Муҳоҷирати меҳнатӣ як амри табиие барои қарнҳои ахир маҳсуб мешавад. Намояндагони ин ва ё он кишвар барои анҷоми корҳои мавсимӣ ва дарёфти маоши беҳтар ба мамлактҳои дигар мераванд. Аммо фарқ дар он аст, ки муҳоҷирони меҳнатии дигар кишварҳо тибқи қарордод ва тавофуқномаҳои байнидавлатӣ ба ин кор даст мезананд ва онҳо аз тамоми ҳуқуқ, бимаҳои тиббӣ ва имконоти дигар бархӯрдоранд. Муҳоҷирати меҳантӣ дар кишавари мо ба таври стихиявӣ, бидуни ҳеҷ қавонин сурат мегирад ва имтиёзеро, ки Русия барои Тоҷикистон додааст, дар муқоиса бо теъдоди муҳоҷирон хеле камтар аст. Аз ин рӯ, аксари муҳоҷирони меҳнатӣ бидуни таҳия ва сабти аснод дар ин ё он ширкат ба таври ғайрирасмӣ фаъолият менамоянд ва бо даст додани аввалин имконият, корфармо ё маоши онҳоро пурра пардохт намекунад, ё умуман аз маҳалли кор меронад.
Иллати ба ин ҳол гирифтор шудани ҳамшаҳриҳои мо ин надонистани ҳуқукҳои худ ва забони русӣ аст. Зеро аксаран занон, духтарон ва ҷавонони деҳотие имрӯз даст ба муҳоҷирати меҳнатӣ мезананд, ки на танҳо забону ҳуқуқро намедонанд, балки аз оддитарин қавонини муошират бархӯрдор нестанд. Онҳо қабл аз мусофират ба сохторҳои марбута дар Тоҷикистон муроҷиат накарда, ба зангҳои телефонии ҳамсояҳо, хешу пайвандон ва ё ҳамшаҳрие иктифо менамоянд.
Ҳамчунин дар қатори ҷавонон аз сабаби ба кор таъмин набудан, дар шароити феълӣ пирамардони аз 70 сола боло, модарони ба синни нафақа расида ва писарону духтароне мераванд, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд. Бинобарин онҳо дар мусофират аксаран аз ҷониби миллатгароёни рус, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия ва ҳамзамон аз ҷониби ҳамшаҳриҳои худ мавриди фиреб ва хушунат қарор мегиранд. Фиреб ва «кидала» имрӯз ба тавре муд шудааст.
Аз ҷониби дигар, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистоние, ки дар шароити феълӣ дар Русия фаъолият доранд, аз имконоти кории худ барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони дар муҳоҷиратбудаамон пурра истифода намебаранд ва имкони фаро гирифтани ин кишвари бузургро ҳам надоранд. Дар ин маврид наметавон танҳо як тарафро муқассир номид, зеро ҳам шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар ин сохторҳо сабти ном намешаванд ва ҳам фаъолияти ғайриқаноатбахши сафорат ва консулгариҳоиямонро наметавон нодида гирифт.
Аммо масъалаи мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ паҳлӯҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ низ дорад. Суоле пеш меояд, ки чаро замони шӯравӣ нафароне, ки аз Тоҷикистон ба Русия барои таҳсил ва ё кор мерафтанд, мавриди эҳтироми мардуми бумӣ қарор доштанду имрӯз онҳо ба ин осонӣ мавриди таҳқир ва хушунат қарор мегиранд? Ба хусус, дар мавриди ҷавонмардони тоҷикистонӣ «ҳарф»- е набуд. Онҳо бо ҷавонмардӣ, кордонӣ, дониш ва ҷасорати худ ном мебароварданд. Илова бар иллатҳои мазбур дар мавриди беэҳтиромӣ нисбат ба ҳамшаҳриҳои мо, масъалаи нигаронкунандаи дигар ин ба тарсу табдил ёфтани аксар ҷавонон мебошад. Дар навори видеоӣ се нафар миллатгарои рус ҷавонеро лату қӯб мекунанд, аммо ӯ дар посух танҳо аз дард доду вой мегӯяду ба мисли зан гиря мекунад, аммо амале дар муқобили онҳо анҷом намедиҳад. Мушаххасан, миллатгароён чандон ҷавонони ҳузарб нестанд ва дар ҳолати худро ба даст гирифтан, метавон аз онҳо ба осонӣ раҳо шуд, ё баръакс онҳоро мавриди лату кӯб қарор дод. Аммо тааҷҷубовар он аст, ки ин муҳоҷири тоҷикистонӣ баъд аз задани муште худро ба замин мепартояд ва имкон медиҳад ӯро бо санг ба сараш зананд. Ин амали тарсуёнаи муҳоҷир барои ман муаммост. Намефаҳмам, чӣ тавр мард метавонад ин қадар тарсу ва ё аблаҳу галӯ бошад, ки рӯйи замин бихобаду имкон диҳад, ки чанд нафар авбоши маст вайро азият кунанд? Изофа бар ин, онҳо ба ӯ фишор меоранд, ки худашро аз болои пул ба пойин андозад. Дар посух ба ҷойи онҳоро задану фирор кардан, ин муҳоҷири бадбахт танҳо зораю тавалло мекунад. Чаро охир? ӯ ба осонӣ метавонад се миллатгарои майзадаро бо чанд мушт ба замин бихобонад, аммо вай нола сар медиҳад? Чаро ҷавонони тоҷик дар хиёбонҳои пойтахт ба ҷойи роиояи ахлоқ ва роҳ додан ба ҳам ва ба модарону калонсолон мисли «буқа» синаро паҳну пеш карда, аз роҳ аввал шуда мегузаранду дар мусофират, ки ҷойи ору номус аст, занвор дар муқобили мардони дигар миллатҳо гиря мекунанд? Барои чӣ тоҷике, ки аз тифлӣ волидайн барояш достонҳои қаҳрамонии «Шоҳнома» -ро мехонданду дар зандагӣ бо ҷавонмардӣ ном мебароварду ҳатто мардона мемурд, имрӯз ба ноҷавонмард ва тарсу табил ёфтааст?
Солҳо дар мусофират будаам ва метавонам аз амалҳои ноҷавонмардонаи ҳамшаҳриҳоямон мисолҳои зиёде биорам, аммо мехоҳам ин ҷо сари ин масъала ҳарф бизанем, ки чаро вақте миллатҳои дигар барои кор ба Русия мераванд, агар миёнашон дар ватан нофаҳмие ҳам вуҷуд доштааст, онро фаромӯш мекунанду дар ғарибӣ ба мисли ду бародар аз ҳам мувозибат менамоянд, аммо тоҷик ба ҷойи дастгирӣ намудани ҳамватан талош меварзад, то ӯро бифиребад ва ё ғорат кунад? Кор ба ҷойе расидааст, ки баъзе ҳамватанони «ботаҷриба» - амон нафарони тоза ба Русия рафтаро гӯл зада, паспортҳояшонро мегиранду онҳоро бо 100 дуллор ба миллатҳои дигар ба ғуломӣ мефурӯшанд. Оё аз ин бадбахттар миллат ва аз ин зишттар амалеро дар рӯйи замин пайдо кардан мумкин аст?
Чаро то имрӯз иқрор намешавем, ки оқибатҳои дигари бадбахтиҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ акнун рух заданд? Чаро намегӯем, ки садои тасмачархҳои танкҳо, тирпаррониҳо ва кушторҳои ғайриинсонӣ дар вуҷуди модарон ва духтарони кӯчак, ки акнун ба синни зоиш расидаанд, ҷо гирифтаву ҳоло «аз худ дарак» медиҳанд? Чаро барои пешгирӣ ва муолиҷа кардани он аз дониши равонпизишкон истифода намекунем? Барои чӣ агар бемории иҷтимоъиро пешгирӣ нанамудаем, имрӯз онро ташхис ва муолиҷа намекунем? Чаро таҷрибаи талхи таърих моро чизе намеомӯзад? Ё мехоҳем дар хориҷ аз он бо номҳои Ҷамшуду Равшан шинохта ва дар таърих сабти ном шаваем?
Эмомалӣ Сайидамирзод