Курсҳои «мӯдшуда»-и нолозима
Масъалаи ба курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат «ҷалб» кардани бонувон имрӯз қариб дар ҳама ноҳияҳо гӯё «мӯд» шудааст. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо кӯшиш мекунанд, ки аз курсҳои омӯзишии гузаронидаашон дар байни бонувон зиёдтар гӯянд. Вақте бори аввал дар хусуси ин курсҳо мешунавед, гумон мекунед, ки дар ҳақиқат бонувони аз чунин «курсҳо» гузашта, соҳиби ҷойи кор шудаанд. Аммо чун бо масъала аз наздик шинос мешавед, мефаҳмед, ки ҳамаи ин арқом ҳисоботи холие беш нест. Қариб аксари занҳои чунин курсҳои омӯзиширо гузашта боз ҳам хонанишинанд. Пас чӣ лозиманд ин курсҳои бе мақсад?
Талабот ба ихтисосҳои замонавӣ нест?
Хостам аз шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия бифаҳмам, ки дар давоми соли 2009 ва 2010 чанд курси кӯтоҳмуддат ва дар кадом соҳаҳо гузаронида шудааст. Сармутахассиси идораи мазкур, Абдуқаҳҳор Раҳимов посух дод, ки дар давоми ин ду сол курсҳои омӯзишии занбӯриасалпарварӣ, дӯзандагӣ зардӯзӣ ва боғдорӣ гузаронида шудааст. Бо шунидани ин посух суоли дигаре пайдо шуд. Барои чӣ дар замони техникаву технология ягон курси омӯзиши соҳаҳои ҷадид, аз ҷумла компутар дар байни бонувони ноҳия ба роҳ монда нашудааст? Дар ҷавоб чунин гуфтанд: «Шояд ба чунин омӯзиш зарурате набуд, ки аз ҷониби Ҳукумати ноҳия, ё ташкилоту муассисаҳо ягон пешниҳоде ба ин маънӣ нашудааст». Суоли «оё нафарони курсҳои омӯзиширо газашта бо кор таъмин шудаанд?» бе ҷавоб монд.
40 нафар омӯхтаанду…
Мувофиқи омори пешниҳоднамудаи шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар соли 2010 487 бекор расман ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 187 нафарашонро занҳо ташкил медодаанд Аз ин шумор барои 16 нафар кӯмакпулии шашмоҳа ҷудо шудааст, ки танҳо як зан ба гирифтани чунин кӯмакпулӣ «мушарраф» гардидааст.
Аз рӯи иттилоъ ва мушоҳидаҳои шахсии мо дар Ховалинг танҳо ду бону, ки ба ҳайси котиба ва ё коргузор фаъолият мекунанд, бо роёна (компутар) таъминанд. Ин навбат боз бо суоли «барои чӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши компутар дар байни бонувони ноҳия гузаронида намешавад?» ба муовини раиси Ҳукумати ноҳия, Наргис Ҳикматова муроҷиат кардем. «Мо бо кӯмаки ташкилотҳои ғайридавлатӣ ду курси кӯтоҳмуддати омӯзиши компутариро барои 40 нафар зан дар ноҳия гузаронидаем», - гуфт номбурда. «Аз ин шумор чанд нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд?», боз мепурсем мо. Посух чунин садо дод: «Як нафар ба ҳайси котиба– коргузор, як нафари дигар дар қабулгоҳи раиси Ҳукумати ноҳия ба кор ҷалб шуданд». Посухи аҷибу хандаовар. 40 нафар омӯхтаанду ду нафар кор ёфтаанд.
Кай занҳо дар Ховалинг фаъол мешуда бошанд?
Аз рӯи гуфти Шарифхон Мирзоев, мудири хонаи методии шӯъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг дар 27 мактаби таҳсилоти умумии дар ноҳия мавҷуд буда 27 нафар омӯзгорон аз фанни технологияи компутарӣ дарс мегуфтаанд. Дар байни ин теъдод ҳам шумори занҳо нигаронкунанда аст, танҳо ду нафар.
Ана ҳамин мушкилотро худи Роҳбари давлат ҳам эҳсос карда, ки дар Паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд, ки бояд сафи роҳбарон аз ҳисоби занон зиёд карда шаваду кадрҳои ҷавон дар ин самт тарбият ёбанд.
Дар замоне, ки зани муосир кайҳонавард асту ихтироъкор, донишманд асту соҳибҳуқуқ, зани ховалингӣ боз пайи ҳамон касби бобоиаш, яъне деҳқонист. Магар имрӯз вақти он нарасидааст, ки ба ҷои пешниҳоди ҳисоботҳои нодурусту бардурӯғ шароит фароҳам оварем, то занон воқеан пайи омӯзиш шудаву соҳиби донишҳои замонавӣ гарданд? Биёед фикр кунем! Чӣ гуфтед?
Билоли Шамс