Ниҳоят, баъди давиданҳои зиёд мо тавонистем писарбачаро бо говҳояш аз оромгоҳ берун кунем», – нақл кард Маҳмуд ном марди 47-сола аз ноҳияи Восеъ
Бесоҳибӣ ва дар ҳолати ҳузнангез қарор доштани оромгоҳҳо дар минтақаи Кӯлоб алҳол яке аз масоили доғи мардум ба ҳисоб меравад. Оромгоҳҳо барои қисме ҳамчун чарогоҳ, барои бархе замини кишти ғалла ва барои саввумӣ ба ҷой ва манбаи хоки хиштрезӣ табдил ёфтаанд. Ҳайратовар ин аст, ки ин амалҳо ба чашми ҳама намоён аст, ҳама ин аҳволро мебинанду худро нодида мегиранд. Дар ин оромгоҳҳо хешу наздикони эшон низ ба хоби абадӣ рафтаанд, вале онҳоро аз ин парвое нест. Бехабар аз он ки агар мо ба гузаштагон аз туфангча тир холӣ кунем, фардо ба мо аз туп тир холӣ мекунанд.
Гоҳ-гоҳе ба зиёрати хоки фарзандам ба оромгоҳи гулбоғи канори шаҳр, ки дар назди роҳи мошингарди Кӯлоб - Мӯъминобод воқеъ аст, меравам. Вазъияти оромгоҳ маро ором намегузорад, бештар маврид дар дохили он чорвои мардуми атроф чаро мекунанд. Ду маротиба ба болои гӯри писарам ниҳоли арча шинондам, вале ниҳоли шинондаамро шикаставу сарозер дарёфтам. Чанд сол пештар як оҳани варақмонанди калонро ба тартиб дароварда, рангу бор намудам. Бо дастгирии як рассом чор мисраи шеъри шоири гумномеро дар он сабт намуда, дар даромадгоҳи гӯристон насб кардам. Баъди чанде гузорам боз ба он ҷо афтод, на аз навиштаҷот дарак буду на аз оҳанварақи росткардаам.
Пеши роҳи гӯристони Гулбоғ бо девори на он қадар баланд маҳкам карда шудааст ва дар назар менамояд, ки ҳамаи гирдогирди он чунин аст. Вале барои мардумфиребӣ танҳо ҷойи чашмраси он девор карда шудаасту халос. Тарафҳои дигари он дуруст маҳкам нестанд. Гӯристони номбурда гӯё бесоҳиб аст. «Дар ҳақиқат оромгоҳҳо дар ҳолати ногувор қарор доранд», - гуфта буд дар сӯҳбате бо банда шодравон ҳамкасбамон Мисралӣ Сониев, ки соле нашудааст гӯшаи ин макони хомӯшонро макон карда.
Атрофи гӯристони канори роҳи калони мошингарди Кӯлоб-Душанбе, ки дар байни деҳоти Гулистон ва Бештигирмони ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб қарор дорад кушодааст. Гӯристон дар канори роҳи калон воқеъ асту аз ин роҳ меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ мегузаранд ва мебинанд, ки оромгоҳи азизони мову шумо зери пойи гову харҳоянд.
Ду сол пештар аз як гӯристони русҳо дидан карда будам, қисме аз панҷараҳои он ба яғмо бурда шуда, сангҳои болои гӯрҳоро шикастаанд. Дар як гӯшааш нафаре гандум коридааст. Ҳарчанд намояндагони онҳо дар маркази ин ноҳия кам мондаанд, вале ба чунин аҳвол гирифтор шудани гӯристонҳо аз рӯи қавоиди ғайриинсонист.
Ба қавли Ғ. Ҳалимов мухбири рӯзномаи «Ҷумҳурият», тайи 2-соли охир атрофи қисме аз оромгоҳҳои минтақа маҳкам карда шудааст. Вале ҳанӯз ҳам ин мушкилот ба пуррагӣ роҳи ҳалли худро наёфтааст. Ду сол пеш ҳатто як сокини собиқ хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Восеъ ба Ҳукумати ноҳия шикоят карда буд, ки дар ҳудуди оромгоҳи яке аз деҳаҳои ҳамин хоҷагӣ манзили зист додаанд. Ба қавли Ҳалимов сохтани мақбара дар гӯристонҳо қариб ки анъана шудаанд. Аз нигоҳи дин ҳам, замини оромгоҳи пуршударо танҳо баъд аз 40-сол мавриди истифода додан мумкин аст.
Қабристони русҳои Кӯлоб тайи ду-се соли охир ба тартиб даромадааст. Ин оромгоҳ ду-се сол пеш дар ҳолати ҳузнангез қарор дошт.
- Тоза кардану ба тартиб даровардани оромгоҳи русҳои шаҳри Кӯлобро ҷамъияти ҷанговарони башардӯсти шаҳру минтақа ба ӯҳда гирифт. Ин иқдом се сол пеш амалӣ шуд. Сокинони хонаҳои наздики маҳаллаи дар шафати оромгоҳ қарор дошта, партовҳои худро ба болои қабрҳои канори гӯристони русҳо мепартофтанд. Масофаи партовҳои канори оромгоҳ 30-40 метрро ташкил мекард. Мо ҷанговарони башардӯст ҳамаи ин партовҳоро аз болои гӯрҳо тоза кардем. Баъдан ба назди мардуми он маҳал Мулло Ҳайдарро даъват кардем, то бо ӯ дар якҷоягӣ ба мардум фаҳмонем, ки бо оромгоҳ чунин муносибат кардан гуноҳ аст.
Ҳамчунин, ҷамъияти мо тариқи телевизиони минтақавии Кӯлоб ба мардум муроҷиат кард. Ҳамаи ин заҳматҳо таъсири мусбӣ расонда, дар қисмате аз ин мавзеъ деворе бардоштанд, ки ба гӯристон гову молро надароранд, ё худ партове наафкананд. Вале оид ба гӯристонҳои тоҷикон ҳоҷати гап нест. Қабристонҳо тартиб надошта, атрофашон маҳкам набуд ва мудом ҷойи бесоҳибро мемонанд, - мегӯяд раиси ҷамъияти ҷанговарони башардӯсти минтақаи Кӯлоб Рустам Абдуқаюмов.
Барои чӣ домуллоҳои мо дар тӯйю маъракаҳою масҷидҳо, дар мавъизаҳои хеш одамонро наметавонанд ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд?
Барои чӣ онҳо намегӯянд, ки: «Мардум, оромгоҳҳоро ба чарогоҳ табдил надиҳед?!»
Чаро дар мавриди гуноҳ будани поймол кардани гӯри мусалмоне сухан намегӯянд?
Оромгоҳҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар муқоиса бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳолати ногуворанд. Масалан, атрофи оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд маҳкам буда, тартибу низоми муайяне доранд.
Моҳи шарифи Рамазони соли гузашта гӯристони канори деҳаи Навобод, ки дар канори шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе қарор дорад, месӯхт. Вақте поёнтар ҳаракат кардем, нафаре бо халтае оташи гӯристонро хомӯш мекард. Шояд барои алафу хорҳои дохили гӯристонро гирифтан касе фармон дода буд, ё худ ягон нафар он ҷойро оташ зада бошад?! Ҳар навъе ки набошад оташ задани гӯристон нодуруст аст. Дар шаҳри Кӯлоб барои ба тартиб даровардану дар ҳолати хуб нигоҳ доштани қабристонҳо чор сол мешавад, ки дар назди идораи коммуналии шаҳр шӯъбаи кор ба оромгоҳҳо ташкил ёфтааст. Роҳбарии он ба зиммаи Хоҷӣ Зайналобиддин Назаров гузошта шудааст.
- То ба имрӯз дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб се оромгоҳи мусулмонон мавҷуд аст. Дар дутои он бо ташаббуси шӯъбаи кор бо оромгоҳҳо бо тартиб гӯронидани фавтидагон амалӣ шуд. Ҳамчунин китоби махсуси қайди фавтидагон низ ташкил ёфтааст, ки дар он бо тартиби муайян ном, насаб ва рӯзу соли таваллуд ва марги фавтидагон дарҷ ёфтааст. Атрофи онҳо маҳкам карда шуд. Дар оромгоҳи дигари шаҳр бошад, тарзи гӯронидан, ба мисли пештара бетартиб амалӣ мешавад. Инчунин, авзои зоҳирии он ҳам риққатовар аст, ки мо дар пайи ҳалли ин масъала ҳастем. Дар гӯристони нав гӯрковони махсус дорем, ки тайёр кардани як гӯр барои шахси мурдадор 130 сомонӣ арзиш дорад. То ба имрӯз мо суратҳисоби худро дар бонк дорем. Шумораи коргарони мо бошад 25 нафарро ташкил мекунанд. Дар ду гӯристони нав посбон ва коргарону гӯрканон дорем, ки дарахтони зиёде шинонда, ба нигоҳубини онҳо ва посбонии қабр машғуланд. Гӯристони русҳои шаҳр низ маҳкам буда, дар назди даромадгоҳаш курсиҳо сохтем.
Оид ба гӯристони Хӯҷағоиб бошад, ҳаминро гуфтаниам, ки мудом дар дохили он чорвои калону хурд сайр мекунад. Шахсан худам чанд маротиба бо мардум сӯҳбат кардам, фаҳмондам, ки ин кори хуб нест. Онҳо ба ҷойи аз гӯристон баровардани моли худ, «ин ҷо чарогоҳи мост», гуфта посух медиҳанд ва парвое надоранд. Ҳатто як - ду сол пештар ду- се нафарашонро ба маблағи 20-30 сомонӣ ҷаримабандӣ ҳам карда будем. Вале ҳамааш бефоида. Хостам дар ин гӯристон аз ҳисоби шӯъбаи посбонгоҳи назди ШКД-и шаҳр нафареро мувофиқи шартнома ба посбонӣ бигирем. Лекин ба маблағи шартнома зӯрамон нарасид. Дар мавриди гӯристони байни деҳаи Бештигирмон ва Гулистони ҷамоати Зарбдор бошад, ба раиси ҷамоати мазкур муроҷиат мекунем, чора бубинанд, - мегӯяд мудири шӯъбаи кор оид ба оромгоҳҳои шаҳри Кӯлоб Зайналобиддин Назаров.
Фардо ҷойи ҳамаи мо ҳамин макони хомӯшон аст. Аз ин рӯ, муносибати атрофиён ба оромгоҳҳо дигаргунӣ мехоҳад.
Билоли ШАМС