Бонувони ҷасури даврони гузариш
Маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таввасути пиёда гардидани сиёсати гендерии давлат садҳо нафар бонувони тоҷикистонӣ бо як нерӯи тоза ба арсаи сиёсат ворид шудаанд. Муҳаббат Файзова, ки дар замони рӯйи кор омадани «Барномаи давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нафари дар сиёсат обутоб ёфта буд, дар рӯйхати кадрии Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин бонувоне буд, ки Президент ба вазифаи №1-и пурташвиштарин ноҳияи вилояти Хатлон -Абдураҳмони Ҷомӣ таъинаш кард.
Барои раисии як ноҳияро ба ӯҳда гирифтан Муҳаббат панҷ сол дар соҳаи китобдорӣ, чаҳор сол мудири шӯъбаи фарҳанг ва нӯҳ сол ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Хуросон кор карда, таҷрибаи кофии сиёсӣ дошт. «Нӯҳ соли ба ҳайси муовини идеологии ноҳияи Хуросон фаъолият карданам, барои ман як мактаби бузурги сиёсӣ буд. Ба хусус даврони хароб шудани пояҳои давлатдории империяи шӯравӣ рӯзҳое мешуд, ки дар бинои ҳукумати ноҳия танҳо мемондаму нерӯҳои гуногуни сиёсӣ бемаврид «меҳмон»-и ҳукумат шуда, бо ҳар роҳ кӯшиш мекарданд, ки вазъи сиёсиро дар Хуросон ноором созанд. Ноҳияи Хуросон як шоҳроҳест, ки пойтахтро ба маркази калонтарин вилоят-Хатлон мепайвандад. Ҳарчанд он замон умури идоракунии ҳукумат аз боло суст шуда буд, аммо дар сатҳи ноҳияҳо барои пешгирӣ аз парокандагии ҷамъият, мо ягон соат ҳукуматро тарк намекардем.То раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйин шуданам, ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Хуросон кор мекардам», –мегӯяд Муҳаббат Файзова.
Чархи гардун
Чӣ сабаб шуд, ки аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барвақттар озод шудед, – мепурсам аз ӯ. «Ҳарчанд дар соҳаи маънавиёт ва дигар масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таҷрибаи роҳбарӣ доштам, аммо дар умури кишоварзӣ, ба хусус пахтакорӣ таҷрибаи хуб, ки надоштам, аз ҷониби масъулини зерсохторҳои кишоварзии ноҳия фиреб кардани ман осон шуд. Он солҳо иҷрои нақшаи пахтасупорӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии раиси ҳар ноҳияи пахтакор ба ҳисоб мерафт. Аммо аз озод шуданам аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ руҳафтода нашудам. Ҳукумат кадрҳои худро бекор намемонад. Баъди чанде маро барои кор ба Вазорати нақлиёти кишвар даъват карданд. Соли 2005-ум бошад, бо даъвати раиси вақти ноҳияи Хуросон Исмоил Шафиев бори дигар ман ба ҳайси муовини раиси ин ноҳия ба кор омадам», – ибрози андеша менамояд М. Файзова.
Роҳбари идеал аз назари бонувон
«Кадоме аз онҳо бароятон роҳбари идеалӣ ба ҳисоб мерафт»,– боз суол мекунам аз мусоҳибам. Дар тӯли солҳои 1990-1999 аз собиқ раисони ноҳия Поргӣ Раҳимов ва Субҳонқул Шоҳимардонов маданияти муошират бо мардум ва садоқат ба Ватанро омӯхтам. Аз раисони 6 соли охир Исмоил Шафиев ва раиси имрӯза Абдуғаффор Самадов шахсиятҳои идеалии ман ба ҳисоб мераванд. Ин инсонҳои поксиришт бо сухани таъсирбахшу амалҳои накӯяшон дар байни мардум ҳам сазовори эҳтироманд. Дар тамоми давраи фаъолият дар вилоят як мушкилӣ доштам, ки баъзан барои рӯймолбандӣ ва ё напӯшидани либоси протоколӣ эрод мегирифтанд. Акнун, ки синну солам ба ҷойе расидааст, Худо мегӯям, ки дигар ба сару либосам эрод нагиранд. Зеро дигар барои ман қобили қабул нест, ки бесарбанд аз хона бароям ва ё либоси ба гуфте «протоколӣ» пӯшам. Масъалаи дигаре, ки метавонад монеи карйерасозии бонувони тоҷик гардад, ин дар баробари корҳои ҷамъиятию роҳбарӣ тарбияи фарзанд низ меистад. Хушбахтона, тарбияи фарзандони маро модарам ба ӯҳда гирифт, ки аз ӯ як умр сипосгузорам»,– посух медиҳад ӯ.
«20 соли истиқлол ба насли шумо чӣ дод»,– мепурсам аз Муҳаббат. «20 соле, ки сипарӣ гардид, беҳтарин солҳои ҳаёти мо буд, солҳои пур аз дарду ғам, шодию нишот. Дар ҳаёти сиёсӣ бошад, солҳои мубориза барои мустаҳкам намудани пояҳои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон. Бист соли заҳмату имтиҳон дар назди халқу Ватан ва сарзамини аҷдодӣ. Худро хушбахт меҳисобам, зеро дар ҳамин давраи тақдирсоз, ки насли ҷавон поягузори давлати навбунёд буд, машғули кори давлат будам. Дар ин муддат бо роҳнамоии Сарвари давлат мардум он қадар корҳои ободонию созандигиеро ба сомон расонид, ки дар 70 соли шӯравӣ муйясар нашуда буд»,– қатъиян мегӯяд ӯ.
Насли ҷавони истиқлол
Истиқлолият ба насли ҷавон, ба хусус духтарон воқеан озодӣ овард. Аз ҳисоби он ҷавондухтароне, ки имрӯз дар доираи сиёсати гендерии давлат дар мактабҳои олӣ таҳсил доранд, фардо сафи бонувони кордонро пур мекунанд. Алъон аз ҳисоби ҷавондухтарони соҳибмаълумоте, ки барои ворид шудан ба сиёсатҳои калон ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ба кор меоянд, шумораи бонувон дар хизмати давлатӣ зиёд мешавад.
Зарангез Давлатова аз зумраи духтаронест, ки ба майдони сиёсат қадамҳои нахустин мегузорад. ӯ баъди хатми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кор даъват шудаст. «Овони мактабхонӣ як муддат бо аҳли оила дар Федератсияи Русия сукунат доштем», – наврасии худро ба ёд меорад Зарангез. Шароити зиндагӣ, раванди рушди иқтисодиёт ва гузаштан ба шакли нави хоҷагидории русҳоро мушоҳида карда, дар дили ман шавқу рағбат ба соҳаи бонкдорӣ, иқтисодиёт ва молия зиёд мешуд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон таҳсилоти миёнаро дар мактаби №2 ноҳия ба итмом расонида, ба Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дохил шудам. Акнун барои расидан ба орзуи сиёсатмадор шудан, аз дигар зовия «иқтисодиёт муайянкунандаи сиёсат аст» нигоҳ мекунам», –мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Ҷавонон ва ҳукумат
Зарангез Давлатова фаъолияти меҳнатии худро аз шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз карда, ҳоли ҳозир дар вазифаи сармутахассиси шӯъбаи тандурустии назди ҳукумати ноҳия кор мекунад. Ба гуфтаи Зарангез роҳбарияти ноҳия дар ҳошияи сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби духтарони болаёқат ба нерӯи илмию сиёсии ҷавондухтарони соҳибмаълумоти ноҳия бовар карда, чандин нафар ҳамсолони ӯро барои кору фаъолият дар кори хизмати давлатӣ ҷалб намудааст. Як нафар аз ин мутахассисони ҷавон Зарангез аст, ки имрӯз дар зери тарбияи собиқадорони хизмати давлатӣ таҷрибаи кор меомӯзад.
«Кадрҳои ҷавоне, ки корро дар мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатӣ оғоз мекунад, дар баробари илму малакаи касбӣ бояд донишҳои сиёсӣ дошта, аз технологияи муосир бархурдор ва якчанд забонҳои хориҷиро донанд. Инсон аз иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва сӯҳбату вохӯриҳои корӣ бо мардум таҷрибаи сиёсӣ пайдо мекунад», - мегӯяд Зарангез
Аз духтарони имрӯз раиси ояндаи Хатлон мебарояд?
Чанде пеш ба истиқболи ҷашнҳои бошукӯҳи кишвар бо ташаббуси ҳукумати ноҳия байни ҷавондухтарон озмуни «Маликаи Хӯҷамастон» баргузор гардид. Зарангез, ки аз синни мактабӣ ба ҳунарҳои дӯзандагӣ пухтупаз, ороишгарию мудсозӣ шавқи зиёд дошт, ҳамчун довталаб дар ин озмун ширкат варзида, аз байни 40 нафар духтарон барандаи озмун ва соҳиби ҷоизаи «Маликаи Хӯҷамастон» шуд. «Баъд аз ин озмун муносибати ман бо кору зиндагӣ оҳанги дигар пайдо кард. Ба хусус, дар озмуни вилоятии «Маликаи Хатлон» кӯшишу заҳматҳо ва ҷасорати ҳамсолонамро мушоҳида карда, боварӣ ҳосил кардам, ки дар оянда аз байни ин ҷавондухтарон натанҳо бонувони дар зоҳир зебо, балки беҳтарин кадрҳо, раисони шаҳру ноҳия ва ҳатто роҳбари як вилоят ҳам бароянд»,– мегӯяд Зарангез. Муҳаббат Файзова бонуест, ки замони ба истиқлол расиданамон аллакай таҷрибаи сиёсӣ дошт, Зарангез Давлатова намунаи насли давраи соҳибистиқлолист, ки гомҳои нахустин ба сиёсат мегузарад ва ин ду бону бозгӯкунандаи ширкати занон дар корҳои роҳбариянд.
Имрӯз, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба арсаи сиёсат овардани зани тоҷик таваҷҷӯҳи хоса дорад, чаро бонуи тоҷик аз ин имконият, ки ҳаққи онҳост баҳравар набошанд.
Танҳо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҳукумат, ки орзую омоли худи духтарону бонувон буду ҳаст, бояд иродаи матин дошта, аз мушкилу монеаҳои ҳаёт наҳаросид. Зеро зиндагӣ худ мубориза аст.
Ҷамолиддин Сайфиддинов