Сабаби дигарро ҷонишини директори фурӯдгоҳи байналмилалии Кӯлоб Қ.Сафаров дар он мебинад, ки мусофир эътимод ва боварӣ надорад, ки арзу шикояти дар китоб навиштааш сари вақт ислоҳ мешавад.
Дар ХДНФФ - и дар митақаи Кӯлоб буда низ китоби арзу шикоятро суроғ кардем. Китобро оварданд. Соли 2009 дар он як қайд, дар соли 2010 ягон қайд набуда, дар соли 2011 ҳамагӣ ду арзи шаҳрвандон навишта шудаасту халос. Ҷонишини раиси намояндагии ХДНФФ дар минтақаи Кӯлоб Нуриддин Валиев мегӯяд, ки ӯ бештари ҳолатҳо берун аз корхона кору фаъолият дораду ба китоби арзу шикоятҳо бошад, танҳо раис ва сармуҳосиб сару кор доранд.
Дар Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб низ аз будан ва набудани китоби арзу шикоятҳо пурсон шудем. Вале онро наёфтем, гӯё китоб вуҷуд дошта, дар утоқи кории сардори истгоҳи роҳи оҳан аст…
Ҳамчунин дар меҳмонхонаи «Кӯлоб» низ китоби арзу шикоятро наёфтем. Ҳатто як нафар масъул ва навбатдори меҳмонхона дар посух ба пурсиши банда гуфт, ки китоби арзу шикоят баробари пошхӯрии Ҳукумати Шӯравӣ аз байн рафт.
Ягона ҷое, ки китоби арзу шикоят вуҷуд дошт, ин ширкати Вавилон дар минтақаи Кӯлоб буд. Дар ҳақиқат китоби мазкур дар ҷойи чашмрас овезон буд. Китобро варақгардон кардам. Дар се- чор саҳифаи он арзи муштариҳои ширкат қайд гардида буд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки арзу шикоят ва пешниҳодҳои мардум аз ҷониби масъулини ширкат ба инобат гирифта шудааст. Аз ин бармеояд, ки будани чунин як китоб дар дилхоҳ муассиса ва корхона, хоҳ он хусусӣ бошаду хоҳ давлатӣ, ҳатмист. Паҳлӯи дигари мушкилӣ дар он аст, ки мардум ҳавсалаи навиштани пешниҳод ва ё арзу шикоятро надорад. Шаҳло ном корманди ширкати Вавилон гуфт, ки дар ин маврид бо муштариҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдем.
Дар филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и ноҳияи Данғара низ дар даромадгоҳ, дар ҷои намоён, дар паҳлӯи посбони навбатдор китоби арзу шикоят ва пешниҳод овезон буд. Вале дохили он ягон ҳарфе навишта нашуда буд.
Дар меҳмонхонаи калонтарини минтақаи Кӯлоб «Хатлон» доштани чунин як китобро пурсон шудам. 4 маротиба ба он ҷо рафта, роҳбари меҳмонхонаро наёфтаму бо ҷонишин ва дигар кормандони он вохӯрдам. Маълум, ки чунин китоб нест ва дар андешаи ташкили он ҳам нестанд. Бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб низ чунин як китоби арзу пешниҳодро надошт.
Магар дар шароити имрӯза бояд ба мардум чунин хизматрасонӣ анҷом гирад?
Билоли Шамс