09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Оила – сипари боэътимод

999888avc

 

Ҳамасола дар ҷаҳон 15-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила аз соли 1993 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад. Андешаи таъсис додани чунин ҷашн ҳанӯз аз соли 1989 сабзида, ҳадафи он таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи сайёра ба мушкилоти оилаҳост. Аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ, ҳамчунин, соли 1994 - Соли оила эълон гардида буд.

Баргузории чунин рӯз имкон фароҳам меорад, ки сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографие, ки ба вазъи оилаҳо таъсир мерасонанд, баланд гардад.

Дар Тоҷикистон низ, ҳамасола бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ғайра баргузор мегарданд. Озмунҳои варзишии оилавӣ ва оилаҳои беҳтаринро ташкил намуда, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тӯйи домодиву арӯсӣ ва хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат ба таври ройгон ба роҳ монда мешаванд.

Оила дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, ки дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, амсоли муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбанд. Бо назардошти ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуданд ва як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расондаанд, ки мувофиқи он оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оила мақом ва манзалати зан-модарро хеле бузург медонанд ва борҳо дар баромадҳояшон нақши модарро дар тарбияи фарзанд ва солимии хонавода таъкид медоранд. Дар ин радиф, мақоми зан¬ро на танҳо дар оила, балки дар пешрафту ваҳдатгароии ҷомеа ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ниҳоят бузург мешуморанд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувон ташкил медиҳанд. Инчунин, занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ, таъсири назаррас мерасонанд.

 

:.  Иҷтимоъ 26.05.2023 05:58 341

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz