Маррифгари Зӯҳро атфол аст. На танҳо мардуми пойтахту навоҳии гирду атрофи он, балки анқариб кӯдакони тамоми ҷумҳурӣ ӯро мешиносанд ва ё ҳадди ақал дар бораш аз ҳамсолони худ чизе шунидаанд. Ӯро ҷасорат ва муҳаббаташ ба ҳайвоноти ваҳшӣ машҳур кардааст. Ҳанӯз чанд рӯз то рӯзи истироҳат мондаву кӯдакон домони модар мегиранд, то онҳоро ба боғи ҳайвонот бибаранд. Мехоҳанд рақси хирсу бозии шербачаҳоро бубинанд ва агар имкон даст диҳад, бо шербачаҳои тоза таваллудшуда расм ҳам бигиранд. Чанд соли охир боғи ҳайвоноти шаҳри Душанберо бе Зӯҳро ва дастпарварони ӯ тасаввур кардан мушкил аст.
Ба хотири дидани ин бонуи ҷасур ва меҳрубон роҳи муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот» - и пойтахтро пеш мегирам. Азбаски рӯзи корӣ аст, боғи ҳайвонот дар муқоиса бо рӯзҳои таътил камодамтар менамуд.
Азбаски қаблан нафаре аз ҳамкасбонам бидуни иҷоза ва ҳамоҳангӣ бо Зӯҳро ва маъмурият матлаби «сенсатсионӣ» - е таҳия намудаву барои онҳо дарди сар эҷод карда буд, ба назди директори ин муассиса Назаралӣ Сатторов рафтам. Бо вуҷуди серкорӣ маро бо эҳтироми хоса пазируфта, барои анҷоми рисолат муовинашро муввазаф намуд, ки ҳамроҳӣ ва кӯмакам кунад.
Зӯҳро мисли ҳамеша ба гуфти худаш бо «фарзандонаш» машғул буд. Нахостем ӯро халал расонем, аз ин рӯ, ба кораш аз дур назора кардем. Шербачаҳоро бо навбат аз назди волидонашон гирифта, ба маҳалли дигар мебурд. Он ҷо майдончае дошт сералаф, ки барои бозӣ ва давидани онҳо хеле мувофиқ буд. Шербачаҳои 4 моҳа калонакак шудаанд, бинобарин Зӯҳро онҳоро бардошта мебурд ва вақти рафтан мисли кӯдак навозиш ва гоҳо сарзаниш менамуд. Манзараи аҷибе буд; вақти навозиш онҳо эркагӣ мекарданду ҳини сарзаниш сару рӯйи «модар»- ро мелесиданд ва бо ин кор гӯё бахшиш мепурсиданд. Аз шиддати ҳаракат ва вазнинии бор сару рӯйи Зӯҳро аз арақ нам шуда буд. Баъд аз анҷоми ин кор ӯ ба қафаси шерри бузургҷуссае даромад. Ин лаҳза аз тарс нафасамро дарун кашида, садои диламро шунидам, ки аз ҳарвақта дида зудтар мезад. Шери жаён бо ҷаҳише худро ба назди зан расонд. Аз расидани фалокате дилам таҳ кашид. Шер бо сараш ба пойҳои зан мезаду ӯро тарафи дари қафас мекашид. Зӯҳро бо ханда сари шерро навозиш намуда, гуфт: «Ба бачаҳо рашк мекунӣ? Мехоҳӣ туро ҳам ба берун барам? Биё ба оғӯшам, туро аз ҳама бештар дӯст медорам». Шер чанде якравӣ карду билохира тоб наоварда, худро ба оғӯши зан партофт. Зӯҳро шерро навозиш ва бӯса мекарду суханони меҳрубонона мегуфт. Дар навбати худ шер бо забонаш сару рӯйи ӯро мелесид. Дар қафаси дигар гурги сиёҳ ва маллае ҷо гирфтаанд. Онҳо муомилаи Зӯҳроро бош шер дида, якбора беқарор шуданд ва мисли хирсҳо ба ду по рост шуда, садои аҷибе дардоданд. Зан ин манзараро дида, ба шер гуфт: « Дидӣ, ки гургҳо беқарор шуданд? Ту бихоб, ки ман ба назди онҳо меравам». Ӯ ба назди қафаси гургҳо рафту бо оҳанги сарзанишомезе гуфт: «Ку назиктар биоед, ҳаваси пуштхорӣ гирифт?» Гургҳо бо навбат ба назаш омаданду ӯ бо шӯхиву ҳаҷв бо онҳо сухан гуфта, пушташонро мехориду мемолид. Онҳо аз ғояти шодӣ худро ба замин мепартофтанд, дастонашро мебӯиданду мелесиданд. Ин лаҳза буд, ки хирси бузургҷуссаи ҳамсоя ба «гиря» даромад. Зӯҳро ҷониби вай нигариста, баланд – баланд ва бо завқ хандиду гуфт: «Боз гиряҳои дурӯғинатро сар кардӣ? Агар гиряи ҷиддӣ накунӣ, наздат намеоям!» Бо шунидани ин суханон хирс воқеан ҳам бо садои хеле баланд ба «гиря» шурӯъ кард. Тамошобинон ин манзараро бо шавқу кафкӯбӣ тамошо намуда, ба хотири дастгирии хирс аз Зӯҳро хоҳиш мекарданд, ки ба наздаш биояд.
Ҳамин тариқ хирси дигаре бо номи Миша занро дида, ба рақс даромад. Мардум гурӯҳ- гурӯҳ аз дунболи зан аз нази қафасе ба назди ҳайвоне мерафтанду аз шавқу шӯр гоҳе кафкӯбӣ менамуданду гоҳе ҳам сано мегуфтанд ба ҷасорат ва меҳрубонии ӯ. Шереро писарам мегуфту ҳирсеро духтарам, ҳайвонеро навозиш мекарду дигареро сарзаниш. Самимият ва дӯстдории тарафайн мардумро мафтун карда буд…
Баъд аз анҷоми кор фурсати кӯтоҳе пайдо карда, Зӯҳро бо мо ҳамсӯҳбат шуд. Аз ӯ суол кардам, ки оё аз ҳайвонҳои ваҳшӣ наметарсад? «Аз чӣ бояд битарсам, ба суолам бо суол посух дод ӯ. Ин ҳайвонҳои ваҳшие, ки шумо мебинед, бароям мисли фарзанданд. Оё модаре аз кӯдаки худ метарсад? Онҳоро аз рӯзи зода шуданашон мисли модар калон кардам. Вақте шаб хона меравам, баъзан то субҳ хобам намебарад. Садҳо фикр ба сарам меояд. Мабодо шербачае касал нашуда бошад, ё гурге гурусна монад. Оё хирси малла имшаб хуб хобида бошад, гуфта то субҳ фикр мекунам». Дар ҳар сурат онҳо даранданд, метавонанд рӯзе ба шумо ҳамла кунанд, боз бо тардид ва шак мегӯям ман. «Аз суханони ман наранҷед, мегӯяд Зӯҳро, вале ҳайвонҳои ваҳшӣ аз баъзе одамҳо одамтаранд. Онҳо низ ба сухани хуб ва муносибати нек ниёз доранд. Дили меҳрубон ва нияти неки одамро мефаҳманд. Танҳо забон надоранд, ки эҳсосоти худро бигӯянд».
«Садҳо бор ба ӯ мегӯям, ки эҳтиёт кун, вале ҳарфи касеро гӯш намекунад», - ба сӯҳбати мо ҳамроҳ мешавад модари Зӯҳро – холаи Маҳина. Ҳанӯз аз тифли ҳайвонҳо ва парандаҳоро дӯст медошт. Дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод зиндагӣ мекардем. Мурғҳову гурбаҳо ва сагҳо аз дунболи ӯ ба хона меомаданд». Ҷасорат ва далериро аз кӣ ба мерос гирифтааст, мепурсам аз вай. «Намедонам, ману падараш ҳардуямон дар боғи ҳайвонот кор мекунем, эҳтимол бештар ба падараш монанд бошад», - посух медиҳад холаи Маҳина. Чӣ сабаб шуд, ки ба боғи ҳайвонот ба кор биоед, суол мекунам аз Зӯҳро. «Бо шавҳарам чандин сол зиндагӣ кардему Худо ба мо фарзанд надод. Вақтҳои охир бо ҳар баҳона маро паст мезаду безурёт мегуфт. Билохира, рӯзе таҳаммулро аз даст додаму аз ӯ ҷудо шуда, дар тӯйи арӯсиаш хизмат намуда, ба пойтахт омада, ба назди директори боғи ҳайвонот рафтаму дархости ҷойи кор шудам. Вақте ӯ фаҳмид, ки мехоҳам бо ҳайвонҳои ваҳшӣ кор кунам, бо тааҷҷуб гуфт, ки мардҳо аз ӯҳдаи ин масъулият намебароянд, ту чӣ хел мебароӣ? 5 маротиба ба ӯ муроҷиат намудам. Аз ҷонаш сер шуда маро ба кор гирифт», - ба ёд меорад Зӯҳро он вақтҳоро. Барои чӣ маҳз ҳайвонҳои ваҳширо интихоб кардед, мепурсам аз ӯ. «Он шабу рӯз дилам аз одамҳо монда буд, ҳис мекардам, ки танҳо ҳайвонҳо дили маро фаҳмида метавонанд, аз ин рӯ мехостам бо онҳо кор бигирам», - мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
«Баъд аз омадани Зӯҳро шерҳо, палангҳо, хирсҳо ва ҳатто гургҳо таваллуд карданд. Ин ҳодисаи нодир аст. Ӯ тарзи хоси муомилаи худро бо ҳайвонҳо дорад. Онҳо ӯро мефаҳманду дӯст медоранд. Ӯ маълумоти олӣ ва махсус надорад. Як зани деҳотист. Бояд нафаре кӯмак намояду Зӯҳро китобе нависад, зеро методҳои ӯ натиҷаи мусбат ба бор меоранд», - мегӯяд Назаралӣ Сатторов, директори муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот» - и шаҳри Душанбе.
«Зӯҳро дубора шавҳар карду Худованд меҳрубонӣ ва дӯстдориҳояшро нисбат ба ҳайвонҳо ба назар гирифта, баъд аз 10 сол соҳиби фарзандаш кард. Аммо муносибати ӯ бо писараш Ҷаҳонгир мисли шербачаҳост. Онҳоро баробар дӯст медорад», - шикоят мекунад модари Зӯҳро. «Аксари одамоне, ки ба боғи ҳайвонот меоянд, хеле дағал, бефарҳанг ва беинсофанд», - посух медиҳад вай ба суханони модараш. «Ҷаҳонгир одам аст, мардум бо ӯ кор намегиранд, аммо занҳои зиёдеро мебинам, ки ба дасти фарзандонашон санг дода мефармоянд, то ба сӯйи ҳайвонҳо партоянд. Онҳоро кӣ бояд ҳимоят кунад? Рӯзхое мешавад, ки даҳҳо бор бо мардум дастбагиребон мешавам. Аксари онҳо сухани хубро намефаҳманд. Ба онҳо мегӯям, ки шумо дар озодиву ҳайвонҳо дар қафасанд, одам ақл дорад, чаро ба сару рӯйи онҳо бо сангу чӯб мезанед? Онҳо - ку ба шумо бадӣ накардаанд? Барои чӣ ҳайвонҳои бечораро асабӣ мекунед? Намефаҳмам ин одамҳоро. Хирсаки бечора рақс мекунад, бо ҳаракатҳои зебо кӯдакон ва одамонро механдонад. Аммо баъзе калонсолон ва кӯдакон ба ҷойи меҳрубонӣ онҳоро асабонӣ мекунанд».
Дар иртибот ба фаъолият ва муносибати Зӯҳро бо ҳайвонҳои ваҳшӣ наворҳои видеоӣ таҳия шудаву дар сайтҳои мухталиф ҷо шудаанд. Аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон мардум ин наворҳоро дида, ба ӯ занг мезанду изҳори ташаккур менамоянд. Чандин нафар шаҳрвандони Амрикову Афғонистон, Эрону Ҳиндустон ба суроғаш меоянд. Аксари шаҳрвандони Душанбе эҳтиромаш мекунанду ба хонаҳои хеш ба меҳмонӣ давъваташ менамоянд. Ба хусус, дар ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ атфол Зӯҳроро мешинсанду хостори дидори ӯянд. Шерҳои дастпарвардаи Зӯҳро имрӯз боғи ҳайвоноти Украинаро ҳам зеб медиҳанд. Боре барои кор ба сирк даъваташ намуданд.
«Нарафтам, зеро дигар дастпарваронам дар ин ҷо танҳо мемонанд. Дурӣ аз онҳо бароям хеле сахт аст. Кадом модар фарзандонашро партофта, ба ҷойи дигар меравад», - мегӯяд Зӯҳро ва бо меҳр ба ҷониби ҳайвонҳо нигоҳ мекунад.
Ба хирсҳову гургҳо ва палангону шерҳо вобаста ба хулқу хӯяшон ном мондааст. Яке Маша ном дораду дигаре Миша, якеро Шаҳром садо мекунаду дигареро Зӯҳро ва чанде ҳам номҳои қашанги аврупоӣ доранд. Аммо бе садо кардан ҳам, ҳанӯз аз дур онҳо бӯйи варо мегиранду шарфаи пояшро аз дигарон фарқ менамоянд. Ҳар шом видояш мегӯянду субҳ бо дамидани нахустин анвори хуршед бесаброна мунтазираш мешаванд.
Охир, Модарашон меояд, Модар…
Фароруни Сабзқадам