аз пахтачинӣ пули нақд мегиранд. Барои парвариши пахта пул намедиҳем.
Нидои ранҷбар:
– Раис номаъқул мекунад, ғӯзапоя ҳаққи ҳалоли мо, замин моликияти давлат аст, ки онро президент ба мо додааст, на раис.
Ҳуқуқшинос:
– Саркашӣ аз пардохти музди меҳнат ҷиноят аст!
Судҳои маҳаллӣ таҷрибаи баррасии парвандаҳои марбут ба пардохти музди меҳнатро надоранд. Зеро мардум аз нагирифтани музди маош ба мақомот шикоят намекунанд.
дар асри нав бо фаҳмишҳои кӯҳна
Аслан бовари кас намеояд, ки дар асри 21 маърифати ҳуқуқи сокинони ҷануби Тоҷикистон ба сатҳе коста аст, ки баъзе «хоҷагони маҳаллӣ» саҳмияи заминҳои онҳоро соҳиб шуда, боз дар ин заминҳо саҳмдори бечораро бе музди меҳнат кор мефармоянд. Ман ба он раисҳое, ки иддао доранд. «Даромади софи пахта хароҷоти солонаи хоҷагиро намепӯшонад», бовар надорам. «Лексус»-ҳои сафеду сиёҳи онҳо низ, ки баъзан хоки кӯчаро бар сари пахтаву пахтачин борида мегузаранд, даъвои соҳибонашонро инкор мекунад.
ҚУМСАНГИР
Азбаски то солҳои 2000-ум даромад аз ҳосили 10-12 сентнерии пахта ба ҷайби одамони алоҳида мерафту ба деҳқон ба ҷузъ ғӯзапоя дигар фоида намемонд, ҳазорҳо нафар ҷавонмардони қумсангирӣ роҳ сӯйи Русия гирифтанд. Имрӯз теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар ноҳияи Қумсангир ба 150 адад мерасанд. Ҳамчунин 8 адад хоҷагие, ки аз 50 гектар зиёд замин доранд, арзи вуҷуд доранд. Дар баъзе аз ин хоҷагиҳо коргарон шаш моҳ бе музди меҳнат каланд зада, танҳо тирамоҳ ҳаққи чиниши пахтаро мегиранд. Соле қабл Садриддин Наҷмиддинов, раиси ноҳияи Қумсангир дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд: «Агар мардум аз ӯҳдаи кори хоҷагидорӣ бароянд, мо омодаем, ки тамоми хоҷагиҳои аз 50 га зиёд заминдоштаро таҷдид кунем. Зеро роҳи асосии рушду тараққии соҳаи кишоварзӣ ин таҷдиди хоҷагиҳои калон ба хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ мебошад». Дар ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Қумсангир дар баробари ҳамкорӣ бо сармоягузор инчунин хоҷагиҳои хурде мустақилона ба парвариши пахта машғуланд. Аммо онҳо дар фурӯши пахта озод нестанд.
Умеда, як саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Довуд» мегӯяд: «Мо дар ихтиёри калонҳои хонамонем. Корро мекунему ҳисобу китобша падараму раис медонанд. Ба фикрам пули коркарду парвариши пахта сарфи андози заминҳо мегардад. Ҳаққи чиниши пахтаро мегирем».
Аъзои хоҷагии деҳқонии «Довуд»-ро аҳли оилаи раиси хоҷагӣ ва чаҳор нафар ҳамсояҳояш ташкил медиҳад. Довуд, раиси хоҷагӣ то мавсими пахтачинӣ ба аъзоёнаш музди кор надодааст.
Коргарон замини гандум доранд, ғӯзапоя ва ҳаққи чиниши пахтаашонро мегиранд. Хоҷагӣ сармоягузорӣ шуда, пардохти музди меҳнати коргарон аз мо вобастагӣ надорад. Поёнтар равед, онҷо хоҷагиҳои калон аст, ки ман кори хоҷагиро бо маслиҳати онҳо мекунам, – гуфт ӯ.
Дар хоҷагии деҳқонии Ҳусейн Худоёров бошад, аз кӯдаки ҳафтсола боло ҳама ба пахтачинӣ баромадаанд. Парвариши пахта заҳмати зиёд дорад, – мегӯяд чинакчии ҷавон Саноат, – аммо ба халқ танҳо аз ҷамъоварии он ҳаққи меҳнат медиҳанду халос.
– Дар мо духтармардум мактаби миёнаро базӯр хатм карда, то тӯй шуданашон дар «колхоз» кор мекунанд.
– Рӯятро намекушоӣ, аксатро гирам.
– Акаи ҷуне, манда суратгирӣ мумкин нест.
– Ун духтар фотиҳа шудагӣ, имрӯз-пагоҳ тӯй мешавад, ба ибартара биё мухлисони микрофони озод бисёранд, – бонувони пахтачин моро ба сӯҳбат даъват мекунанд.
Ганҷимир Қодирова: 28 сол мешавад дар замини пахта кор мекунам. Вақте Саид Қосим раис буд, музди кори моро медоданд, баъди ин мардакҳо заминҳоро гирифтанд, фақат ҳаққи чиниши пахтаро медиҳанду халос. Музди шаш моҳи каландзаниро дар андози заминҳо мегардонанд. Мо асосан коргарони хоҷагии деҳқонии Сайраҳмон Шарипов ҳастем, пахтаи ӯро чинда, ба ин ҷо ёрдам омадаем. Мо дар хоҷагӣ хотири ғӯзапоя кор мекунем.
Шарифмо – саҳмдори хоҷагии деҳқонии Сайраҳмон Шарипов, сабаби истисмори коргарбонувонро аз ҷониби хоҷагидорон ба бесаводии занону духтарони деҳа рабт медиҳад. Нодонию бесаводӣ инсонро тарсу мекардааст. Раисон пеш аз омадани комиссияҳо таъкид мекунанд, ки агар пурсанд, гӯед, ки 35 сомонӣ гирифтаем. Хайр ноилоҷ мегӯем, ки гирифтаем. Чаҳор фарзанд, духтари лумб (калон) дорам, барои ӯ бисёр чиз харида ҷамъ кардан даркор. Агар ба ҳамон маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» моро обуна кунанд, нағз мешавад. Зӯрамон нарасад, ду-сенафарӣ шуда ба як маҷалла обуна мешавем. Солҳои пеш аз ҷангҳо маоши хуб мегирифтему газету журналҳода обуна будем. Аз дунё бохабар будему ҳуқуқҳомона медонистем.
Аслон Худоёров, ҳисобчии хоҷагии деҳқонӣ: Маблағе, ки сармоягузор дар давоми сол ба мо медиҳад, барои кишту дору ва сӯзишворӣ мерасад. Аммо барои коркарди қаторҳои пахта маблағ ҷудо намешавад. Коргарон ба хотири ғӯзапоя кор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол сармоягузори маҳаллӣ Шӯриш Асақолов иброз медорад, ки имсол барои ҳар маротиба коркарди як гектар замини пахта 40 сомонӣ маблағ ҷудо мешуд. Агар раисони хоҷагӣ имону виҷдон дошта бошанд, бояд ҳаққи коргари саҳроро пардохт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, – сармоягузор барои чиниши як кило пахта як сомонӣ пардохт мекунад, ки 30% он сарфи андоз гашта, боқӣ ҳаққи пахтачин аст.
Дар Қумсангир хоҷагиҳои деҳқонии худмаблағгузор низ вуҷуд доранд. Қиём Аббосов – раиси хоҷагии деҳқонии «Қиём-А»: Соли гузашта раиси ноҳия фурӯши пахтаро берун аз ҳудуди ноҳия иҷозат дода буд, мо тоннаи пахтаро 700-долларӣ фурӯхтем. Аз даромади соли гузашта рӯҳбаланд шуда, имсол дар се гектар замини хоҷагӣ пахта кишт кардам. Аммо имсол ҳукуматдорон фурӯши пахтаро берун аз қаламрави Қумсангир манъ кардаанд. Дар дохили ноҳия бошад, ҳар тонна пахтаи моро аз 600-650 доллар баландтар намехаранд. Бо ин нарх фурӯхтани пахта танҳо хароҷоти моро мепӯшонаду халос. Хайр, дар заминҳои ман танҳо фарзандону келинҳоям кор карда, музди кор талаб намекунанд. Даромади солонаи хоҷагӣ ҳаққи ҳамаи узви оила аст. Шӯрбои хонаи мо дар як дег меҷӯшад. Аммо агар аз ҳосили имсола фоидаи соф ба даст наорем, аз фарзандону келинҳоям, ки дасти маро нигоҳ мекунанд, шарм медорам. Худо инсофшон бидиҳад ин мардакҳоро. Агар бо дасту дили пок кор кунанд, фоидаи пахта ба ҳама мерасад.
Умед, сокини маҳаллаи 4-уми ноҳия: Мо чаҳор нафар бародаронем, ки ҳамагӣ дар Русия кор мекунем. Агар аз аввал фиреб намекарданд, мо ба Русия корҷӯйӣ намерафтем. Оқибати ноадолатиҳошона нисбати мардуми деҳот рӯзе эҳсос мекунанд, ки дер мешавад. Ҳоло ҳам волидайни мо дар қайди ҳаётанду мо хотири онҳо гоҳ-гоҳе ба Ватан меоем. Дар деҳаҳои поёнтар занони ҷабрдида, ки дар офтоби сӯзон ҷон мекананду фоидаи корашон ба ҷайби ким-киҳо меравад, зиёданд. Наход заифон (занҳо дар назар аст) 6-7 моҳ дар гармои 40-45 дараҷа дар саҳрои пахта кор кунанду музди маош нагиранд. Инсон ба инсон чунин рафтор намекунад.
Мо аз Қумсангир баромада, роҳ сӯйи ноҳияи Ҷилликӯл гирифтем, то аз ҳоли коргарони он ноҳия огоҳ шавем.
Ҷилликӯл
Дар ноҳияи Ҷилликӯл, ки тоҷику ӯзбек туркману қазоқҳо зиндагии ҳамҷоя доранд, маданияту фарҳанги муносибати мардум бо хоҷагидорону ҳукуматҳои маҳал дигаргуна аст. Агар хоҷагидоре як сол коргаронашро фиреб диҳад, дар соли оянда, аз дастгирии халқ бенасиб монда, оқибат аз замину хоҷагӣ даст мекашад. Номгӯйи хоҷагиҳои пахтакорро аз дафтари ҳукумати ноҳия аз назар гузаронида, интихоби мо рӯйи хоҷагии деҳқонии ба номи «Нусратулло Махсум» афтод, то бубинем, дар хоҷагие, ки номи қаҳрамони тоҷикро дорад, адолат ҳоким аст ё хайр?
Мусоҳиби аввалини мо Маҳмадалӣ Қосимов, раиси хоҷагии деҳқонии «Нусратулло Махсум» бо баҳонаи он ки ба заводи Қӯрғонтеппа пахта мебурдааст, аз сӯҳбат худдорӣ карда, гуфт: Биравед, бо чинакчиён сӯҳбат кунед, чизе онҳо гӯянд, нависед.
Нигина Неъматова, коргари х/д «Нусратулло Махсум»: Солҳои пеш заминҳо дар ихтиёри дигарон буду ҳаққи меҳнаткашонро дуруст пардохт намекарданд. Имсол раиси нав дар ҳамвор кардани заминҳо 70 сомонӣ, дар мавсими коркарди қаторҳои пахта 120-150 сомонӣ маош медод. Ҳаққи чиниши пахтаамонро ҳар серӯза мегирем. Мо ҳамин сол худамонро мисли коргарони даврони шӯравӣ ҳис карда истодаем. Фарқият ҳамин мондааст, ки он солҳо коргарони саҳро «годовой» ҳам мегирифтаанд, мо намегирем. Зулқадамо Саидова, коргари хоҷагӣ: Дар якчанд соле, ки дар соҳаи пахтакорӣ мардумфиребӣ буд, ҷавонмардон диёри худро тарк карда, барои таъмини рӯзгор ба мардикорӣ рафтанд. Ба раиси нави мо чашм нарасад, имсол аз аввали мавсим музди корамонро дода истодааст. Акнун барои занони хоҷагии «Нусратулло Махсум» як мушкили дигар мондааст, ки боғчаи бачагона надорем. Ҳамин як «яслӣ» барои кӯдаконамон сохта диҳанд, кори хоҷагӣ даҳ баробар пештар меравад. Зеро аз набудани боғчаи бачагона занони деҳа дар саҳро осуда кор карда наметавонанд.
Аз пурсишҳои сарироҳӣ маълум шуд, ки дар ноҳияи Ҷилликул на ҳамаи хоҷагидорон ҳаққи коркарду парвариши пахтаро ба коргарон, ки аслан бонувону духтарон мебошанд, пардохт мекунанд. Воқеан мушкили пардохти музди меҳнати коргарони саҳро мушкили тамоми хоҷагиҳои калони вилоят буда, баҳс атрофи ин мавзӯъ сол аз сол гармтар мешавад. Раисони хоҷагиҳо бароҳатанд, ки ба доди мардум ба ҷузъ худи онҳо дигар касе намерасад. Мардум дандонро ба дандон газида, хашми худро фурӯ мебаранд, то аз ҳамин замини барои кишти гандуму ҳаққи ҳезум ҳам маҳрум нашаванд. Шояд ранҷбари деҳот, ки аз ҳуқуқҳои инсонии худ огоҳ нест, ҳеҷ гоҳ барои ҳаққи худро аз корфармо талаб кардан ба мақомот муроҷиат накунад. Пас огоҳкунии аҳолӣ аз қонунҳои мавҷуда ва воқифгардонии халқ аз қарору қонунҳои нав рисолати кадом ниҳод аст? Ё дар баҳси музди кори коркарди пахта ҳақро ба ҳақдор кӣ мерасонад?
P.S. Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки минбари хосу оми кишвар аст, ҳанӯз аз шумораҳои аввалин перомуни ҳаққи ҳалол ё музди меҳнати деҳқонзанон масъалагузорӣ мекунад, вале то ҳанӯз ин масъала ҳалли худро наёфтаву занони зиёде бо меҳнати сангин аз қашшоқӣ берун намешаванд. Бозгашт ба мавзӯъ ва садо баланд кардани бонувони заҳматкаши деҳот ба гӯши масъулин расондани паёмест, ки ба қадри заҳмати онҳое, ки танҳо барои пухтани нон-гӯзапоя зиёда аз ним сол босамар меҳнат мекунанд, поймол кардани ҳуқуқи меҳнати онҳост. Ва ин амал қариб дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ дорад анъана мегардад. Суоли бонувон низ ин аст, ки саҳмдорон аз ноогоҳии ҳуқуқи занони деҳот истидфода бурда, ғӯзапояро ба ҷойи музди меҳнат «қонунӣ» накунанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ