Бонуи кордону муваффақ ва мардтинату саховатпеша Шамъигул Маҳмудова аз рустои Хутани Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Фархор аст. Кас дар диди аввал аз чеҳраи офтобхӯрдаву панҷаҳои гиро ва ҳарфхои намакинаш пай мебарад, ки вай на танҳо модари фарзандони хеш, балки модари замин низ, ҳаст. Замине, ки ба ифодаи ҳамешагии Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад.
Падари Шамъигул ба ҷуз ронандагӣ, ба корҳои деҳқонӣ низ, шуғл дошт ва аз киштаҳои наздиҳавлигиаш оиларо таъмин мекард. Ӯйи зирак аз овони хурдӣ ба корҳои падар зеҳн мемонд ва ҳамроҳи модар зироат мепарварид. Баъди хатми мактаб ҷои худро дар саҳро ёфт. Қатори дигар дугонаҳо ба корҳои мавсимии хоҷагидорӣ пардохт ва муддате нагузашта, бахти худро дар кишоварзӣ ёфт.
Хоҷагии «Саховат-06», ки имрӯз роҳбарии онро ин бонуи кордон ба дӯш дорад, дорои заминҳои пур аз ҳосили боғу сабзавот, пахтаву ғалла ва тарбузу чормағз аст. Аз заминҳои ғалла бидуни хароҷот имсол сад фоиз фоидаи соф ба даст овард. Соли гузашта аз майдони боғ то 70 фоиз ва аз заминҳои полизӣ наздики 60 дарсад фоида гирифт. Баъд аз ҷамъ овардани ғалладона кишти такрории шолию ҷуворимакка гузаронд. Мавсими гузашта ҳосили рекордии шолию ҷуворимакка барои дон ба даст овард. Барои ташаккули корҳои хоҷагидориаш аз «Амонатбонк» борҳо қарз гирифта, онро дар вақту соаташ пардохт намуд ва дастгирии бонкҳоро барои ривоҷи соҳибкории бонувон аз ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ мехонад.
Шамъигули саркор зиёда аз 40 нафар зани хонашинро дар хоҷагии худ ба корҳои мавсимӣ ҷалб намудааст, ки рӯзе ҳар кадом то 30–40 сомонӣ ҳақмузд мегирад. Аъзои хоҷагӣ аз роҳбари худ шукргузор, Шамъигул бошад аз зердастонаш, ки аз сидқ ба кор часпидаанд, розист. Ҳини суҳбат модарони зиёде аз мушфиқу меҳрубон ва оқила будани саркорбону сухани таъриф кушоданд. Гуфтанд, ки ин модари меҳрубон дар рӯзҳои вазнин бари мардуму дасти сахояш мудом дарозу беминнат аст.
Бонуи саховатпеша Шамъигул Маҳмудова дар хатнасури 70 нафар писарбачаҳои маъюбу оилаҳои камбизоат саҳми худро гузошт. Барои мусобиқаҳои варзишии базми наврӯзӣ аз пасандозҳои хоҷагӣ маблағ чудо намуд ва барои аскарбачаҳои қисми ҳарбӣ, воқеъ дар марзи ноҳия, аз ҳосилҳои рӯёндааш оши болаззат пухт. Ҳарчанд вай ин амалҳои неки хешро аз мо панаҳ медошт, муовини раиси ноҳия изҳор дошт, ки мисолҳои боло муште аз хирвор аст ва хоҷагидори асил мудом дар андешаи дастгирии мардуми камбизоату ниёзманд мебошад. Номбурда муддати мадид раиси маҳалла ва чанд дафъа вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоат интихоб шудааст, ки ин ҳама аз қобилияту ташкилотчигиаш дарак медиҳанд. Раисони ҷавон дар боби маҳалладорӣ аз ин зани рӯзгордида сабақ гирифтаанд, зеро ӯ дар тамоми базму чорабиниҳои маҳал қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро сармашқи фаъолияти хеш қарор медиҳад. Бо мардум муносибату муросо карданро аз волидони хеш дар ҷавонӣ он қадар омӯхтааст, ки имрӯз бо ҳар нафар дар кадом вазн сухан гуфтанашро медонад. Хислатҳои ҳамида Шамъигулро миёни мардум соҳибэҳтиром ва азиз гардондаанд. Аз ин рӯ, мехоҳанд ӯйи кордону соҳибтаҷриба ҳамеша раиси маҳалла интихоб шавад.
Дар баробари ин қадар заҳматҳои шабонарӯзи бонуи серкору сертараддуд дар хона модари мушфиқу меҳрубонест. Солҳои 2000 - 2001 бародару янгааш паёпай аз олам гузаштанд ва саробонии чор ятими кулл ба дӯши ӯ афтод. Модари меҳрубон фарзандони аз волидайн сернашударо ончунон ба оғӯш гирифту ба воя расонд, ки ҷигарбандон имрӯз чун модари асили хеш ба ӯ муносибат доранд. Бо кӯшишу сахтгириҳои Шамъигул ҳамаи чор нафар соҳиби маълумоти олӣ ва кору вазифа шуд. Модар онҳоро бо хушиву хурсандӣ хонадор намуд. Ҳар нафари ба тӯй омада такрор ба такрор мегуфт: «Кори Шамъигулро даҳ мард карда наметавонад». Ҳафт фарзанди худро низ, боодоб тарбия намуда, ба камол расонд. Панҷ нафар аллакай соҳибмаълумот ва дуи дигар дар мактаби миёна мехонад. Фарзанди калонӣ Рустамҷон дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дорад. Маҳина соли равон мактаби миёнаро хатм карду роҳи донишгоҳро пеш гирифт.
Бонуи кордон аз бахти худ ва роҳи тайкардааш дар хатти кишоварзӣ мамнун ва аз бахти худ меболад. Дар хона илҳоми кор карданаш ояд, касеро нигоҳ намекунад, дасту остин бар мезанад, хамиру фатир, кулчаҳои ширмол мепазад. Кадбонуи хубест, аз дастранҷи худ оши палаву бурида, угрову фатирмаска омода мекунад, ки кас аз хӯрдани таомҳояш лаззат мебарад…
Наметавонам дар фарҷом аз хурсандиҳои онрӯзаи апаи Шамъигул ёдовар нашавам. Вақте бо кору бори бонуи меҳрубон шинос мешудем, аз хона зангаш заданд ва ӯ бо илҳоми тозаву саршор аз ғояти фараҳу шодӣ суҳбаташро анҷом дод. Кунҷковиамон боис шуд, ки сабаби хурсандиашро ошкор созад. Баъд аз интизориҳои панҷсола Шамъигули хоҷагидор соҳиби гӯсола шуд. Ин гов аз зотҳои хориҷӣ буд ва парваришу нигоҳубини хосро талаб мекард. Кишоварзи асил аз уҳдаи ин кор ҳам баромад ва илоҷе кард, ки насли онро афзоиш диҳад. Ин орзуи чандсолаи Шамъигул Маҳмудова буд, ки он рӯзи хуҷаста амалӣ шуд.
Воқеан ҳам фарзанди деҳқон ва фарзанди замин будани вай аз фаъолияти пурсамараш дар самти кишоварзӣ ҳувайдост.
Рустами НАЗИР,
ноҳияи Фархор