– Додар, шӯъбачаи шиносномадиҳии ноҳияи Фархор дар ҳамин самт аст? – пурсид зани 45-50-солаи коруфтодае аз ман. Азбаски ман низ бо масъалаи шиноснома ба он ҷой шитоб доштам. – Бале, апаҷон, – гуфтам. Ба посухи ман аҳамият надода, чун як зани деҳотӣ шиносномаи даврони Шӯравиашро ҷониби ман дароз карда: – Шиноснома иваз мекунам, – гуфт. Ба шиносномааш назар кардам, Марворӣ Шокирова, сокини деҳаи Навобод, ноҳияи Фархор, соли таваллудаш 1963. Пурсон шудам, ки апаи Марворӣ дар давоми 20 сол барои чӣ шиносномаатонро иваз накардеду имрӯз барои иваз карданаш омадед? Марворӣ посух дод, ки аз бонк пулҳои фарзандону наздикони фиристодаро гирифтан лозим мешавад, барои ҳамин.
Ҷамия Ҳисайнова, сокини деҳаи Самончӣ, ноҳияи Фархор ва боз чунин нафарони дигареро дар назди бинои шӯъбаи шиносномадиҳии ШКД-и ноҳияи Фархор вохӯрдам, ки барои иваз кардани шиносномаи даврони Шӯравиашон омада буданд.
Дар даврони Шӯравӣ доштан ва гирифтани шиносномаи Шӯравӣ барои ҳама соҳибшавандагон як рӯзи фаромӯшнашуданӣ буд. Ҳатто шоири машҳури даврони Шӯравӣ Маяковский шеъре бо номи «О советском паспорте» дошт, ки бо тамоми эҳсосот ҳар як хонандаи Шӯравӣ онро дар мактаби миёна азёд намуда, ифтихор аз он дошт, ки шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Шиносномаи Шӯравӣ барои сарҳадбони давлате, ки шаҳрванди Шӯравӣ ба ӯ дар вақти гузаштан дароз мекард, як ҷозиба, як сиёсат ва таъсире дошт.
Имрӯз шиносномаи тоҷикӣ чӣ қадру эҳтироме дорад? Шиносномаи тоҷикиро хатмкунадагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ бо кадом эҳсосот бори аввал мегиранд? Оё ҳамон ифтихор ва эҳтироми хоси миллӣ дар вуҷуди ин ҷавонон пайдо мешавад? Оё ҳамин ифтихорро дар оила, дар мактаб ба ӯ талқин кардаанд? Хатмкунандаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ маънои саҳеҳи дар шиноснома имзо гузоштанро медонад? Ин суолҳову боз суолҳои дигаре паи ҳам пайдо шудан мегиранду аз масъулон ҷавобу роҳи ҳал мехоҳанд.
Нозири калони кори шиносномадиҳии хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ноҳияи Фархор Самад Сафаров мегӯяд, ки ҳоло 10-15% шиносномаи даврони Шӯравии сокинони ноҳия иваз нокарда мондааст. Танҳо дар соли 2010 мо 2000 адад шиносномаи даврони Шӯравии сокинони ноҳияро иваз кардем. Онҳо бештар занҳои аз 40-сола боло ҳастанд, ки шиносномаҳои нав надоранд. Ин камбуд бар асари ташвиқу тарғиб накардани мо мебошад. Инчунин, аз соли таваллуди 1972 ин тараф, занҳо бештар шиноснома надоранд. Бо сабаби муҳоҷирати меҳнатӣ ва кору дигар зарурат мардҳо соҳиби шиносномаи Тоҷикистон ҳастанд, ба истиснои чанд мӯйсафеди деҳот, ки нафақахӯранд.
Ин беэҳтиромӣ ва бепарвоии масъулони мақомоти марбута аст, ки имрӯз шумораи зиёди шахсони аз 40- сола боло то ҳол шиносномаи даврони Шӯравӣ доранд. Мисоли оддӣ, инро мо замони омадани сел соли гузашта дар маҳаллаи Чармгари поёни шаҳри Кӯлоб мушоҳида кардем. Дар як нишасти матбуотӣ, дар қароргоҳи намояндагии ҳукумати вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб С. Абдураҳмонов, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон таъкид кард, ки бо сабаби зиёда аз 180 нафар сокини маҳалла шиносномаи даврони Шӯравӣ доштан, мо сари вақт наметавонем ҳуҷҷатгузории оилаҳои зарардидаро анҷом диҳем. Ин аст ҳукуматдорӣ ва масъулиятшиносии масъулони шаҳру ноҳияи Кӯлоб ҷиҳати таъмини пурраи шаҳрвандони ба синни шиносномагири расидаи шаҳру ноҳияи Кӯлоб? Дар ҳисобҳои оморӣ бошад, маълумот медиҳанд, ки сокинони шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 100% бо шиносномаҳои тоҷикӣ таъмин шудаанд.
Тоҷикистон 20 солагии соҳибистиқлолии худро ҷашн мегирад. Мо бошем, тайи бист сол аст бо шиносномаи даврони Шӯравӣ дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон зиндагӣ дорем!? Мегӯянд, ки натиҷаи чунин бепарвофалакӣ ва бемасъулиятист, ки бо тақаллубкории қисман шӯъбаҳои шиносномадиҳии ноҳияҳои сарҳадӣ шиносномаи давлати Тоҷикистонро шаҳрванди Афғонистон тариқи шиносбозӣ соҳиб шуда, ба Русия сафар мекунад.
Зимни сӯҳбат бо сардори шӯъбаи шиносномадиҳии ШКД-и шаҳри Кӯлоб А.Маҳмадов маълум шуд, ки баъди барқарории хонаҳои офатзадаҳо, онҳо хона ба хона гашта, шиносномаи кӯҳнаи шӯравиро бо шиносномаи тоҷикӣ иваз кардаанд. «Дар ҳақиқат чунин камбудиҳо каму беш буданд. Мо кӯшиш мекунем боқимонда шиносномаҳои шахсони номбурдаро иваз намоем. Бештари ин гурӯҳи шиносномаи даврони шӯравидошта, калонсолони аз 50-сола боло ҳастанд, – мегӯяд А. Маҳмадов.
Сардори шӯъбаи шиносномадиҳии ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ З.Холматов низ дар сӯҳбат изҳор дошт, ки дар ноҳияи мо ҳам ин камбуд вуҷуд дорад. «Кормандони мо дар байни аҳолӣ гашта, моҳияти ин масъаларо ба эшон фаҳмондаанд. Арзиши як шиноснома қариб 13 сомонӣ мебошад. Нафарони калонсоли шиносномаи даврони шӯравидошта маблағ меёбанд, аммо шиносномаашонро наздик ба 19 сол аст, ки иваз накардаанд. Кӯшишҳо ва ҷаримаҳои мо натиҷа надод. Тахминан, дар ноҳияи Ҳамадонӣ 15% шаҳрвандони аз 38-сола боло шиносномаи Шӯравӣ доранд».
Метавон хулоса кард, ки то ҳанӯз моҳият ва эҳтироми шиносномаи миллиро мардум дарк накардааст. Инчунин қисмати бештари духтароне, ки мактабро аз синфи нӯҳ тарк кардаанд шиносномаи миллӣ надоранд. Инҳо замоне ба шиносномагирӣ мераванд, ки тӯй бишаванду аз никоҳи расмӣ гузаранд. Аслан бе шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуд будан бештар ба лӯлиҳо ё ҷӯгиҳо хос аст. Аммо, пурсиш нишон дод, ки лӯлиҳои ноҳияи Восеъ низ на ҳамаашон шиноснома доранд. Акнун баъди ташкили мактаб дар ҷамоати «Пахтакор»-и ноҳия онҳо гирифтани шаҳодномаи таваллудро барои фарзандонашон оғоз кардаанд.
Ҳазорҳо сокини кишвар ва унвондорони мақомоти дохила ҳамарӯза аз тариқи телевизион ҷор мезананд, ки истиқлолият неъмати бебаҳост. Аммо оё он 10-15%-и бо шиносномаи Шӯравӣ зиндагӣ мекарда неъмат будани истиқлолияти Тоҷикистонро зери савол қарор надодаанд? Ин масъулони ҳокимияти давлатии маҳал ҳастанд, ки ин теъдоди одамонро бо шиносномаи як давлате, ки акнун моли таърих шуд ва номаш аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба тамом рӯфта шудааст, ба қайд мегиранд ва чун шаҳрванди Тоҷикистон номнавис мекунанд.
Оё мешавад, ки дар як кишвар бидуни шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуд зиндагӣ кард? Албатта, мешудааст, мисле, ки дар минтақаи Кӯлоб ҳаст. Вале чаро бишавад?
Билоли Шамс