Бар асоси омори шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ дар соли 2010 аз омӯзгорони ноҳия 39 нафар дар осоишгоҳҳои ҷумуҳриявӣ истироҳат кардаанд. Аз ин теъдод танҳо 6 нафар бону ҳастанд. Имсол бошад 23 нафар омӯзгор фаро гирифта шудааст, ки 7 нафари онҳо зан мебошад.
Бибигул Баротова аз ноҳияи Данғара буда, зани хонашин аст. Вай бо кӯмак ва дастгирии фарзандонаш ба ин ҷо барои табобат ва дамгирӣ омада, шукронаи Худову обу хоки Тоҷикистон мекунад, ки чунин шароит барои дамгирӣ ва табобат дорад.
Ба ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо», ки мардум осоишгоҳи Тосқалъаи Восеъ номаш мебаранд ҷиҳати фаҳмидани омори бонувони истироҳаткунанда аз минтақаи Кӯлоб рафтам. Роҳбари он Иззатулло Тағаймуродов мегӯяд: «Осоишгоҳ 100 рахти хоб дорад: 50-то барои бонувон ва 50-то барои мардҳо. Вале бо сабаби камтар омадани занҳо бештари ҷойҳоро мардҳо банд мекунанд. Масалан, ҳоло аз 100 нафар 70 нафарро мардон ташкил мекунанд. Ба осоишгоҳи мо бонувон аз соҳаи маориф, соҳибхоназанон ва қисман соҳибкорон меоянд. Ҳолатҳое мешавад, ки муаллимаҳо бо як роҳхат ду нафар омадаву 6-рӯзӣ истироҳат мекунанд».
Дар осоишгоҳ соли 2009 хамагӣ 1632 нафар дам гирифтааст, ки аз он 948 нафар мард ва 684 нафарро занон ташкил медиҳанд. Соли 2010 бошад, дар осоишгоҳ 1993 нафар истироҳат кардааст, яъне 1195 мард ва 798 нафар зан.
Дар минтақаи Кӯлоб бештари бонувон дар соҳаи маориф фаъолият мекунанд. Мо дари як қатор раисони иттифоқҳои касабаи шӯъбаҳои маорифи минтақаро кӯфтем, то бидонем барои бонувон чӣ миқдор роҳхат додаанд. Давлат Амиров мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 2351 омӯзгор аст. Аз инҳо 1392 нафарашон занон мебошанд. Дар давоми соли 2010 ҳамагӣ 26 нафар омӯзгорон барои истироҳат роҳхат гирифтаанд, ки миёни онҳо танҳо 5 нафар зан мебошад. Ба таъкиди ӯ, дар мавзеи Чубеки ноҳияи Мӯъминобод тайи ду сол аст, ки маркази истироҳатии омӯзгоронро дубора барқарор кардаанд, вале иттифоқҳои касаба тарғиботи суст мебаранд, ки майли омӯзгорон камтар аст. Вале ӯ мегӯяд, ки мо фақат шароити хобу дамгирӣ муҳайё кардаем. Онҳо метавонанд хӯрокаи худро ҳамроҳ гирифта, ба он ҷо рафта, дар мавзеи мувофиқ ва табъи дил дам гиранд.
Аммо тавре ба назар мерасад барои омӯзгорон ва дигар табақаи камбизоат арзиши роҳхатҳои осоишгоҳҳои ҷумуҳриявӣ хеле гарон ҳаст. Як роҳхати 12 рӯзаи истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ» 826 сомонӣ, «Хоҷа оби гарм» 805 сомонӣ ва «Тоҷикдеҳқоншифо» 600 сомониро ташкил мекунад.
Хулоса метавон кард, ки ба ҳисоби фоиз ба шумораи умуми омӯзгорони шаҳру ноҳияи Кӯлоб 1,1% фоиз омӯзгорони дамгирифтаро ташкил мекунад. Имсол бошад, то охири моҳи июл ҳамагӣ 10 нафар омӯзгорони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар осоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ дам гирифтаанд, ки аз инҳо 4 нафарашон занҳо мебошанд.
Дар дигар навоҳии минтақа омор чунинаст: Восеъ 38 омӯзгор - 9 нафар зан (соли 2010), соли 2011 40 омӯзгор –7 зан; Фархор 14 омӯзгор-2 нафар зан (соли 2010), соли 2011 фақат ду омӯзгор, ки ҳар ду мард мебошанд (бо вуҷуди яке ноҳияҳои сераҳолии вилоят будан).
Мувофиқи маълумоти мудири бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб шумораи умумии омӯзгорон 13103 нафарро ташкил мекунад, ки аз инҳо 4683 нафар зан мебошанд, яъне 35,7%. Дар давоми соли 2010 аз 13103 нафар омӯзгори минтақаи Кӯлоб танҳо тавонистанд 200 нафар дар осоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ истироҳат намоянд, ки дар ин миёна шумораи занҳо аз 40 беш нест. Ҷойи нигаронист, ки ҳатто 1 %-и бонувони минтақаи Кӯлоб ба истироҳат фаро гирифта намешаванд. Ҷойи рафтан ба истироҳатгоҳову барқарор кардани нерӯ ва саломатии бонувони омӯзгор дар давоми рухсатӣ, барои рафъи мушкилии зиндагӣ ба ҷамъовароии ҳосили деҳқонӣ ва ё дар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои зимистонгузаронии аҳли оилаашон ҳамроҳи фарзандон барои ғӯзапоя ба чобуқ машғуланд. Ин тарзи «дамгирӣ»-и аксари бонувони тоҷик аст. Мактабҳои кишвар, ки ба мабалағгузории сарикасӣ гузаштаанд, тибқи гуфтаи аксари директорони мактабҳо дар чанд сол маблағҳои пасандозшуда, ба нархи як роҳхат намерасанд.
Тибқи мушоҳидаҳо дар осоишгоҳҳои вилоят ҳам шумораи бонувони истироҳаткунанда хеле кам аст. Дар осоишгоҳи «Тоҷикдеҳқоншифо» бо Ашурбӣ Ҳасанова, ки дар бозори марказии ноҳияи Ҳамадонӣ ба тиҷорат машғул аст, ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ мегӯяд, ки шумораи занҳои тоҷире, ки ба истироҳат фаро гирифта шудаанд, низ чандон зиёд нест.
Борҳо мешунавем, ки мегӯянд: «Саломатии ҷомеа аз модари солим вобаста аст». Пас барои солимии ҷомеа, бону - модари тоҷик низ бояд аз истироҳат ва фароғат дур набояд бошад. Ё назари шумо дигар аст?
Билоли Шамс