Ҳар рӯз баъд аз дарс ӯ кӯдакони ҳамсояро дар ҳавлиашон ҷамъ мекарду ин «омӯхтаҳоро» дар амал татбиқ менамуд. Вай нақши устодро мебозиду кӯдакони ҳамсоя нақши шогирдонро. Зулфияи кӯчак нақши муаллимаро он қадар воқеӣ мебозид, ки аз ин самимият волидайн ба ҳайрат меафтоданд. Ӯ дар тақлид ба устодаш ҳарф мезаду амал мекард. Мисли устод оҳиста-оҳиста аз ин тарафи синфхонаи тахайюлӣ то он тарафаш қадам мемонд, мисли устод дар «тахтаи синф» (деворҳои ҳавлӣ) санаву мавзӯи дарсро менавишт, мисли устод якеро барои рафтору кирдори намунавӣ таъриф ва дигариро барои беодобӣ мазаммат мекард. Ва дар тақлид ба устод дар охири ҳар дарс «Хонед, одам мешавед, нахонед пушаймон», мегуфту «дарсро» ҷамъбаст мекард.
Бародари калонии Зулфия, ки худ муаллим буд, меҳри хоҳарро нисбати ин касби пуршараф медиду меболид. Барои дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани ӯ ҳар замон «офарин, маълум, ки аз ту муаллимаи хуб мебарояд» гуфта дилашро беш аз пеш моили касб мекард.
Зулфия мактабро бо баҳо аъло хатм кард. Ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент супориду донишҷӯ шуд. Ин духтараки хушахлоқу нармдил аз рӯзҳои аввал бо дониши хубу рафтори намунавиаш дар байни устодону ҳамсабақонаш эҳтироми хоса пайдо кард. Вай ҳамеша мекӯшид ба ҳамсабақони сустхон дасти ёрӣ дароз кунад. Бо ҳар роҳу восита кӯмакашон мекард, китобҳои гуногунашон меовард, маслиҳатҳо медод, баъзан ҳатто мавзӯро такроран мефаҳмонд. Хуллас дар дилу дидаҳо ҷо шуда буд.
Баъди хатми омӯзишгоҳ ӯро бо чанд тан аз ҳамкурсон барои идомаи кору фаъолият ба деҳаи Филмандар фиристоданд. Ҳама фикр мекарданд, ки ин духтараки шаҳрӣ ба шароити деҳа тоб наоварда аз баҳри касб мебарояду бармегардад. Ғайричашдошти атрофиён ӯ ду сол дар ин деҳа ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ фаъолият карду аз он ҷо барои кор дар кумитаи комсомол роҳхат гирифт.
Дар кумитаи комсомол кор мекарду лек ҳамеша дар хаёли мактабу кӯдакон буд. Замоне ки имкони интихоб даст дод, ӯ ба мактаб, ба назди кӯдакон баргашт…
Солҳо гузаштанд. Зулфия муаллимаи ҳақиқӣ шуд. Муаллимаи арзанда, шинохта ва соҳибэҳтиром. Инак, 35 сол мешавад, ки дар ҷодаи омӯзгорӣ заҳмат мекашад. Қадамҳои аввал, ки устувор буданд, заҳматҳояш барабас нарафтанд…
Имрӯз, Зулфия Мирматова, омӯзгори мактаби миёнаи №1-ро дар шаҳру навоҳии Панҷакент ҳамагон мешиносанду эҳтиромаш мекунанд.
Садҳо шогирдон аз ӯ сабақ омӯхтанд. Равшангари роҳи садҳо кӯдакони дӯсрӯст ӯ. Пешрафту муваффақиятҳои шогирдонро дар зиндагӣ мебинаду меболад. Ифтихори устод, роҳнамо будан, дар дилаш ҷӯш мезанаду ҳар субҳи нав бо шавқу шӯри тоза мешитобад, сӯи дабистон. Ин ҷо ҳар нафару ҳар нафас барояш ошност.
Орзуҳои кӯдакиро бо ҷаҳду кӯшиш дар амал татбиқ намуд. Аз зиндагӣ розист. Шогирди замоне тақлидкор, дигар устоди баркамол гашта, ки садҳо кӯдаконро сабақ додаву хату савод омӯхтааст.
Соли 2007 хизматҳояшро ба назар гирифта, ӯро бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА