Феълан, ки баҳси масоили гендерӣ дар ҷомеаи тоҷик доман мезанад ва бархе боифтихор аз боло рафтани мақому манзалати зан дар ҷойгоҳи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа сухан мегӯянд ва иддае баръакс аз ҳар чи бештар ба чанголи мушкилоти иҷтимоӣ афтодани занон шикоят мекунанд. Дар ин замина, мо ҳам кӯшиш намудем, ба ин суол посух бидиҳем, ки бори муҳити хонаводагӣ ва иҷтимоии ҷомеаи мо бар дӯши кӣ бештар аст? Зан ва ё мард?
Ба гуфтаи соҳибкор Рустами Содиқиён агар ба вазъи имрӯзаи тиҷорат дар бозорҳои вилоят нигоҳ кунем, 80 дар сади савдогароне, ки сардӣ ва гармиҳои бозоршиниро ба хотири бароварда сохтани ниёзи хонаводаҳо таҳаммул мекунанд ва аз бозорҳои кишвари ҳамсоя мол мекашонанд, занон ҳастанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки занон дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши фаъолтар доранд ва бори асосии сангини рӯзгордорӣ ҳам бар дӯши онҳост.
Ба назари Лайло Нафасшоева, як сокини Хоруғ мавқеи фаъоли иҷтимоӣ касб кардани занон боис шудааст, ки занон дар ҳалли масоили хонаводагӣ ҳарфи гиро доранд ва фармонфармоӣ мекунанд.
Вале ба бовари Зебидамо Суриева ҳузури густардаи зан дар тиҷорат ва овози баланди вай дар хона ва ё бархе аз маҷолис нишонаи аввал будани зан дар ҷомеа нест: «Дар Бадахшон аз қадим мардро сутуни хонадон мегуфтанд ва мард ба кадом андозае, ки аз лиҳози иҷтимоӣ заиф намебуд, ҳарф ва иродааш дар ҳалли ин ё он масъала охирин буд. Мардҳо, умдатан, кори беруни хона ва занон ташвишу тараддуди даруни хонаро бар дӯш доштанд ва саҳаргоҳон чун мард аз хона берун мешуд, зан дасти росташро чун нишонаи умеди дарёфти хайру баракат ба китфи мард –ризқрасони хонавода мегузошт».
Аммо Набот Додихудоева, роҳбари созмони бонувони «Мадина» мавқеъ пайдо кардани занонро дар тиҷорат мушкилоти иҷбории даврони гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ унвон мекунад, ки муваққатан чун як бемории иҷтимоӣ зуҳур кардааст. Ба фикри вай дар ҳоле, ки занон бинобар раҳоӣ аз тангии рӯзгор маҷбур шуданд, бисёре аз корҳои мардонаро бар дӯш гиранд, аммо мардҳо, баръакс, чизеро аз занон мерос нагирифтанд ва фориғбол шуданду кам касонеро дидан мумкин аст, ки дар пухтупаз ва ё иҷрои корҳо ба занон кӯмак расонанд. Аммо ҳарчанд занон мардона кашидани бори гарони рӯзгорро дар баробари мардҳо ба даст гирифтанду аз 5 ҳазор соҳибкори инфиродии минтақа бештар аз 3 ҳазор нафар занонанд, вале шабеҳи мақоли «сад задани сӯзангару як задани оҳангар» риштаи соҳибкории калони минтақаро мардон дар даст доранд, – меафзояд бону Набот.
«Дар форуми «Помиринвест» мардҳои соҳибкор бизнес-лоиҳаҳояшонро муаррифӣ карданду ба ягон зани соҳибкор чунин имконият дода нашуд, шояд барои он ки нақши занро дар соҳибкорӣ нодида мегиранд ва ё баръакс, чунин мешуморанд, ки занони соҳибкор ба муаррифӣ эҳтиёҷ надоранд».
Алимшо Мусаятов, коршиноси дигар бар ин назар аст, ки занон таърихан дар таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа нақши камтар доштаанд: «Фаъолияти чунин чеҳраҳои барҷаста ба мисли Саидфаррухшо ва Шоҳтемур, ба оянда ва пешрафти мардуми минтақа таъсири бузурге расонданд ва аз ин рӯ бо таҳким ёфтани мавқеи иҷтимоии зан тайи даҳсолаҳои охир наметавон гуфт, ки акнун ҳама чизро занон ҳал мекунанд».
Аммо устоди Донишгоҳи Хоруғ Лолои Давлатбек чунин мешуморад, ки даврони барои корҳои хона зан ва беруни хона офарида шудани мард бебозгашт паси сар шуданду бе оташи кӯшишу ғайрати занон бештари ташаббусҳои иҷтимоӣ хом ва нопухта мемонданд, ки дар ҷомеаи имрӯз занон нерӯи пешбар ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи сокини Бартанги ноҳияи Рӯшон, Ҷумъаи Давлатбек дар деҳоти дурдасти кӯҳистон ҳанӯз марду зан ҷойгоҳашонро медонанд ва бо вуҷуди зиёд шудани заҳмати зан дар кашидани бори рӯзгор, ҳарду худро масъул мешуморанд.
Вай мегӯяд: «Баҳор бештари мардҳо заминро кишт мекунанду зимни маслиҳат бо зан ба шаҳр сафар мекунанд, то пул кор кунаду барои зимистон маводи зарурӣ бихаранд. Зан бели обмонӣ бар китф, алафдаравию ҳезумчинӣ ҳам бар дӯш то тирамоҳ ба вақти ҷамъоварии ҳосилу хирманкӯбӣ чашми чор ба роҳи шавҳар мемонад, вале дилпур ҳаст, ки шавҳараш ба қавле «дасташ ба кору дилаш ба ёр» ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои хонаводагӣ дар сохтмон ва ё кори дигари сангини мардона арақи ҷабин мерезад».
Аммо дар ҳоле, ки иддае аз боло рафтани мавқеи иҷтимоии занон дар ҷомеа ситоиш мекунанд ва бар ин назаранд, ки мақому манзалати зан ҳанӯз ба дараҷаи шоиста қадр нашудааст, гурӯҳе аз занон мегӯянд, ки онҳо ҷиддан аз заиф шудани нақши мардҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ нигарон ҳастанд. Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Гулдаста Орумбекова мегӯяд, ки агарчанде барояш ғамхори дар ҳаққи занон муқаддамтар аст, аммо чунин мешуморад, ки оилаи солимро танҳо ҳамон вақт бунёд намудан мумкин аст, агар дар хонавода мард ва зан масъулияти баробар дошта бошанд ва бо ибтикори кумита чанд маҳфил дар мавриди дастгирии маънавии мардҳо ҳам баргузор шуданд.
Ба гуфтаи сокини солманди ноҳияи Шуғнон, Шоҳбек Соҳибхонов зан агар президент ҳам бошад, дар хонавода мақому манзалаташ набояд аз оқилвазир баландтар бошад, дар акси ҳол мувозинат аз байн меравад ва киштии баҳри ҳамзистӣ метавонад ба тӯфонҳои нофаҳмӣ дучор шавад. Сокинони солманди кӯҳистонӣ мардро дар иҷтимоъ ба подшоҳ–таҷассуми ақли кулл ва занро ба оқилвазир–таҷассуми нафси кулл шабеҳ медонанд, ки яке файздиҳанда ва дигаре файзпазиранда буда, мисле ки агар шаб ва моҳтоб набошад, фақат бо рӯз ва нури офтоб олами наботот нумӯъ ёбад ва самар диҳад, ҳамин тавр зану мард бо фазилатҳо ва хайру баракаташон ҳамдигарро комил мекунад ва ба рӯҳу равони ҳамдигар оромиш мебахшанд.
Аз ин рӯ, ба пиндори сокинони ин сарзамин осмони Бадахшон дар китфи марду зан устувор буда, заиф гардидани яке аз ин тарафҳо маънои рахна гардидани шоҳсутуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро дорад ва барои ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳам давлат ва ҷомеа худро баробар масъул шуморад.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол