Дар ноҳияи Ҳамадонӣ солҳои зиёд Бахтинисо Кабирова вазифаи мудири шӯъбаи занҳои назди ҳукумати ноҳияи Хамадониро иҷро мекард. Вале мегӯянд бо сабаби ба раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия Иброҳим Тағай «маъқул наомадани ситорааш», аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Муддати тӯлонӣ барои ишғоли ин вазифа нафари арзанда ҷуста, ниҳоят ҷавони нав донишгоҳ хатмкарда - Гулнора Исмоиловаро таъйин карданд. Вай бошад, чанд моҳ кор карду аз ин вазифа рафт. Боз ҳам вазифаи мазкур чанд моҳе «бесоҳиб» монд. Аз моҳи сентябр ин ҷониб вазифаи мазкурро Фотима Маҷидова бар ӯҳда дорад. Муовини раиси ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ Санифамоҳ Аламуродова мегӯяд, ки мушкилоти кадрӣ доранд. «Агар зани соҳибмаълумот ва лаёқатмандеро ҳам биёбем бо сабаби камии моҳона дар ин вазифа кор карданро ба ӯҳда намегирад», - мегӯяд ӯ.
Дар ноҳияи Ховалинг бо Наргис Ҳикматова – муовини раиси ҳукумати ноҳия оиди ҳамин масъала сӯҳбат доштам. Дар ин ноҳия низ баъди аз кор рафтани Мавлуда Назарова касе ба ин вазифа пешбарӣ нашудааст. Дар шарҳи ин мушкил Наргис Ҳикматова чунин ибрози андеша кард:
« Мо бо захираи кадрӣ таъминем, лекин аксари онҳо баъди таъин шудан ба ин вазифа ба рухсатии давраи таваллуд мераванд. Барои ҳамин мушкилӣ эҷод мешавад».
Дар даврони Шӯравӣ барои расидан ба вазифаи раисии занҳо дар колхозҳову ноҳияҳо миёни занҳо муборизаи шадид сурат мегирифт. Зеро ин мансаб мактаби таҷриба ва зинае буд, барои ба вазифаи аз ин баландтар расидан. Баъди ду се сол кор кардан дар ин вазифа ҳатман ба вазифаи роҳбари хоҷагӣ, колхоз, роҳбари корхона, муовини раиси комиҷроия ва ё муовини котиби аввали ҳизби коммунистро ба ӯҳда мегирифтанд. Имрӯз бошад, моҳонаи он хеле кам аст. Ҳамчунин, солҳои охир кам нафарон аз ин вазифа ба курсиҳои баланд рафтаанд. Ҳарчанд, ки Роҳбари давлат муҳимияти ин масъаларо дар ҳар як баромади худ таъкид мекунад, он аз ҷониби масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ сари вақт амалӣ намешавад. Дар 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ба ман гуфтанд, ки дар тӯли панҷ соли охир ягон нафар раиси кумитаи занҳои ноҳия ба вазифаи роҳбарии корхона, муассиса ва ё зинаи дигари боло ба кор нарафтааст. Истисно Қурбонгул Пирхонова аз ноҳияи Данғара аст, ки чанд сол пеш ба вазифаи раиси кумитаи занҳои вилоят гузашт. Магар ин гуфтаҳо исботи мушкилоти ба вуҷуд омада дар масъалаи мазкур нест? Ҳатто кор ба дараҷае расида, ки баъзе бонувон дар ҳамин вазифа солҳои тӯлонӣ фаъолият намуда, ба нафақа мебароянд. Суоли матраҳ ин аст, ки агар мехоҳем бонувони соҳибистеъдод ва ҳирфавии хешро дилсард насозему аз нерӯ ва маҳорати онҳо барои пешрафти ҷомеа истифода намоем, боястӣ муносибат ва коргузориро ба таври созанда ва ҷавобгӯи замон ба роҳ монем. Агар не, супоришҳои роҳбари давлат кам натиҷае ба бор меоранд.
Билоли Шамс