(идома аз шумораи гузашта)
Миёни ду низом: куҷост роҳи дуруст?
Зани тоҷик аксаран сари дуроҳае меистад, ки интихоби роҳи дилхоҳ барояш сахт мушкил аст. Масалан, дар кишвари дунявӣ зиндагӣ мекунаду ҳамчун мусулмон бояд аз фармудаҳои ислом берун қадам наниҳад. Агар пӯшиши исломӣ бихоҳад, шариатро риоят созаду сатр пӯшад ва 5-вақт намозашро қазо накунад, пас имкони кор дар сохторҳои давлатӣ ва фаъол будан дар ҷомеаро аз даст медиҳад. Агар чун як шаҳрванди кишвари ҳуқуқбунёд, талаби ҳақуқҳои қонунии хеш намояд, пас зиндагияш на танҳо дар оила ҳатто дар ҷомеа низ душвор мешавад. Агар суннату урфу одат риоя кунад, бояд ҳамеша хомӯш, сархам, хонагӣ ва фармонраво бошад, зеро «биҳишт»-и занро аксарият «шавҳар» мехонанду, шавҳарон зани фармонраворо дӯст медоранд. Аз болои шӯ ба додгоҳ шикоят бурдан айб асту бе иҷозати шавҳар аз хона берун по мондан тариқи фатвои муллоҳо аслан мумкин нест. Ва занеро, ки бидуни хости шавҳар коре мекунад, ҷомеа низ он қадар хуш қабул надорад. Пас дар ҳоле, ки чандин созмонҳои ҷамъиятии кишвари мо тӯли даҳсолаҳои охир даҳҳо грантҳои хориҷиро барои «лоббиравать» кардани қонунҳо дар бораи баробарҳуқуқии зану мард ва алайҳи хушунати хонаводагӣ «хӯрдаанд»-у боз умеди гирифтан доранд, чаро намегӯянд, ки мо аз қабули чунин асноди ҳимояи ҳуқуқ, бо чунин имкониятҳои иҷтимоӣ, ба чӣ умед мебандем?
Тавре дар моҳи гузашта аз мӯҳтавои мизи гирди минтақавии баргузорнамудаи созмонҳои байналмилалӣ маълум гашт, дар кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ҳам пас аз қабули Қонун дар бораи манъи хушунати хонаводагӣ касе намедонад, ки зулми хонаводагӣ камтар шуд, ё афзудааст. Бо ин гуфта, шахсан худи ман бар андешаи он нестам, ки чунин қонунҳо даркор нестанд, баръакс қабули онҳо хеле зарур аст. Вале таҷриба собит мекунад, ки амалӣ гаштани қонунҳо, яъне риоя шуданашон мушкилтар аз таҳия ва қабулашон мебошад. Оё ҷомеаи мо аз лиҳози тафаккур омода аст, ки чунин қонунҳо дошта бошем?
Шояд касе бигӯяд, ки ба умеди қабули ҷомеа шавем, садсолаҳо қафо мемонем? Дуруст аст. Вале, агар дар мағзи марди тоҷик 70-80 сол боз ду сохти давлатдорӣ баробарҳуқуқии зану мардро ҷо накардааст, пас оё қабули боз як қонуни навбатӣ метавонад, инқилобе дар шуури шавҳар биёрад, ки ҳамсарро лату кӯб кардан, поймол намудани ҳуқуқи зан аст ва ё риоя накардани ҳақу хоҳишҳояш ва дар зери фишори рӯҳи қарор доданаш аз ҷониби ту, ҳуқуқвайронкунист? Оё ҳамин мардҳои мо, ки ҳатто дипломдоронашон ҳам занро «моли худ» меҳисобанд, метавонанд, бо қабули як қонуни дигар хизматгори хонаашонро (фаррошу, ошпазу, дояву, деҳқони боғу роғу, қаровули хонаву, тарбиятгари фарзандҳову масъули келину ҷавобгари ҳамаи камбудиҳои рӯзгор) озод намоянду бигӯянд, ки ту соҳиби ҳуқуқӣ? Шубҳа дорам ва сад дар сад мутмаинам, ки дуруст шубҳа дорам. Ва ё агар сари мастӣ хона биёянду чизе маъқулашон нашавад, агар дар ҷойи кор таъбашон хира шавад, агар корашон омад накунад, агар модар ё хоҳараш аз занаш пешаш шикоят кунад, агар маъшуқа аз ҳамсар ҷавонтар бошаду хушрӯтар, агар занҳои дуюму сеюм аз ҳасад нисбати зани якум бадгӯйӣ кунанд, чӣ тавр ӯро назананд? Чӣ тавр бо ҳамин қадар «сабабҳо» ва боз даҳҳо «гуноҳҳо» - е, ки масалан «хона ифлос», «хӯрок бемазза аст», «бо зани ҳамсоя лақ-лақкунӣ рафтӣ», (мардҳо сӯҳбат доранд ин занҳоянд, ки лақ-лақ мекунанд) «ба хонаи модарат бе пурсиш меравӣ», «фарзандат беодобӣ кард», «духтарат аз беаҳамиятии ту ҷавонеро нағз дид», «пулро зиёд сарф кардӣ» ва миллион-миллион айбҳои дигар, оё метавон занро лату кӯб накарда, ё қину азобу ҳатто фишори рӯҳӣ надод? Не, пас ин гуна шавҳарро атрофиён «мард» намешуморанд. Ва ягон шавҳар ин қадар осон (бо рӯи кор омадани кадом як қонун) ин қадар «ҳуқуқ»-ҳои мардияшро аз даст додан намехоҳад. Дар акси ҳол метарсанд, ки зан умуман аз зери итоаташон мебарояд. Бале «зери итоат». Ин андеша қабул шудааст, ки зан бояд зери итоати шавҳар бошад. Ҷомеаи мардсолори мо (ва дигарон ҳам) ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин мавқеи барояш хеле «қулай» ҳеҷ гоҳ даст намекашад, хоса барои риояи ҳуқуқҳои зан, яъне ҳамсар.
Пас оё беҳтар нест, ки аз ҳамин мизи гирдҳои фаъолзаноне, ки роҳандозонашон 90% онҳоеанд, ки шукр худ зиндагии озоду бехушунат доранд, комилҳуқуқанду аз лиҳози иқтисодӣ дастнигари касе нестанд ва намедонанд, ки зани бесаводу мӯҳтоҷи шавҳарро аз лату кӯб ва азобу фишорҳои оилавӣ озод кардан осон аст, вале ӯро аз сарчашмаи зиндагӣ, аз хона (сарпаноҳ) аз ба қавли худатон «кормилец » бенасиб мекунед, баъд чӣ? Ӯ чи кор мекунад? Ҳа, баъзеҳотон ният доред, ки баъдан грант гирифта паноҳгоҳҳо созмон бидиҳед ва занҳоеро, ки баъди лату кӯби шавҳар аз ҳуқуқҳои хеш ҳимоя карданӣ мешаванд, муваққатан дар онҳо ҷо бидиҳед, Баъд чӣ? То кай?
Аксаран бар ин назаранд, ки зани ба «убежище»-и СГХ-ҳо рафтаро шубҳа аст, ки шавҳар баъдан ба хона роҳ диҳад ва ё хонуме, ки бо маслиҳати хориҷиён шӯяшро ба маҳкама кашидааст, хешу табор, ҳақу ҳамсояҳо ё фарзандон бибахшанд. Дуруст? Бале.
Пас, ягона роҳи аз зулму хушунати шавҳар халос шудан аз ӯ ба таври қонунӣ ҷудо шудан аст. Вале ҳамин ҷомеа аз поён то боло ба зани талоқшуда чӣ тавр нигоҳ мекунад? Медонед? Медонед! Чун ба шахси гунаҳгор, саркаш, берӯ ё ягон айбдошта. Бубинед, ҳатто ҳангоми ба вазифае пешбарӣ шудани занон онҳоро аз чандин қабати «элак» мегузаронанд ва яке аз ин муҳимиятҳо - онҳо бояд «оилаи солим» дошта бошанд. Ва касе таваҷҷӯҳ намекунад, ки дар ин оилаи «солим» зан чи ҳоле дорад. Зиёданд, занҳое (ва зиёд буданд онҳое, ки имрӯзҳо дар нафақаанд,) ба хотири мансаб ё обрӯи ҷамъиятӣ тамоми умр сахттарин хушунати хонаводагиро таҳаммул кардаанду мекунанд, вале талоқ намегиранд, то ки таънаашон накунанд, ки (ё аз вазифа сабукдӯшашон насозанд) «оилаи солим» надоранд. Вале аксари мардҳои дузанаву сезана мансабдориву (онҳоро маъмулан госмужя меноманд ) ҳукмфармоӣ доранду соҳиби обрӯву иззатанд ва оилаҳошон ҳам «солим»-анд, касе намепурсад, ки кадом «оила»-ҳошон «солим» -анд?
Воқеъияти зиндагии зан дигар аст
Баъд аз як даҳсола як аср сипарӣ мешавад, аз он даме, ки ба гӯши зани тоҷик перомуни озодиҳо ва ҳақу ҳуқуқҳояш вазъ хондаанд. Ва чун нек нигарӣ, тӯли ин 90 сол назария дигар буду амалия дигар. Чандин нафароне, ки ба пайки озодӣ дарзамон бовар карданд, ҳамон замон қурбон гаштанд. Нафарони зиёде тӯли 70 соли шӯравӣ занони озод гуфта, ҳамон ба истилоҳ «фаъолзанон»-еро дар назар доштанд, ки сари мансабу мақоме буданд. Дар ин 20- соли баъдӣ низ тақрибан қабул ҳамин буду ҳаст. Ҳатто як дараҷа солҳои охир ба истилоҳи В.И. Ленин «Як қадам ба пешу ду қадам ба қафо» ҳам гаштем. Зеро таи чанд соли охир муллоҳо як зумра духтарону занонро боз зери чодар бурдаву сабақомӯзи бибиотунҳо гардониданду ҳама уболу гуноҳҳои «доштаашонро» тариқи дискҳои амри маъруф ёдрасашон ҳам карданд. Дар ҳоле, ки ҳамон мардони «шавқманди» сатрпӯшии занон худ ба миқёси байналмилалӣ баромадаву ҳизббозиҳо карда , гӯё хеле аз пешрафтаҳову замонавианд. Дар ин миён чандин фаъолзанҳои чодарпӯшро ҳам ба намунаи ибрат, ки гӯё агар низоми исломӣ ҷорӣ кунем, шуморо чунин озодиҳо мебахшем, ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ҳам кашиданд, то бовари бештари бонувонро ба даст биёранд.
Вале хушунат, хоса зулмӣ хонаводагӣ ҳамчунон бетағйир аст. Дирӯз шунидам, ки духтараки 18-солае, ки зиёда аз 10 сол зери мушту лағат ва анбуртобкуниҳои модарандар мезист, фавтидааст, зеро зарбаҳои ин зани девсиришт бачадонашро маъюб карда будаанд. Вале ҳама ба лаб кулӯх, ҳазорҳо худкушиҳои ҷабри хонаводагиро ба «ҷурм»-и набудаи девонагӣ ва айбдории мурдаҳо пӯшонидаему мепӯшонем.
Парлумони тоҷик хушунатро қонуншиканӣ намеҳисобад?
Чаро ду даъвати гузашта лоиҳаи пешниҳодшудаи қонунро оиди манъ ё пешгирии ё мубориза бо хушунат Парлумон қабул накард? Магар вакилон мавҷудияти хушунатро дар оилаи тоҷик эътироф намекарданд, ё қабули ин гуна қонунро пайравӣ ба ғарбиён меҳисобанд? Пас, аксари қонунҳои заруру нозарури дигар кишварҳоро рӯбардору қабул кардан тӯли ду даъвати дигар айб набуду танҳо ҳамин қонун онҳоро «ҳушёр» кард? Ва ё вакилон ҳам бар он назаранд, ки ин қонун занҳоро эрка мекунаду писандашон намекунанд?
Онҳое, ки зани гирифтори хушунатро ба хотири пойдории оила ва ятим нашудани фарзандон ба бозгашт ба назди шавҳар талқин мекунад, гӯё кори хайре мекунанд. Вале ҳимояи манфиати бо падару модар якҷоя тарбия шудани фарзанд, дар қиболи умри барбодрафтаву пурҷабру ҷафои зан дуруст аст? Оё модаре, ки аз зарбу лати мудаввоми шавҳар ба бемориҳои гуногун аз ҷумла ҷунбидани мағзи сар (сотрясение мозга) ва сардардҳои доимиву вайронии асаб гирифтор аст, фардо ҳангоми пиронсолӣ шуми ҳамин писару келин ё домоду духтаре намегардад, ки ба хотирашон умри пурҷафо ба сар бурдааст? Ва ё каманд он мардҳое, ки ҳамсарони хешро бо задан маъюбу касалӣ кардаанду бо забони дароз онҳоро таънасор кардаву ба болояшон зани ҷавону солим гирифтаанд? Кӣ ба доди чунин занҳо расидааст? Кӣ ақаллан дарду машкили онҳоро эътироф кардаву эшонро ҷабрдида ҳисоб кардааст? Боз ҳамон фарзандон ба «хотири падар» ва ё панду насиҳати пирон ба хонаи падару зани нави ҷавонаш рафту омад ҳам мекунанд. Ва занҳои «пиру касалӣ» арӯсони ҷавону тифлони навзоди онҳоро меҳмондорӣ ҳам кардаанд. Вале бо дили хунчакону сари кафидаи зери тоқӣ, ҳамчун гунаҳгор. Танҳо ба хотире, ки дар пиронсолӣ талоқашон накунанд. Пас зулми хонаводагӣ ҳаст ва будани онро касе инкор карда наметавонад.
Хушунат ё зулми хонаводагӣ аз сари зан танҳо дар сурате бардошта мешавад, ки худи ӯ аз лиҳози иқтисодӣ дастнигари мард набошад. Яъне зиндагии хонаводагии ӯ ба хотири муҳаббат, хушии аҳли хонаву фарзандон ва нагусастани пайванди никоҳи воқеӣ бошад. Аммо барои ин иқтисоди пешрафта мебояд, ки мо онро надорем. Пас метавон гуфт, ки зани имрӯз бояд ба ҳама золимии шавҳар ё хонаводаи ӯро ба хотире бояд таҳаммул кунад, ки аз гурӯснагӣ намурад ё дар кӯча намонад? Албатта не, барои шахси солимақл зиндагии пур аз ҷафо бадтар аз гурӯснагӣ ва марг аст.
Фарз кардем, ки зан барои ҳимояи ҳуқуқаш (баъди қабули қонун дар бораи манъи хушунат) бархосту шахси золим яъне шавҳарро ҷазои ҳуқуқӣ дод, фарзи мисол ба маҳбас кашид. Пас бояд баъдан ба куҷо равад? Ҷойи кор нест, нархи хона дар осмон, волидон ӯро пас гардониданӣ нестанд, агар фарзанд дошта бошад, дигар дар хонаи касе роҳ намеёбад.
Баъд бояд ӯ аз ҷониби давлат ҳимоя шавад. Ҳимояи иҷтимоӣ дошта бошад. Вале ку? Мо чунин шароити буҷавӣ дорем? Охир нек назар кунем ин зан аз зулми хонаводагӣ халос шуда ба хушунати иқтисодӣ- иҷтимоӣ гирифтор мешавад-ку? Таънааш мекунанд, ки: «одам мебуд, шӯяшро турма намекард». Яъне шавҳар ӯро зада-зада маъюб кунаду вай бояд, сирри хонаро набарорад. Айбаш мекунанд, дигар касе дар ҷомеа ӯро бо чашми нек наменигарад. Пас зан бояд кадоме аз ин хушунатҳоро интихоб кунад? Бо тану рӯҳи афгору дардманд, зери сарпаноҳе бе ҳуқуқу дастнигар, вале серу пӯшидаву назди фарзандон ва дар ҷомеа обрӯдору шӯдор ё бехонаву, бе ҷойи кору, таънасору шармсор? Кадом?
То имрӯз зани тоҷик дуввумиро бештар пазируфтааст. Ин аст, ки тӯли 70 соли шӯравӣ ва 20 соли истиқлолият ҳанӯз маҳдуд ва ҳатто поймол кардани ҳуқуқи зан аз ҷониби шавҳар, лату кӯб ва ё фишори рӯҳӣ аз тарафи ҳамсар ё хешонаш барои оилаҳои суннатӣ як кори муқаррарист. Ва аз болои он шикоят бурдан худ «гунаҳгори»-ст.
Дар ҳоле, ки аксари ҳуқуқҳои шаҳрвандон бо баҳонаҳои гуногун риоя намешаванду «зӯр»-қонунҳо ба зӯртарҳои қонуншикан намерасад, кӣ кафолат медиҳад, ки агар боз як қонуни дигар қабул кунем, онро риоя карда, лату кӯб ё зулму фишори занро аз ҷониби шавҳар тавассути он манъ мекунему занро назан мегӯем. Шумо бар ин боваред?
PS: Дар мисоли IWPR аз дастандаркорони дигар масъалаҳои хеле муҳими мубориза алайҳи хушунати хонаводагӣ ( на танҳо зан дар назар аст, балки аҳли оила-мард, кӯдакон, пиронсолон) ва лоббикунандагони қонунҳо, хоҳиш карда мешавад, ки дар якҷоягӣ бо вакилони Парлумон нахуст механизми татбиқи ин қонунро кор кунанд. Баъдан, барои амалӣ гаштани он аз буҷаи давлат маблағ талаб кунанд. Зеро маъмулан барои он ки лоиҳаҳои пешниҳодкарда тезтар гузаранд, муаллифон ҷумлаи : «Амалӣ шудани қонун аз буҷа маблағ талаб намекунад»-ро чун сипар истифода месозанд, гӯё ба амалӣ гаштанаш кор надоранд, муҳим шумораи қонунҳои қабулкардаашон зиёд бошад.
Ва тавре ки худатон медонед, бештар ба афкори омма кор кардан даркор. Маблағҳоро дареғ надоред, аз «компания»-ҳои даврагӣ даст кашида, баҳри он бикӯшед, ки дар афкори мардум андешаи «шахси баробарҳуқуқ будани ҷинси зан» эътироф ва риоя гардад. Дуруст ҳам эътироф месозед, ки ВАО дар ин ҳол дастёри хубу беҳтарин аст. Вале баъдан барои маърӯзаҳову таҳлилгарии нақши матбуот «дар мубориза алайҳи матбуот» маблағҳоро каме «бегона» карда, шахсони бовиҷдонтареро интихоб намоед, ки ба ҷуз таърифи худ, воқеияти инъикоси ин мавзӯъро дар матбуот кушода тавонанд. Ақаллан нафаре бошад, матбуоти давриро моҳе як бор бихонад, на аз даҳсолаҳои пешин ҳадс бизанад. Дар акси ҳол боз солиёни зиёде ҷамъ омадану нишастану гуфтану (хоса ба забони русӣ, умуман кай ақаллан бо занҳои хушунатдидаи тоҷик бо забони худашон гап заданро ёд мегиред? ) бархостанҳо, бесамар идома хоҳанд ёфт. Ё шояд мақсад ҳам ҳамин аст?
Ҳуриннисо Ализода