Аз андеша то воқеият
Чандест, ки деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба мавзӯи меҳварии расонаҳои хабарии олам табдил ёфтааст. Баҳсҳои заминию марзӣ бо ҳамсоягон гоҳе боиси сар задани муноқишаҳо ва ташаннуҷи авзоъ мешаванд. Интиҳои моҳи октябр дар ин деҳа задухӯрди шадиде миёни як гурӯҳи мусаллаҳ ва нерӯҳои ҳукуматӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он дастикам як нафар кушта шуд ва ду нафар аз ҷумлаи мухолифон фирор карданд. Гуфта мешуд, ки он гурӯҳи ҷангҷӯй марбути Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон буда, ҳадафи эшон барҳам задани амну субот дар минтақа аст. Баъдан, хабари решакан шудани наздик ба 400 бех ниҳоли аъзои бригадаи рақами 8-и хоҷагии деҳқонии «Чоркӯҳ» аз ҷониби кормандони мақомоти қудратии кишвари ҳамсоя интишор гардид. Миёни онҳо беш аз сад бех дарахтони бо хуни ҷигар парваридаи очаи Ашӯрбибии чоркӯҳӣ низ буд. Дар лобалои ин ҳама хабарҳои касро нохушкунанда, гоҳе аз ин сӯву он сӯ шунида мешуд, ки гӯё дар Чоркӯҳ волидайн монеи таҳсили духтарон дар синфҳои даҳу ёздаҳ ва идома додани таҳсили онҳо дар макотиби олӣ мегарданд. Ин ҳама хабарҳо моро водор сохт, то роҳ сӯйи ин деҳаи куҳанбунёд гирем ва воқеиятро бо чашмони худ бубинем.
Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост
«Чоркӯҳ як деҳаи бузургест, ки он 35 ҳазор нуфус дорад, – иброз мекунад муовини раиси ҷамоат Абдухалил Шарипов. Тақрибан 16 ҳазор нафари онҳо бонувону духтарон ҳастанд. Миёни онҳо ҳама гуна қишрҳои аҳолиро метавон пайдо кард. Дар ҳудуди ҷамоат як маркази саломатӣ ва шаш бунгоҳи тиббӣ ҳаст, ки дар онҳо аксар бонувон ва духтарони маҳаллӣ машғули фаъолият ҳастанд. Ҳамчунин дар деҳа ҳафт мактаб мавҷуд аст, ки қисмати бештари омӯзгоронро бонувон ташкил медиҳанд. Шавқи духтарони толибилм ба фаро гирифтани таълим ончунон зиёд аст, ки ҳамарӯза аз Чоркӯҳ ба маркази ноҳия мераванд. Онҳо аксар толибилмони литсеи Азизов мебошанд. Имсол духтари чоркӯҳӣ, донишҷӯи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Шабнами Салоҳиддинзода барои идомаи таҳсил ба ИМА роҳхат гирифт».
«Падару модарони чоркӯҳӣ барои таҳсили духтарони хеш монеъ намешаванд ва медонанд, ки духтари таҳсилкарда ҳамеша муваффақ аст», – мегӯяд журналисти варзида ва шинохтаи тоҷик Неъматулло Мирсаидов. «Ҳарчанд замоне буд, ки волидайн мегуфтанд: «Ба духтар хондан чӣ лозим? Вазифаи аввалини зан ба дунё овардани кӯдак ва тарбияи он аст». Бо гузашти солҳо андешаи мардум низ нисбати тақдири фарзандон, таҳсили духтарон дигар шудааст. Вале миёни мардуми деҳа ҳанӯз ҳам хурофот роиҷ аст. Аксари волидайн бар ин назаранд, ки бигзор духтаронашон таҳсилро идома диҳанд, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷ аз он. Вале падару модарон мехоҳанд, ки агар инро лозим бишуморанд духтарони онҳоро шавҳаронашон бихононанд. Мардуми Чоркӯҳ мехоҳанд духтарони худро ҳарчӣ барвақттар хонадор кунанд, зеро қонунҳои шариат дар деҳа пояҳои мустаҳкам доранд ва тибқи он бо номи нек додани духтар ба шавҳар, бахти баланде барои волидайн ба шумор меравад. Бо баробари хонадор кардани ӯ масъулият низ ба дасти шавҳари вай мегузарад», – мегӯяд мусоҳибам.
Баъзан ҳатто ашхоси равшанфикр низ аз чаҳорчӯбаи он қолаб баромада наметавонанд. Бо андешаи он ки онҳо низ тобеи ҳамин муҳит ҳастанду қоидаву низомҳо бояд риоя шавад.
Розе, ки наметавонӣ ба касе бигӯйӣ
«Бонувони чоркӯҳӣ мисли дигар бонувони диёр ба бемориҳои камхунӣ, паст будани фишори хун, амрози сироятӣ мубтало ҳастанд, Зеро бонувон аксар фарҳанги ғизохӯриро риоя намекунанд. Мардуми деҳа маҷбуранд аз оби ҷӯйборон истифода баранд» – иброз медорад сарпизишки Маркази саломатии деҳа, Солибой Ҳакимов.
«Чун дар ҳама ҷо корҳои саҳроӣ асосан ба дӯши бонувон аст», – иброз медорад як тан аз ҳамсафарони чоркӯҳии мо. «Онҳо бар ивази меҳнати вазнини хеш камтарин маош мегиранд. Пас ғизои пурвитамин ва қавиро аз куҷо, бо чӣ харидорӣ намоянд? Вале дар ин авохир падидаи нав ва барои мардуми ин маҳал комилан бегонае пайдо шудааст, ки интиқол ёфтани бемориҳои зӯҳравӣ аз мардон ба занон аст».
Мардҳо аз муҳоҷират бемор бармегарданд ва аз муоинаи пизишкон намегузаранд, – иброз медорад пизишки собиқадор. Муолиҷаи чунин беморон серхарҷу серташвиш аст, зеро маводи ташхисиро аввал ба шаҳр, баъдан ба вилоят интиқол медиҳанд. Озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо мошинолоти муосир на танҳо дар деҳа, балки дар ноҳия низ вуҷуд надорад.
Ба андешаи Неъматулло Мирсаидов вақти он расида, то нисбати ашхосе, ки дар кишварҳои дигар ба бемориҳои сироятии зӯҳравӣ мубтало шуда, боиси сироят ёфтани ҳамсарони хеш дар Ватан гардидаанд, тибқи қонунҳои мавҷуда чораҳои муҷозотӣ татбиқ шаванд.
Дар лобалои сафар
Чун мо хостем бо худи бонувон ҳамсӯҳбат шавем ё чанд сурати бонувони чоркӯҳиро бигирем, ҳамсафарон гуфтанд: «Муҳит иҷоза намедиҳад ин корро. Аз баҳри суратгирӣ гузаред». Мо ҳамчунин кардем. Вале дар кӯчаҳо дидем, ки бонувон аксар рӯсарӣ ба бар карда, озодона аз пайи кори хеш ҳастанд.
«Чунин тарзи либоспӯшии онҳо маънии онро надорад, ки онҳо бунёдгаро, тахрибкор ё ифротӣ бошанд, – иброз дошт Абдухалил Шарипов, муовини раиси ҷамоат. Дар Чоркӯҳ пояҳои таълимоти Имоми Аъзам ончунон мустаҳкам аст, ки ҳеҷ як дин ё ҷараёни мазҳабии дигар наметавонанд, ин пояҳоро ларзон созанд».
Тилав Расулзода