Ору номус омили худсӯзӣ?
Тибқи иттилои мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи шаҳри Душанбе Шералӣ Соҳибов, дар 5 моҳе, ки 5 нафар зан ба худсӯзӣ даст заданд, ҳамагӣ аз деҳот ва занони хонашин мебошанд.
Яке аз инҳо Салоҳова Сабоҳати 36-сола аз деҳаи Пахтаободи шаҳри Турсунзода мебошад, ки аз рашку латукӯби зиёди шавҳар даст ба худсӯзӣ задааст. Аммо миёни ин 5 нафар калонсолтар низ Сабоҳат аст, 4 нафари дигар ҳамагӣ 24-26 сол доранд, ки ба қавли бархе таҳлилгарон, ин аз сабаби таҳаммулпазир набудани ҷавонон аст.
Дар ҳамин ҳол, тавре Сабоҳат сабаби худсӯзӣ карданашро нақл кард, давоми 21 соли зиндагӣ бо шавҳар рӯзи хуше надидааст. Шавҳараш дар як рӯз ду маротиба арақ нӯшидаву ӯро зери лату кӯб мегирад. Ҳарчанд дар аввал ба хонаводаи худ чизе иқрор намешавад, вале ҳар бор сари кафидаву нишони шаттаву шалоқ дар рӯй ва дасту пои баста аз назари пайвандон дур намонд. 4-5 маротиба волидайн бо мақсади духтарашонро аз азобу шиканҷаи шавҳар халос кардан, ба хонаашон ҳам бурданд. Аммо ҳар бор шавҳар дар ҳузури шоҳидон бахшиш пурсида, ӯро баргардонидаст. Маротибаи охир мард бо «занталоқ» қасам мехӯраду муллоҳои деҳа занро розӣ мекунонанд.
Баъдан ҳамагӣ як-ду моҳ мард дар қасами худ устувор монду халос ва зан дигар ба хонаи падару модар рафтанро ор дар назди мардум дониста, 23-юми апрел худро ба коми оташ афканд.
Аз нақли духтар
Мавзуна – духтари Сабоҳат ҳоло қадрас асту айёми гулгулшукуфоии ҷавониаш, аммо майнӯшии падар ва рашку ғазаби ӯ дар баробари модар зиндагиашро талх кардааст. ӯ мегӯяд аз замоне ки худро шинохтааст, дар хона рӯзи хушеро ёд надорад. Мавзуна рӯзи мудҳиши ба сараш омадаро чунин нақл кард:
«Доим ба очаам мегуфт, ки «ту 7 бор мехӯриву кӯдаконат 6 бор. Баъдан, «ман кор мекунаму шумо хӯрда хоб. Ман барои шумо орд харидам, пул надорам, ки барои худам туфлӣ гирам» – гуфта, бо пойафзоли кӯҳнааш модарамро зад, ки «рав ба очаат гӯй барои ман туфлӣ харад». Ва он рӯзи шум падарам гӯшт овард, ки самбӯса пазем. Пас аз лату кӯби модарам, гуфт «ман мехобам то хестанам самбӯса тайёр бошад». Аммо баъди аз хоб хестан, чун бо модарам дар тафдони барқӣ самбӯса омода мекардем, баҳона пеш овард, ки чаро дар танӯр напухтем ва боз модарамро ҷанг карду моро аз хона ронданӣ шуд. Ба ҳамин хотир модарам дигар тоқат карда натавонисту худашро оташ зад».
Аз нақли худи ҷабрдида
Аз зиндагии талхи худ Сабоҳат чунин ёдовар шуд: «Охирон бори ба «занталоқ» қасам хӯрдан баргаштем, як моҳ арақ нахӯрд, аммо баъдан мисли пештара боз сар кард. Ҳар бор мегуфт, ки «ту дар хона хушдоман надориву тайёра хӯрдаву катагӣ карда мегардӣ. Хусурат тура ҳиччӣ намегӯяд». Чунин суханҳо гуфта, зери мушту лагад мегирифт.
Пас аз ҷангу задан, бо кӯдакон аз хона пешамон кард. Аммо баъди 4-5 бор хонаи падар рафтану омадан, дигар куҷо ҳам мерафтам? Агар боз мерафтам, ҳатман мардум мегуфт, ки айби худаш асту ба рафтану омадан одат кардааст. Ман аз хона нарафтам ва баҳона ҷуст. Гӯшт овард, ки самбӯса пазем»,-мегӯяд ҷабрдида.
Зан дигар тоб наоварда «ба ҷонам задӣ»-гуфта, худро оташ сар дод. Аммо ҳарчанд шавҳар ҳолати сӯхтани занашро мебинад, мижжааш таҳ нахӯрда, дар рӯйи кат сканворд пур мекунад. Вақте бародараш бо зану ҳамсояҳо духтурро оварданд, шавҳари Сабоҳат дар ғазаб мешавад ва дар ҳамон ҳолат ҳам: «ту консерт нишон додӣ»-гуфта боз ӯро задан мехоҳад.
Ду насиҳати мухолиф
Вақте волидайни Сабоҳат аввалин бор аз азоби духтарашон огоҳ шуданд, насиҳаташ карданд: «мард, ки як бор зад, минбаъд ҳам мезанад, ҷудо шав», аммо ӯ гӯш накард. Вале ҳар бори задани шавҳар хоҳаршӯяш ӯро насиҳат мекард, ки сабр намояд, кӯдаконаш калон шаванд, бас мекунад. Ақлаш медарояду дигар наменӯшад.
«Аммо фарзандон калон шуданд, бадтар шуду беҳ не. Ҳамин тавр бо гузашти рӯзҳову солҳо, косаи сабри ман пур шудан мегирифт. Ҳатто ба одами кӯча рашк бурда, мезад. Масалан, як кас аз кӯча мегузашт ё ҳуштак мекашид, мегуфт: «Вай кӣ буд? Барои чӣ ба паси хонаи мо гузашт? Вай барои ту гузашт?», – мегӯяд ҷабрдида.
Дар воқеъ, рашки мард аз ҳад гузашта, ки ҳатто аз Русия бо шунидани тавлиди кӯдаки ғайриқонуние дарҳол баргашта омадааст. Ин ҳодисаро Мавзуна чунин нақл кард: «Падарам дар Русия буд, ки аз замини пахтаи деҳа тифли навзод ёфтанд. Ин хабар ба гӯшаш расиду ҳарчанд рафтанашро муддати зиёд нашуда буд, вале пагоҳаш расида омад. Баробари омадан модарамро зери мушту лагад гирифт, ки «кӯдаки ту аст». Баъди як моҳ чун тафтишот аз кӣ будани тифлро аниқ кард, падарам бо ин баҳона задани модарамро бас кард».
Вале Эраҷ Мирзоев, равоншинос мегӯяд, ки ин гуна рашки мард аллакай беморӣ аст. Рашк ҳадду канор дорад, на ба ин андозае, ки ба оддитарин чиз модари кӯдаконатро зери мушту лагад бигирӣ.
«Вале, мутаассифона, имрӯз дар аксари оилаҳои тоҷик муноқишаҳои оилавӣ боиси худсӯзии занон мегардаду мушкили иқтисодӣ боиси худкушӣ кардани мардон», – мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
ВКД: худкушӣ камтар шудаст, Кумитаи кор бо занон: хомӯш!
Ҳумайро Мирова, корманди маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ дар мавриди худкушӣ чунин иттилоъ дод:
«Мутаассифона, ҷомеаи мо, сар карда аз аҳли хонавода то ҳамсояҳо дар масъалаҳои мушкилоти хонаводагӣ бепарвоӣ зоҳир мекунем, ки ин шахсро албатта, ба худкушӣ оварда мерасонад. Вале, хушбахтона, нисбати соли гузашта имсол омори худкушӣ камтар ба қайд гирифта шудааст. Масалан, дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 292 (ин кам аст? – муаллиф) далели худкушӣ дар умум ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 92 ҳодиса дар вилояти Суғд, 86 дар вилояти Хатлон, 6 дар ВМКБ, 2 дар ноҳияи Рашт, 24 ноҳияҳои тобеи ҷумҳур рух додаанд».
Хонум Ҳумайро мегӯяд, ки имсол бо ташаббуси кормандони вазорат ва шӯъбаҳои маориф, мақомоти маҳаллӣ миёни аҳолии кишвар 1625 вохӯриву машваратҳо гузаронида шудааст. Дар ҳамин ҳол, агарчӣ вазифаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ тарғиби оилаи солим ва маърифатнокии занон аст, вале дар ин маврид касе аз ин идора на оморе доду на шарҳе додан хост.
Худсӯзӣ ягона роҳи «наҷот»?
Ҳангоми Сабоҳат худро оташ задан, ҳарчанд духтаронаш зора мекарданд, ки ин корро накунад, аммо садои илтиҷоомези онҳо ба гӯшаш намерасид. ӯ фикр мекард, ки худро оташ зада, якбора ҷонаш аз ҳама азобу шиканҷа халос мешавад. Тавре Сабоҳат нақл намуд, чанд маротиба шавҳар бо корд таҳдиди куштан карда, ҳатто боре ангушти пояшро ҳам бурида будааст. Аммо бо вуҷуди ин, ӯ ҷое шикоят набурда, тамоми зӯроварии шавҳарашро таҳаммул намудааст.
Акнун шавҳари Сабоҳат барои ин ҷиноят ва ҷиноятҳои дигар дар боздоштгоҳ қарор дорад. Сабоҳат мегӯяд, ки «аз фурсат истифода карда, гуфтаниам, ки шавҳарам тибқи қонун ҷазояшро бинад, онҳое, ки дар хонаи шавҳар ҳамтақдири мананд аз чунин бало зудтар раҳо бишаванд, то фардо чун ман дер нашавад».
Бонувони азиз, шумо чӣ мегӯед? Оё худкушӣ роҳи наҷот аст?
Саида Қурбонова