Дар мо гоҳҳо худи журналистони ҷуръати додани саволҳои «нодуруст»-ро надоранд, гоҳи дигар хотир мебинанду хомӯширо авлотар медонанд.
Зеро агар журналист саволи «ноҷо» дод, мансабдорони мо кӯшиш мекунанд ӯро гунаҳгор созанд.
Мисолҳои зер аз нишастҳои матбуотии ахири мансабдорони тоҷик аст.
Журналист соҳаи маорифро ба сиёсат пайваст?
Вақте Абдуҷаббор Раҳмонов дар мавриди фаъолияти семоҳаи вазорат таърифу тавсиф карда, ҳисобот медод, як журналисти ҷавон дар мавриди он савол дод, ки агар мактабҳои миёнаи мамлакат ин қадар фаъол шудаанд, чаро писари худи вазир дар литсейи туркӣ таҳсил мекунад? Ё сатҳи мактабҳои тоҷикӣ ба литсейҳои туркӣ баробар нест?
Вазири маориф якбора аз ин саволи рӯзноманигор «нороҳат» шуда гуфт, ки интихоби писараш ба муассисаи таълимӣ озод аст.
«Дуюм ин ки муассисаи муштарак аст, дар ихтиёри Вазорати маориф аст. Вай на муассисаи туркӣ аст, на дигар. Роҳбараш аз тарафи Вазорати маориф таъину озод карда шуда, тамоми фаъолияташ аз тарафи Вазорати маориф назорат карда мешавад. Ман ба шумо боз мегӯям, ки сатҳу сифати таълимии муассисаҳо аз литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ камӣ надоранд!»
Дар ҷамъбаст вазири маориф ба таърифи литсейҳову мактабҳои ватанӣ гузашта, таъкид мекард, ки инро ба ягон масъалаи сиёсӣ пайваст накунанд. Ба қавли ӯ, бисёри рӯзноманигорони мо «аз пашша фил» месозанд.
Журналистон саволро «заказной» медиҳанд?
Вақте дар мавриди баъзе ихтисосҳои «серхаридор» ба вазири тандурустӣ савол шуд, Нусратулло Абдуллоев худро идора карда натавониста, ба гунаҳгоркунии журналист гузашт. «Мебахшед мода ай акушер-гинекологда ҳозир табиби ойлавӣ зиёдтар даркор. Ба хотире, ки вай момодоя-мӣ, вай табиби оилавӣ як ҷамоатро назорат карда метавонад. Чор бал зиёд гирифтагиш кадом минтақаеда буданд, хоҳиши худшонқатӣ гирифтанд. Бисёр хоҳиш мекунам ин масъалаҳоро як бор бинед. Мо тамоми шаҳру ноҳияҳода гуфтем, ки бе маблағ кадом мутахассисе намерасад, биёянд вазорат ба гардан мегирад, хононда медиҳем. Шумо меген, ки инхел мекнан. Мебахшед, як хешу тавори мумкин ай шумо бошад, нагузаштай, баъд мо гунаҳгор нестем! Не, не илтимос нест инхел!»
Раиси агентии омор журналистонро беодоб гуфт
Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи омор Бахтия Маҳммадиева бошад, ба «тарбия» - и журналистон гузашт.
Журналисте дар мавриди теъдоди занони маҳкумшуда дар маҳбасхонаҳо суол кард. Суол ба раиса хуш наомаду ӯ ба журналист роҳ нишон дода гуфт:
«Беҳтар мебуд, ки вақти ҳисоботҳои вазоратҳои қудратӣ шумо иштирок карда, аз онҳо маълумот гиред. Оморҳоро мо баъди ҷамъбасти солона сабт менамоем. Ҳоло ҷавоби ин саволҳои шумо дар дасти ман нест. Мо ҳоло cоҳаи иқтисодиётро таҳлил кардем. Ин суолҳоро бисёр хуб мешуд, ки вазоратҳои қудратӣ гуфта диҳанд».
Аммо журналист саволро дубора такрор карду раиса каме аз худ баромад: «Ин оморро дорем, аммо бо худам ҳозир надорам. Ман мехоҳам саволҳо дуруст ва оқилона дода шавад. Аз рӯи одоб дода шавад. Мо наметавонем ба саволи шумо дар бораи маҳкумшудагон ҷавоб гӯем. Метавонед равед, нависед инро».
Дар ҷамъбасти нишаст бошад, раиси Кумитаи омор ба масъули Маркази матбуот ва муошират шикоят бурдааст, ки чаро журналистон ингуна саволҳо медиҳанд. Шояд ӯ мехоҳад тавассути масъулони ин марказ (ба мисли Вазорати корҳои дохила) саволҳои журналистонро ба «танзим» дарорад? Яъне саволҳоро қаблан ба таври хаттӣ ирсол кунанду рӯзи нишасти хабарӣ танҳо ба саволҳои «маъқул» ҷавоб диҳанд?
Сабурии директори Агентӣ
Дар муқоиса ба мансабдорони дар болоовардашуда Фаттоҳ Садов, директори Агентии мубориза бо коррупсия дар муносибат бо журналистон хеле оромтар асту то ҷое ҳатто дӯстдона рафтор мекунад.
Бо вуҷуди он ки журналистон ба ӯ низ саволҳои берун аз фаъолияти расмиаш медоданд, хуб қабул мекард. Аз ҷумла, савол шуд, ки тибқи овозаҳо писари Фаттоҳ Саидов ҷиноят содир кардаву аз болояш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ӯ оромона чунин изҳор дошт: «Ягон падару модар намехоҳад, ки фарзандаш ҷиноят содир кунад. Ҳазор бор шукр, ки то имрӯз писари ман ба ҷиноят кардан қодир несту инро бори аввал аз шумо мефаҳмам»
Ӯ баръакс аз журналистон чун дӯстонаш мепурсид, ки ба чӣ гуна ҷиноят писарашро айбдор кардаанд.
Аз таҷрибаи таҳаммулпазирии хориҷиён
Ин гуна мисолҳо аз нишастҳои матбуотии мансабдорони мо зиёданд. Аз ин саволе пайдо мешавад, ки вақте онҳо дар чунин як ҷойи масъулиятнок худро идора карда наметавонанду аз оддитарин сухани журналист «мекафанд», мисли кишварҳои хориҷ дар миёни халқ тақир шунаванд, чӣ кор мекарда бошанд?
Масалан, дар вохӯриҳои мустақими телевизионии президентҳои дигар кишварҳо мебинем, ки чӣ гуна мардум ошкорро аз камбудӣ мегӯянд, танқид мекунанд, ба ягон эҳсос дода нашуда, то охир ҳарфи онҳоро гӯш мекунанд. Дар ҷумҳурии мо бошад, ҳатто як роҳбари сохтори оддӣ таҳаммули шунидани андешаи дигаронро надорад.
Ба андешаи Сӯҳроб Шарифов, директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ин ҳолатҳо аз бетаҷрибагии бархе мансабдорон рӯй медиҳанд. Шояд чунин бошад?
Саида Қурбонова