Чанде қабл дар вақти гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хат-сайри «Хуҷанд- Екатеринбург» шаҳрванд М. Р., зани 27-сола ҳини кeшиши интиқоли маводи мухаддир тавассути таҳпeши шахсиаш боздошт гардид. Маълум гардид, ки маводи интиқолёбанда героин буда, вазни холиси он 140 гр-ро ташкил медиҳад. Номбурда бо ҳукми додгоҳи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ба муддати ҳашту ним сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зани 55-сола, дорои маълумоти олии педагогӣ, модари ду нафар фарзанд Л.М, ба ҳайси муовини сардори басти навбатдории фурудгоҳи «Хуҷанд» фаъолият карда, бо сӯистифода аз мақоми ишҒолкардааш хостааст бо роҳи кочоқ маводи нашъадори героинро дар ҳаҷми 6 кг 640 гр ба Федератсияи Русия интиқол диҳад. Бонуи зикршуда амалиёти хешро қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо ду нафар шиноси мардҳояш Б.Б. ва Р.О.тарҳрезӣ карда, маводи мухаддирро дар дохили кeрпачаҳо ва сипас дар ду сумка ҷойгир намудааст. Л.М. бо қарори суди ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ба мeҳлати дувоздаҳ солу шаш моҳ маҳкум гардидааст.
Бонувон на танҳо ҳомили маводи мухаддир, балки истеъмолгари он низ будаанд. Чӣ тавр шуд, ки духтаре, ки мазҳари зебоию латофат, назокату шарму ҳаёи шарқӣ бояд бошад, нашъаманд шуд? Маншаъи онро шояд аз даврони шeравӣ ҷуст? Аз он давроне ҷуст, ки мафҳуми «зану мард баробар аст»-ро ба таври хеш ташреҳ карда, айшу нeшро як навъ нишонаи тамаддун талқин менамуданд?!. Шояд ин натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ аст, ки фарогири тамоми кишварҳои олам аст? Шояд маҳсули Ғояҳои ноаён паҳншавандаи фаҳшу хушунат, бешармию беҳаёӣ, зинокорию фосиқӣ, талоқ, безурётӣ, ҳамҷинсгароӣ, хиёнат ба ҳамсарон аст? Шояд то ҳол вуҷуд надоштани як сиёсати гендерию демографие бошад, ки сирф миллӣ бошад, ба зан ҳамчун офарандаи насли созандаи миллат арҷгузорӣ кунад, ба вай имтиёз ва бартарӣ қоил бошад? Шояд ин маҳсули раванди муҳоҷират бошад? Ин падидаҳо бояд омeхта шаванд ва ҷиҳати аз байн бурдани онҳо иқдомоти мушаххас гирифта шаванд.
Назар ба суханони сарвари Маркази наркологии ҷумҳурӣ Маҳмадраҳим Малахов нашъамандӣ миёни бонувони кишвар назар ба солҳои пешин камтар шудааст. Аз ҷумлаи теъдоди умумии мубталоёни ин беморӣ ҳамагӣ панҷ дар садро бонувон ташкил медиҳанд. Агар дар соли 2008 аз 6645 нафар нашъамандон бонувон 420 нафарро, дар соли 2009 аз 8018 нафар 375 нафарро ташкил карда бошанд, пас дар соли 2010 ин нишондиҳанда боз ҳам поён рафтааст. Аз 7349 нафар бонувон 305 нафарро ташкил кардаанд. Синни миёнаи онҳо дар ҳудуди 20-29 сол аст.
- Сабабҳои асосии мубтало шудани бонувон ба бемории нашъамандӣ иборатанд аз майлу шавқи табии инсон ба чизи Ғайриодӣ, машҒулият ба танфурeшӣ ва майхорагӣ, бекорӣ, оилабезорӣ, дар хати интиқоли маводи мухаддир қарор доштани кишвари мо ва чанд омили дигар ба шумор мераванд, - иброз медорад Маҳмадраҳим МалаховБа андешаи раҳбарии созмони ҷамъиятии «Оштии миллӣ» Ҳуриниссо Ғаффорзода, мутаассифона, вазъи бади зиндагонӣ бонувонро маҷбур ба даст задан ба ҳар гуна иқдомоти номақбул занад.
- Гушна ба шер занад, гуфтаанд ниёгони мо, - иброз медорад хонум Ғаффорзода. - Чун барои аксари бонувон кор нест, алтернативаи дигаре барои раҳоӣ аз бекорӣ ва бeҳрони фарогир нест, пас вай маҷбур аст роҳҳои дигареро интихоб бикунад. Зани мeҳтоҷ ҳарчанд медонад, ки ҳамли маводи мухаддир тавассути баданаш, ба вижа меъдааш барояш басо хатарнок аст, боз ҳам таваккал мекунад.
Барои таъмини адолати иҷтимоӣ Ҳукумати кишвар ва дигар созмонҳои ҷамъиятиро зарур аст, то барномаҳои ҳавасмандкунии иҷтимоиро барои бонувон тавсия бахшад ва кeмакҳои амалии хешро бештар созад. Мақомоти иҷроияро лозим аст, то таври оҷилонаю билотаъхир тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати бунёди корхонаҳои нав ва бо ҷойи нави корӣ таъмин намудани бонувону духтарони тоҷик биандешад. Барномаҳо бояд кeтоҳмуддат бошанд, то ки натиҷаҳо назаррас ва шаффоф бошанд. Алҳол дар кишвар бонувон аз ҷумлаи қишри аз ҳама осебпазир ба шумор мераванд. Моро лозим аст, ки бонувонро аз ин осебпазирӣ раҳо бахшем. Вақти он расидааст, ки андешаҳо ҷиддитар ва фарогиртар бошанд. Зеро инҷо сухан танҳо дар мавриди нашъаманд ва ё нашъаҷаллоб шудани чанд тан духтару бонуи тоҷик намеравад. Сухан дар бораи таваллудҳои носолим, аз ҳам пошидани оилаҳо, тарбияи насли навини миллат меравад, ки бори оянда ба дeши онҳост. Ба ибораи дигар сухан дар бораи тору пуди миллат, генофонди миллат меравад.
- Сабабҳои ин ҷиноят гуногун буда, омeзишу пажeҳиши дақиқтар мехоҳад,- иброз медорад мудири Бахши кор бо бонувон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуҒд, профессор Раъно Бобочонова. - Зеро дар паси ҳар яке аз ин ҳодисаҳо тақдири инсонҳо ниҳон аст. Вале аслан, ҷиноят ҷиноят асту ҷинс, миллат, мазҳаб надорад. Истифодаи занону духтарон дар интиқоли маводи мухаддир аз нодонию ночории онҳо сар мезанад. Нашъаҷаллобоне, ки ба интиқолу фурeши тоннавии ин мавод машҒуланд, нерeи занону духтарон ва ҳатто кeдаконро моҳирона ва айёрона истифода мебаранд. Вале дар сурати ноомади кор, боз ҳамон бонувону духтарони баргаштабахт ҷазо мебинанд. Хоҷагон, ҳомилони аслии балои аср, дар аксари мавридҳо аз муҷозот эмин мемонанд. Лиҳозо, ҳар вақте ба гардани духтари тоҷик гуноҳе, ҷурме, айберо бор мекунанд, нахуст аз ҳама аз марди тоҷик гила мебояд кард. ӯст, ки иффат, рeйи сурх, нангу номуси модар, хоҳар ва духтари хешро қурбони нафсу ҳирсу васвоси шайтонии хеш карда, онҳоро ҳомили контейнери бало намудааст.
Тилав Расулзода