Гумон мекардам бар хилофи кӯдакони оддӣ кӯдакони ин ҷо камсухананду камҳаракат, камтаваҷҷӯҳанду маъсум. Охир табиат онҳоро бо имкониятҳои маҳдуд офарида, аммо…
Ин ҷо набарди маргу зиндагӣ, мубориза барои ҳаёт, барои зинда монданро дарёфтам. Нӯш кардани заҳрбодаи қисматро бо лаби хандон бидидам… Мани бузург ин ҳама таслимнашуданҳои кӯдаконро назди сахтиҳои зиндагӣ бидидаму ангушт газидам. Худоё, ин ҳама ҷасорат дар ин қалбҳои кӯчак аз куҷо раҳ ёфта?...
Чун ду-се нафарро ба оғӯш кашидаву номашонро пурсидам, аз пештара бештар ба ҳайрат уфтодам. Дар ин даргоҳ қариб ҳамаро ном Умед асту Умеда. «Ба умеди фардои равшан ва ояндаи тобонашон онҳоро Умеду Умеда хитоб менамоем. Бовар дорем, ки умедҳои волидайнро як рӯз боровар хоҳанд кард», – мегӯяд, директори муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии «Чорбоғ», Мавлуда Шамсуллоева.
Кӯдакеро ба оғӯш мегирам. Кормандони марказ огоҳам мекунанд, ки табибон ба ӯ ташхиси осеби баъд аз таваллуд, нимфалаҷи майнаи сарро гузоштаанд. Ғамгин мешаваму ба умқи чашмонаш менигарам. Чӣ қадар зебо… Афсӯс, ки табиатро ба ин ҳама покиву зебоӣ коре нест… Мепурсам, ки чӣ хоҳиш дорад? «Бозича, шоколад?»… Ғайриинтизор кӯдак бо лаҳни шикаста аз ман мепурсад: «Оччччааамаа оваааалдӣӣӣ?»… Саволи ногаҳонӣ ва баробар бо як олам сукути пур аз тӯфони фиғон…
Оҳ… Оҳ, кош ин лаҳзаҳо гӯши ман кар мешуду чашмонам кӯр, то дигар ҳарферо намешунидаму чеҳраеро ин ҷо намедидам. Шояд ин аввалин суоле дар ҳаётам буд, ки барои дарёфти посухаш як сония баробари як сол тӯл кашид. Бо чашмони пур аз илтиҷо, ки шояд ӯ битавонад маро аз ин ҳолати нобоб раҳо намояд, шояд ҳарфе умедворкунанда дошта бошад, ба Мавлуда Шамсуллоева нигоҳ мекунам…
«Эй кош», – мешунавам дар ҷавоб…
«Тӯли панҷ соле, ки ман ин ҷо ҳамчун роҳбар фаъолият дорам, бисёр кам иттифоқ уфтодааст, ки падару модаре омадаву пурсида бошанд, ки фарзандонашон чӣ ҳолу аҳволе доранд. Баръакс, шахсони умуман бегонае, ки бо ин кӯдакон ягон наздикие надоранд, меоянд, хабарашон мегиранд, кӯмаки моливу маънавӣ мерасонанд. Магар фарзанди маъюб ва ё иллатнок доштан айб аст? Шумо медонед, ки ин қабил кӯдакон тез-тез бемор мешаванду эҳтиёҷ ба табобат доранд. Чанд рӯз пеш як кӯдаки мо бемор шуду ба шӯъбаи эҳё афтод. Падару модарашро кофтем. Онҳоро аз ҳеҷ куҷо дарёфт накарда, суроғаашонро кофтаву ёфта ба хонаашон рафтем. Бо рафтан рафтему… Падару модари кӯдак ба ҷойи он, ки аз мо миннатдор бошанд, баръакс аз мо хафа шуданд, ки бояд хонаи онҳо намеомадем. «Ҳаққу ҳамсояҳо аз фарзанди маъюбамон хабар надоштанд. Акнун мо ба онҳо чӣ мегӯем?». Ин танҳо як ҳодиса аст. Ба ин монанд ҳодисаҳо хеле зиёданд. Волидайн ҳатто дидаву дониста шумораҳои телефонҳояшонро ғалат медиҳанд»…
Намедонам ба нишони эътироз чӣ кор бикунам... Гӯшанишин бишавам… Зор - зор бигирям… Пираҳан пора кунам…
Сари қаҳру ғазаб ва аз бечорагӣ хитоб мекунам ба Модар, ба Модаре, ки бузургии меҳраш дунёро гирифта ва дастони пур аз навозишаш ҳама беадолативу сахтиҳои қисматро пора карда…
Эй Модар! Эй Модаре, ки нӯҳ моҳ дар интизори шунидани гиря ва дидани чашмони оламнодидааш будаӣ… Эй Модаре, ки баробари тавлиди тифл пораи ҷонатро ба дасташ додаӣ…Эй Модаре, ки ҳазорҳо бор шукронаи пайдоишаш кардаӣ… Пас имрӯз туро чӣ шуда? Шукронаву интизориҳоят то ин ҳад самимӣ буда, ки бо як санҷиш ҳама поён ёфта? Боре фикр накардаӣ, ки шояд Парвардигорат бо ин ҳама самимияти туро имтиҳон карда… Пас, битарс аз он рӯзе, ки барои дидани тифлакат чашмонат чор бишаваду дар орзуи бағал кушодану бӯсаборон карданаш оғӯшат якумра холӣ бимонад ва лабонат то абад хушкида…
Порасӯҳбат:
Шиносоӣ:
Шамсуллоева Мавлуда Саидахмедовна, узви ҲХДТ, маълумотии олӣ, директории Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ»
Занест кордон, коргар ва роҳбар. Мегӯяд, ҳаёташ бе кӯдакон тасвирнокарданист. Гарчанде баъзеи ин кӯдаконро модарони аслӣ аз дида дуру аз дил берун кардаанд, ӯ ва ҷамъи кормандонаш онҳоро модарвор ба оғӯш гирифтаанд.
Мушкили мо:
«Мо аз касе пулу мол талаб надорем. Онҳо (кӯдакон) дар ин ҷо ба ягон чизу чораи дунё ҳам эҳтиёҷ надоранд. Ҳама чизро давлату ҳукумат, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шахсони саховатманд барояшон муҳайё кардаанд. Танҳо чизе, ки аз волидайн талаб мекунем, ин меҳр аст. Хоса меҳри модар аст, ки дар дунё онро барои кӯдак чизеву касе наметавонад иваз намояд. Биёянд, ақаллан ҳафтае, моҳе як маротиба хабарашон бигиранд. Инҷо шумораи зиёди занҳо кӯдакони онҳоро бо азобу уқубатҳо парасторӣ менамоянд, вале модарони худшон кам ё намеоянд».
Ҳамачиро доранд, ба ҷуз…
«Ин кӯдакон ҳама беморанд ва ниёз ба табобат доранд. Давлат онҳоро бо табибон (духтури кӯдакона, асабшинос, физиотерапевт, логопед, дефектолог, духтури гӯшу гулӯю бинӣ, равоншинос, ҳамшираҳои шафқат) таъмин кардааст, шароити бозӣ (бозичаҳои замонавӣ, гӯшаи зинда, боғи зимистона, синфхонаҳои омӯзишӣ, ҳуҷраи оромиш, ҳуҷраи намоиши театр, расмкашӣ, мусиқӣ…) ҳама барои кӯдакон ин ҷо муҳайёст (касе шубҳа дорад, биёяд, аз шароити кӯдакон дидан кунад). Мо ҳама ин ҷо аз нарасидани меҳри Модар танқисӣ мекашем».
Формулаи асосӣ:
«Баъди тавлиди ин қабил тифлакон нороҳат мешаванд, дилшикаста мешаванд, «дар насибамон чунин будаст» гуфта, тифли беморро ё ба марказҳои махсус медиҳанду дигар аз буданаш фаромӯш мекунанд, ё дар хона ба табобату тарбияи нодурусти онҳо машғул мешаванд. Кӯдак бемор аст гуфта, ӯро аз ҷояш намеҷунбонанд. Бо ин кӯдакон бояд кор кард. Тавонбахширо аз рӯзҳои аввал оғоз кардан даркор. Маҳс, физиопротседураҳо, табобат бо сӯзан, баъдтар вақте кӯдак камтар ҷон гирифт, истифода аз механотерапия (табобати ҷисмонӣ бо воситаи тренажёрҳо), табобат бо воситаи об, хок, қумро бояд ба роҳ монд. Инҳо ҳам мисли дигар кӯдаконанд, фақат каме нозуктар. Бовар кунед, ҳолати инҳоро беҳтар кардан мумкин аст. Баъзеҳояшон тамоман солим мешаванд. Фақат бо инҳо аз рӯйи формулаи сабр, таҳаммул ва таҳаммул, сабр кор кардан лозим аст».
Танҳо модар:
«Ман ҳамеша мегӯям, боз ёдовар мешавам, ки давлат бо ин ҳама ғамхорӣ, табибон, ҳамшираҳои мо бо ин ҳама меҳрубонӣ натавонистанд ва шояд як умр натавонанд меҳри оламгири модарро барои ин кӯдакон иваз намоянд. Олимони соҳаи тиб кайҳо ба хулосае омада буданд, ки 50 фисади табобати маризиҳои кӯдакона дар дасти онҳост, боқимонда 50 фисади дигар дар дасти модарон аст. Танҳо Модар қодир аст, ки бо меҳр, бо навозиш, бо парвариш тифлакашро аз марг раҳо бидиҳад».
Сабаби бемории кӯдакон:
«Мутаассифона бар асари ҳирсу сарват бисёре аз мардуми мо, баро бегона нашудани дороияшон ба никоҳи хешу таборӣ даст мезананд, ки сабаби асосии ин ноҷӯраҳост. Дар бисёр ҳолатҳо сабабгори тавлиди тифли бемор худи волидайн ҳастанд. Ҳангоми ҳомиладорӣ камтарин ноҷӯрӣ дар организм ба оқибатҳои ногувору вазнин оварда мерасонад. Афсӯс, ки занҳои мо ба вазъи саломатии худ ҳангоми ҳомиладорӣ бепарвоянд. Баъзеҳо ҳатто дар қайди табибон ҳам нестанд. Ҳомилашавии бе муоинаву ташхиси пешакӣ, ба инобат нагирифтани фосилаи байни таваллуд, бемориҳои сироятӣ, таваллуд дар хона, истеъмоли нодурусти ғизо, камии витаминҳо, таваллуди вазнин, осеббинӣ ҳангоми таваллуд ин аломатҳо ҳама ба ояндаи кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд, ки оқибатҳояшро дида истодаед».
Омор:
«Дар айни замон барои будубоши доимӣ дар марказ 200 нафар кӯдакро зери сарпарастӣ гирифтаем, ки 124 нафарашон писарон ва 76 нафарашон духтарон мебошанд. Ба ғайр аз ин мо барои кӯдаконе, ки фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, оқибатҳои осеби баъди таваллуд, оқибатҳои осеби баъд аз бемориҳои сироятии майнаи сарро гузаронидаанд, маркази тавонбахшии махсус кушодем, ки мӯҳлати табобат дар ин марказ 21 рӯз буда, ҳамаи намуди табобат ин ҷо ройгон аст. Кӯдакон бо модаронашон якҷоя табобат мегиранд. Модарон дар ин муддат тарзи дурусти муомила, муносибат бо кӯдакони маъюбро меомӯзанд. Онҳо дар як рӯз чор маротиба бо хӯроки серғизо, пизишкони ботаҷриба таъминанд. Як кӯдак бо модараш метавонанд соле се маротиба аз хизмати марказ истифода кунанд. Дар маркази мо кӯдакон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳастанд».
Ҳама мераванду онҳо «муқимиянд»
Замони ин ҷо будани мо ба поён мерасад. Бо чашмони пурашк, бо қалбҳои шикаста меравем. Мо меравему кӯдаконро бо ҷамъи кормандони марказ мегузорем. Бори охир ба ҷонибашон менигарем. Аз даҳҳо чашмакони гуногуни ҷонибамон дӯхташуда ва даҳҳо лабони гӯёву хомӯш гӯё ин сатрҳоро мешунавем:
«Мо чӣ кор кардаем? Барои кадомин гуноҳамон чунин рӯзу рӯзгоре насибамон гашта. Маризии якумра, дард, ранҷ, озор. Мо ҳам ҳақ доштем мисли тамоми кӯдакони дигар аз шодиву фараҳи кӯдакӣ баҳраманд бошем. Бидавем, биҷаҳем, бозӣ кунем, дар иҳотаи наздикон бошем, меҳрборонамон бикунанд. Бӯсаҳои ширин, навозиши гарм, дастони нарм болои сарамон бошад… Аввалин калимаҳо, аввалин қадамҳо, аввалин «очаҷон»-гӯиҳову даҳҳо чунин аввалинҳое, ки мо аз онҳо маҳрум мондаем… вой… вой… Вой аз қисмате, ки морост…»
Гулноза БОБОМУРОДОВА